Кӯдакон ва наврасон бо ширкат дар маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо шоир ва нависандаи кӯдакнавис Муродалӣ Собир мулоқот карданд. Дар ин маҳфил, ки бо иштироки муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова доир шуд, сӯҳбат асосан сари эҷодиёти Муродалии Собир ва шеъри муосир барои кӯдакону наврасон гузашт.
Дар бахши аввал хонандагон бо меҳмони нишаст суолу ҷавоб карданд ва баъдан аз эҷодиёти ӯ намунаҳо хонданд.
Муродалӣ Собир зимни посух ба пурсиши хонандагон дар бораи роҳи эҷодии худ, аввалин шеъраш, китобҳояш нақл кард. Вай ҳамчунин дар бораи он ҳарф зад, ки донистани шеър ва хондани китоб ба хонанда чӣ медиҳад.
Шоири маъруф аз хонандагон хост пайваста дар китобхона ва бо китоб бошанд, зеро ҳамсӯҳбатеву ҳамнишине беҳтар аз киитоб дар ин олам пайдо намешавад.
Муродалӣ Собир 1 январи соли 1958 дар ноҳияи Варзоб дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳия ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудаву баъди анҷоми таҳсил ба фаъолияти корӣ пардохтааст. Муродалӣ Собир ҳамчунин хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллӣ мебошад.
Майл ба ҳаҷву танз ӯро ба маҷаллаи “Хорпуштак” бурдааст ва муддате ба ҳайси ходими адабӣ кор кардааст. Дар Афғонистон низ ду сол тарҷумонӣ кардааст.
Узви Итифоқи нависандагон ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Аммо Муродалӣ Собирро ба шеър дилбастагии зиёдест. Бахусус барои бачаҳо шеър гуфтанро дӯст медорад ва худро шоири бачаҳо мешуморад. Воқеъан намунаҳои беҳтарини шеърҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Модарнома», «Навсафар», «Кокули бом», «Риштаборон», «Чил қалам» ва бисёр баёзҳои таълимӣ роҳ ёфтаанд, ки нишони хушояндиву писандидагии шеъри ӯст. Китобҳои алоҳидаи шеъраш бо монанди «Парасту», «Тифли дарё», «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Гули бодом», «Оҳанги Варзоб», «Арӯси сабз», «Қуллаҳо», «Шоҳпарак», «Тифли дарё», «Сиришки ханда», «Навои резаборон», ва «Замзамаи баҳор» мебошанд.