Чанд Эпоси қаҳармонии олам. Бахши дуюм. «Олонҳо»
«Олонҳо» эпоси қадимии ёқутҳо буда, дар бораи корнамоиҳои паҳлавонон, муборизаҳои онҳо алайҳи паҳлавонону махлуқоти бадҳайбат қисса мекунад. Этимологияи калимаи олонҳо маълум набуда, онро бо калимаи суруд ҳаммаъно донистаанд. Ин эпос аз миқдори зиёди сурудҳо ё асарҳо иборат буда, хонандаи онро олонхосутҳо ном мебаранд. Муайян намудани миқдори умумии чунин асарҳо, номбар намудани унвони онҳоро аз имкон берун донистаанд. Чунончи 125 сабти дар архиви Ёқутистон буда ва 16 матни комилу пораҳои алоҳидаи боқимондаро танҳо як қисми олонҳо шумурдаанд.
«Олонҳо» ба ҳаёту рўзгори ёқутҳо тавъам буда, дар ҳар деҳа ё маҳал даҳҳо гўяндагони ин мероси халқӣ вуҷуд доштанд. Солҳои 1941-1946 дар 13 маҳалла ёқутҳо 83 гўяндаи олонҳоро ба қайд гирифтаанд, ки машҳуртарини онҳо Т.З. Захаров, Чээбий, Н.А.Абрамов-Кинат ва Д.М.Говоров мебошанд.
Ҳаҷм ё миқдори мисраъҳои «Олонҳо» гуногун буда, дар вариантҳо ҳар хел ишора шудаанд. Дар яке аз нусхаҳои нисбатан комили он «Эрбэхтэй Берген», ки аз ҷониби Д.М.Говоров сабт шудааст, 20 ҳазор мисраи шеърӣ ишора гардидааст. Бо назардошти ҳамаи нусхаҳои сабткардаи, муҳаққиқон хулоса баровардаанд, ки то ба ҳол шакли пурраи «Олонҳо» сабт карда нашудааст.
Дар «Олонҳо» пайванди силсилавӣ ба назар намерасад ва мустақиман бо номи қаҳрамонҳо ёд карда мешавад. Аз ҷумла, қаҳрамонони бо номи Эр-Соготҳо ёдшаванда дар аввал танҳоянд ё қисми зиёди Нюргунҳо дар бачагӣ аз осмон мефароянд ва Мюлдҳо дар бачагӣ ҳама зиштрў ва маъюбанд, аммо дар равиши мазмун омехта мегарданд. Бинобар ин барои «Олонҳо» хусусияти хаёлӣ ва мифологӣ характернок буда, омезиши образҳои мифологӣ бо воқеият эпосро ба зиндагии муқаррарии инсоният наздик сохтааст. Дар иртибот бо ин бояд зикр намуд, ки асарҳои алоҳидаи Олонҳо сужети доимӣ надоранд. Сужетҳо озодона аз як асар ба дигар мегузаранд ва хоси алоҳидаи ин ё он асар низ ҳисоб намеёбанд. Аммо анъанаи муайяни гуфтор, тасвир ва тавсири ҷузъҳои ҷудогонаи мазмун ва образҳо дар фаъолияти ҳамаи олонхосутҳо мушоҳида мешаванд.
«Олонҳо» дар замони гузашта вазифаи адабиёти хаттиро то андозае иҷро намудааст. Гўяндагон он миёни халқ эътибор дошта, дар ҷашну маъракаҳо хондани «Олонҳо» ба ҳукми анъана даромадааст. Хонандагони «Олонҳо»-ро аз бачагӣ (аз 5-7 солагӣ) тайёр менамуданд, ки дар байни онҳо духтарон ё занҳо низ буданд.
Сабти аввалини порчаҳои «Олонҳо» ба асрҳои XIII-XIV муталлиқ буда, дар он орзуву омоли ҳамешагии халқ, яъне расидан ба рўзи нек ва халосӣ аз қувваҳои бад инъикос ёфтааст.
Эпоси «Довуди Сосунӣ»
«Довуди Сосунӣ» эпоси қаҳрамонии халқи арман буда, ба ҷараёни инкишофи адабиёт ва таърихи ин халқ таъсир расонидааст. Ин эпос аз чаҳор рукн ё қисм иборат буда, рукни сеюм онро асосӣ донистаанд.
Рукнҳо ба таври зайл номгузорӣ шудаанд: «Санасар ва Богдасар», «Мгери калонӣ», «Довуди Сосунӣ», «Мреги хурдӣ».
Маълум, ки ҳар асар-достон, эпос таърихи пайдоиш ва омилҳои густариш дорад. Сабаби пайдоиши эпоси «Довуди Сосунӣ» шўриши соли 851-и деҳқонони арманӣ зидди андозҷамъкунандагон Хилофати Араб дар яке аз ноҳияҳои Арманистони ғарбӣ, Сосуни кўҳӣ мебошад. Эпос дар муддати асрҳо аз насл ба насл, аз гўянда ба гўянда гузашта, бо гуишҳои гуногуни арманӣ сабт гардида, дар худ қиссаву ривоят ва далелҳои зиёди таърихиро ҳамчун зиндагиномаи халқи арман паси сар намудаанд, инъикос менамояд, аз қабили лашкаркашиҳо, ҳуҷуми бегонагон ба хоки арман, муборизаи халқ, урфу одат ва ғайра.
Эпос бори аввал соли 1874 аз ҷониби фолклоршинос Г.Сервандзтян навишта шудааст. Эпос ҳеҷ гоҳ солномаи ин ё он воқеаи мушаххас набуда, ғояи асосии он- мубориза барои озодии Вата наст.
Эпоси «Довуди Сосунӣ» дар муддати асрҳо бо истифода аз дурдонаҳои адабиёти шифоҳӣ бой ва суфта гардида, ба як ёдгории пурқимати умумихалқӣ табдил ёфт.
Қаҳрамони эпос пешбарандагони идеали халқ-накўкорӣ, ҳақпарастӣ, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва меҳанпарастӣ мебошанд.
Оҳангнокӣ, соддабаёнӣ, шаҳомати образҳо, амиқияти ғоявӣ. Фалсафа ва халқияти он аз хусусиятҳои умдаи эпос мебошад.
Тарзе ишора гардид, эпоси «Довуди Сосунӣ» аз ҷиҳати фарогирии ҳаҷм ва мазмун шаҳомати хос дошта, ба инкишофи баъдинаи адабиёти арман таъсир расонидааст. Аз ҷумла, дар заминаи оҳангу мазмуни ин эпос адибони номии арман О.Туманян ва А. Исаакян достонҳо эҷод намудаанд.
Соли 1939 ҷашни 1000-солагии эпос таҷлил гардид ва аз ҳамин давра тарҷумаи он ба забонҳои гуногун, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ сурат гирифт. Дар тарҷума ва ба хонандаи тоҷик шиносонидани ин достони қаҳрамонӣ олимону адибони зиёди тоҷик саҳм доранд. Тарҷумае порчае аз ин достон аз ҷониби шоир ва тарҷумон Басир Расо анҷом ёфтааст. Тарҷумаи тоҷикии эпоси «Довуди Сосунӣ» ба пуррагӣ аз ҷониби тарҷумони шинохтаи тоҷик Аслан Адҳам анҷом ёфтааст.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.