Лухтакчаи зебои ман

Лӯхтакро кӣ чӣ гуна месозад? Ин суоле буд, ки муаллима Фирӯза Аҳророва ба ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” дар миён гузошт. Ва аз ҳар кадом посух гирифт.

Баъдан ӯ тарзи омода сохтани мошинчаву лўхтакро ба хонандагон нишон дод ва гуфт, ки барои сохтани онҳо аз кадом лавозимоти инҷо буда бояд истифода кард.

Лӯхтакбозӣ хоси атфоли ҳамин синну сол аст, вале кам касон моиланд худашон барои худ лӯхтак созанд. Маъмулан падару модарон барояшон аз мағозаҳо мехаранд ва шояд иддае дар ҳамин тасаввур бошанд, ки онҳо худ наметавонанд лӯхтак бисозанд ва мошинча созанд.

Ҳадафи дар миён гузоштани ин мавзӯъ низ ҳамин буд. Яъне, ба хонандагон гуфтани он ки лӯхтакро ҳам инсонҳо месозанд ва агар худи онҳо каме заҳмат кашанд, барои худ ва дӯстону дугонаҳои худ метавонанд беҳтарин лӯхтакҳо ва бозичаҳои дигарро бисозанд.

Тибқи анъана дар қисмати дуюми маҳфил ба ширкаткунандагон супориш шуд, ки бо истифода аз маводҳои конселярии наздашон буда барои худ лӯхтакҳо бисозанд

Хонандагон бо як шавки зиёд ба тарзи тайёр кардани ин гуна бозичахо ба муалима гуш дода, иҷро намуданд. Яке аз дигаре беҳтару хубтар месохт. Майлу рағбати зиёд нишон доданд ва тибқи тасаввури худ ҳар гуна бозичаҳо сохтанд.

Маҳфили “Дастони моҳир” дар назди Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ амал мекунад ва моҳе як маротиба хонандагони хурдсол ва ҳунарманд гирди ҳам меоянд ва дар ин ё он мавзӯъ эҷодкорӣ мекунанд.