Activities calendar

04 мая 2018

42 дарахти магнолияи Китобхонаи миллӣ

Боз 42 адад дарахти хушнамуди магнолия саҳни Китобхонаи миллиро оро дод ва бо ин шумори дарахтони танҳо имсол шинондашуда  аз 900 гузашт.

Аввали ҳафтаи равон як маъракаи гулшинонӣ ва дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ шуд. Ин бор 42 дарахти хушнамуди магнолия оварда ва шинонда шуд. Ин дарахтон дар паҳлуи дарахтони дигари ороишӣ, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар шинонда шуда буданд, ҷой гирифтанд. Аз аввали сол то ба ин дам дар ҳота ва саҳни Китобхонаи миллӣ бештар аз 900 дарахти сояафкан ва ороишӣ шинонда шуд.

Дарахтон ва гулҳо ба ҳусни ин бинои зебо ҳусни тоза зам карданд.

Мирзо Турсунзода - сарояндаи сулҳу дўстӣ ва фарзанди баруманди халқи тоҷик”


Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 – солагии устод Мирзо Турсунзода (2001) бо камоли эҳтиром ва сипос­гузорӣ ба фармоне имзо гузоштанд, ки ин фар­зан­ди фарзонаи миллат са­зо­вори унвони «Қаҳрамони Тоҷи­кис­тон» гардиданд.

Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷ­­до­­дӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди  миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон