Мирзо Турсунзода - сарояндаи сулҳу дўстӣ ва фарзанди баруманди халқи тоҷик”


Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 – солагии устод Мирзо Турсунзода (2001) бо камоли эҳтиром ва сипос­гузорӣ ба фармоне имзо гузоштанд, ки ин фар­зан­ди фарзонаи миллат са­зо­вори унвони «Қаҳрамони Тоҷи­кис­тон» гардиданд.

Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷ­­до­­дӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди  миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Мирзо Турсунзода ба таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳам­чун шои­ри навпардозе, ки ваҳдати халқу Ватанро бо суханони ҷаз­зобу таъсир­бахш  васф кардааст, ворид  шудааст. Ғояҳои олии  яго­нагии ёру диёр, му­ҳаб­бати  гарми ватандорӣ, садоқат ба сарза­ми­ни ҳамешабаҳори то­ҷи­­кон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода  пур­­­раю  мукаммал  ба зуҳур омада­анд.

Устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­ду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кўшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоис­та намояд, бо халқ ҳам­нафасу ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият исти­фо­да созад.         Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ўро  дар бар мегирад.   Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик беш ба пан­ҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тар­ҷума шудаанд.

Устод Мирзо Турсунзода на танҳо пайваста эҷод мекард, бал­ки расо сиву як сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд. Вай ко­ри эҷодию илмиро якҷоя бо фаъолияти ҷамъиятӣ пеш мебурд. Ў дар тар­бияи адибони ҷавон таҷрибаи фаровон ан­дўхт  ва мактаби худро ба вуҷуд овард. Мактаби адабии Мирзо Турсунзода мисли мактаби Айнӣ дар ада­би­ёти муосири тоҷик роҳу равиши тозаи эҷодӣ ва навҷўиро бу­­нёд гузошт. Бо камоли эътимод гуфтан мумкин аст, ки нури наз­ми Мирзо Турсунзода дар даврони мо  низ олами адабиёти то­ҷикро мунаввар мекунад.

Устод Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, бал­ки арбо­би бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ ва ба ҳайси Раиси Куми­таи як­ди­лии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми ола­ми мутамаддин шўҳрат дошт. Мирзо Турсунзода ба ин ташкилоти ҷамъиятии байнал­милалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дўстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъ­аи муборизи сайёра - Осиё ва Африқо хизмат­ҳои шоиста ба ҷо овард. Маҳз устод Мирзо Турсунзода буд, ки аз минбар­ҳои баланди мамлакатҳои бузурги дунё аз номи тоҷику Тоҷикистони азиз ғояҳои ҷовидонаи башардўстӣ, армонҳои олии инсонӣ – сулҳ, озодиву ис­тиқ­лолро тарғиб мекард. Армуғони устод ҳа­ме­ша сул­ҳу дўстӣ буд. Ў ба ҳар ҷое ки мерафт, сулҳу оштиро  мебурд ва аз са­фар­ҳо бо раҳоварди сул­ҳу  ваҳдат бармегашт. Вай бо ашъори дилошўб, афкору фаъолияти наҷи­баш чун шахсияти барўманди адолатхоҳ ва инсон­­парвар дар саросари дунё соҳиби шўҳрату эҳ­ти­ром гардид.

Тарҷумаи ҳоли устод

Мирзо Турсунзода 2 майи  соли 1911 дар гузари Чармгарони қиш­­ло­қи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳоло Шаҳринав) дар оилаи Турсунмуроди ҳунарман­ду  фар­ҳанг­­дўст  ба дунё омадааст. Соли 1920 минтақаи Ҳисор­ро бе­мории вабо фаро гирифт. Ин офат мо­дари Мирзо - Холби­биро низ ба ко­ми марг мекашад. Мирзо ҳа­ма­гӣ нўҳ сол дошт, ки аз меҳрубониву наво­зиши модар маҳрум  мемонд. Тарбияи баъдии Мирзо пурра ба зиммаи па­дар вогузор мешавад. Ў чанд муддат дар мадрасаи назди деҳаи худ ба таҳсили ибтидоӣ мепардозад. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикис­тон (1924) дар мамлакат мактабҳои усули нав мавқеъ пайдо мекунанд. Чу­нин мактаб дар Қаратоғ соли 1925 ба фаъолият пар­дохт ва Мирзо яке аз аввалин толибилмони ин мактаб буд. Мирзо Турсунзода соли 1926 ба Ду­шанбе омада, дар сафи толибилмони интернат қарор мегирад. Маъму­рия­ти интернат Мирзоро соли 1927 ҳамроҳи як гурўҳ ҷавонони лаёқатманд ба Дорулмуал­лими­ни Тошканд мефиристад.

Чор соли таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд ва вохўрӣ бо устод Садриддин Айнӣ ба такмили ҷаҳонбинӣ ва маърифат­шиносии Мирзо му­соидат менамояд. Соли 1930 Мирзо Турсун­зода дар асоси роҳхати Куми­таи марказии комсомол ба Душанбе бармегар­дад ва дар рўзномаи «Ҷаво­нони Тоҷикистон», аввал ба сифати ходими адабӣ ва баъдан чун котиби масъул, фаъолият ме­кунад.

Соли 1933 Мирзо Турсунзода аз падар маҳрум мегардад. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР як гурўҳ адибони тоҷик, аз ҷумла М.Турсунзода, ба узвияти Итти­ҳодияи нависандагон па­зи­руфта мешаванд. Солҳои пурдаҳ­шати сиюм адиб аз рўйи зарурат як муд­­дат Душанберо тарк карда, дар Хуҷанд истиқомат мекунад. Вай сол­ҳои 1934-35 дар Театри мусиқию маҳзакаи шаҳри Хуҷанд вазифаи мудири қисми адабиро ба ўҳда дошт. Соли 1934 ҳангоми ба саҳна гузоштани пйе­саи «Ма­ликаи Турандот» ба ҳунарпешаи театри мазкур Сабоҳат Низо­мид­динова муносибати дўстӣ пайдо карда, бо ў издивоҷ мекунад.

Мирзо Турсунзода соли 1936 ба Душанбе  меояд ва  то соли 1946 дар вазифа­ҳои гуногуни адабиву рўзноманигорӣ фаъолият мекунад. Соли 1946 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардида, то охи­ри умр ин вазифаро пеш мебарад. Аз соли 1946 сар карда Мирзо Тур­сунзода ҳамеша  намояндаи  халқ  дар парлумони Шўравӣ буд ва дар паҳ­лўи корҳои эҷодӣ ў бо тамоми ҳастӣ фаъолияти ҷамъиятии хешро ҳам идо­ма медод.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Мирзо Турсунзода чун му­но­дии сулҳ дар тамоми ҷаҳон Иттифоқи Шўравиро намо­ян­дагӣ намуд. Фаъ­олияти ҷаҳонгардии шоир аз соли 1947 сурат ме­гиранд. Дар натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Ислом­о­бод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳи­ра ва ғайра Мирзо Турсунзода чун шахсияти бар­ҷастаи  фарҳангию  иҷти­моӣ ба камол мерасад ва Ҷумҳурии Тоҷикис­тону ҳалқи тоҷикро ба ола­ми­ён муаррифӣ ме­кунад.

Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар меша­вад. Аввалин маҷмўаи шеърҳои ў бо номи «Байрақи зафар»  (1932) аз чоп ме­ба­рояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзара­ҳои Хў­ҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Су­ру­ди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Хал­қи далер» (1939), «Чама­нистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хо­руғ омадем» (1940) ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мир­зо Турсунзода дар солҳои 50-ум дар маҷмўъаҳои «Пайғом» (1949), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғӣ абадӣ» (1958) ва «Ман аз Шар­қи Озод» (1959) асарҳояш ба табъ мерасанд.

Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хо­тираи капи­тан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони инти­қомгир» (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корно­ма­ҳои ҷангӣ бо шўру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душ­манбадбинӣ талқин меша­ванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода дос­тон­ҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ва­тан» (1942)–ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад.

Ҳаракатҳои озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асар­ҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳин­дус­тон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремел» (1970) ва ғайра  хеле хуб тасвир ёфтаанд.

Соли 1960 Ҳукумати Шўравӣ  хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ўро сазовориҷоизаи давлатии ленинӣ, соли 1964 барои дос­тони «Ҷони ширин» ба   Мукофоти ҷумҳу­рия­вии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ мушарарф шуд.

Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н. А.Нек­ра­­сов, Са­мад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов ба­рин қаламкашони варзи­даи халқ­ҳои гуногунро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Асарҳои Мирзо Турсунзода низ ба  бисёр забонҳои халқҳои собиқ  ИҶ­ШС ва ҷаҳон тарҷума шудаанд. Соли 1967 шоир барои хизматҳои шо­ё­­наш бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардида­аст. Худи ҳамон сол ў барои мустаҳкам намуда­ни дўстии байни халқҳои ИҶШС ва Ҳиндустон ба гирифтани Му­кофоти байналхалқии Ҷавоҳир­лаъл Неҳру сарфароз мегардад.

Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бу­зург аст. Вай намояндаи Шўрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Мар­казии Ҳизби Ком­мунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи  сове­тии ҳамраъии мамала­кат­ҳои Осиё ва Африко, аъзои  ҳақиқии Ака­демияи илмҳои РСС Тоҷи­кистон ва Котиби раёсати Итти­фо­қи нависандагони ИҶШС буд.

Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амо­нӣ ва ғоя­ҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дўстии  мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизмат­ҳои беназир кардааст. Аввалҳои тирамоҳи соли 1977 устод Турсунзода бистарӣ шуда, 24 сентябри  соли 1977 аз дунё мегузарад. Ҷасади шоирро дар яке аз ба­лан­диҳои шаҳри Душанбе - теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин теппа бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф аст.

Хизматҳои  Мирзо Турсунзода бо чандин ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст. Ў академики АИ Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикис­тон (1961), барандаи Ҷоизаҳои бисёри дав­­латию байналмиллалӣ гар­дидааст.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Мирзо Турсунзода ва дар бораи вай ин китобҳо ва мақолаҳо қобили дарёфтанд:

Осори мунтахаб [Матн]: Иборат аз ду ҷилд.– Ду­шан­бе: Ирфон, 1981.

Ҷ.1. Шеърҳо.–319 с.

Ҷ.2. Силсилаи шеърҳо ва достонҳо.– 355 с.

Ба сўи қуллаҳои нав [Матн]: Мақолаҳои публисистӣ.– Душанбе:Ирофн, 1977.– 88 с.

Ҷони ширин [Матн]: Достон.– Душанбе: Ирфон, 1971. – 200 с.

Қиссаи машҳур [Матн].– Сталинобод: Нашр­давтоҷик, 1954.– 6 с.

Қиссаи Ҳиндустон [Матн].–Сталинобод: Нашрдав­тоҷик,1954.–80 с.

Сайёҳи Ҳинд [Матн]. – Сталинобод: Нашр­дав­тоҷик, 1954.–     8 с.

Фолклори тоҷик [Матн].– Ста­лино­бод: Нашрдавтоҷик, 1957.– 453 с. - Ҳаммуалиф Болдирев, А. Н.

Ҳасани аробакаш [Матн]: Поэма.– Сталино­бод: Нашр­­давтоҷик,1957.–74с.

Садои Осиё. - Ҳасани аробакаш [Матн]: Шеърҳо ва достонҳо.– Сталинобод: Нашридавтоҷик,1961.– 129 с.

Шеър ва достонҳо [Матн]: Барои бачаҳои сини миёна ва калони мактабӣ.– Душанбе: Адиб,1988.–240 с.

Ҳаёт ва адабиёт [Матн]: Маърўза дар анҷумани IV нависандагони Тоҷикистон.– Сталинобод: Нашрдав­тоҷик,1959.– 59 с.

Ҳасани аробакаш [Матн]: Достон.– Стали­нобод: Нашр­­­­­­дав­тоҷик, 1957.– 74 с.

Роҳи нури офтоб [Матн]: Достон.– Душанбе: Ирфон, 1964.–28 с.

Се нозанини Шарқ [Матн]: Шеърҳо ва достонҳо.– Душанбе: Ирфон, 1967.– 215 с.

Илҳом [Матн].– Душанбе: Ирфон,1969.–36 с.

Ошёни баланд [Матн]: Шеърҳо.– Душанбе: Маориф, 1976.–  86 с.

Посбони оташ [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1977.– 112 с.

Аз Ганг то Кремл [Матн]: Достон.– Душанбе: Ирфон, 1970.– 93 с.

Асри ман [Матн]: Достонҳо.– Душанбе: Ирфон, 1974.– 352 с.

Нафси гарм [Матн]: Шеърҳо.– Душанбе: Адиб, 1989.– 72 с.

Водии Ҳисор [Матн].– Душанбе: Адиб. – 1990.– 14 с.

Шеър ва достонҳо [Матн].– Душанбе: Адиб, 1991.–

Мирзо Турсунзода – сарояндаи сулҳ [Матн].– Хуҷанд, 1991.– 15 с.

Ҳамеша бо Ватан будам [Матн]: Панду ҳика­матҳои М. Турсунзода.– Душанбе,2009.–24 с.

  Шоира [Матн] //Адабиёт ва санъат. – 2004.– 11 ноябр. 

Нонреза [Матн]: Шеър // Илм ва ҳаёт. – 2011. – №10-12. – С.6.

Ошёни баланд. - Модар [Матн]: Шеърҳо // Илм ва ҳаёт. – №7-9. – С.6.

Ватан. - Рўди ман [Матн]: Шеърҳо // Илм ва ҳаёт. – 2011. – №4-6. – С.9.

Офарин дил!. - Зан агар оташ намешуд. -  Ду байт. - Замин. - Сайри қитъаҳо. - Ватан. - Илоҷам чист?. - Дўстонро гумм макун. --Дасти ту медонад [Матн]: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 13 октябр.

Замин [Матн]: Шеър // Омўзгор. – 2013. – 27 декабр.

Ба истиқболи баҳор [Матн] // Қонун ва ҷомеа. – 2014. – 20 март.

Ҳаргиз [Матн]: Шеър // Садои Шарқ. – 2015. – 5. – С.11-12.

Адабиёт дар бораи шоир

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Дар бо­раи дода­ни унвонӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» ба Мирзо Турсун­зода //Ада­биёт ва санъ­ат. – 2001.– 18 маӣ.

Мирзо Турсунзода [Матн] //Адибони Тоҷикистон.– Душанбе: Ирфон, 1968.– С.222-227.

Мирзо Турсунзода [Матн] //Адибони Тоҷикистон. – Душан­бе: Адиб, 2003.– С.22-28.

Мирзо Турсунзода [Матн] //Адибони Тоҷикистон. – Душан­бе: Адиб, 2014.– С.16-18.

Сайфуллоев, А. Мирзо Турсунзода [Матн] // ЭСТ.– Душанбе, 1987.– Ҷ.7.– С.435- 455.

Бобоев, Ю., Шодиқулов, Ҳ. Мирзо Турсунзода [Матн] //Энсикло­пе­ди­яи адабиёт ва санъати тоҷик.– Душанбе,2004.– Ҷ.3.– С.229-233.

Мусоев, А. Фарзанди қарни ХХ [Матн]: Ба ифтихори 100– солагии Мир­зо Турсунзода.–Душанбе: Ирфон,2010.– 65 с.

Зиёев, Х. Мирзо Турсунзода – шоири халқии Тоҷикистон [Матн]: Мас­­­ли­­ҳат­ҳои методӣ.– Душанбе,1986.– 10 с.

Бобокалонова, Ҷ. Вассофи бузурги зиндагӣ [Матн]: Ба ёрии лекторон. – Душанбе: Дониш, 1985.–28 с.

Болтабаева, А., Мурзинская, А.И. Сарояндаи қуллаҳои зарин [Матн]: Ба ифтихори 70– солагии зодрўзи Мирзо Турсунзода.– Душанбе, 1981.–22 с.

Мардонов, Т. Мирзо Турсунзода ва ҷаҳонӣ адаб [Матн].– Душанбе, 1980.– 28 с.

Мирзо Турсунзода (1911-1977) //Сайфуллоев, А. Аркони сухан [Матн]. –  Душанбе: Маориф, 1985.– С.7-32.

Мирзо Турсунзода //Асозода, Х. Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ [Матн].– Душанбе: Маориф,1999.– С.281-311.

Саидзода,Ҷ. Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод! [Матн]: Рис­о­лаи илмию тадқиқотӣ.– Душанбе: Адиб,2010.– 160 с.

Ғаффоров, У. Устоди маънавии устод // Ғаффоров, У. Шаҳ­бо­зи осмо­ни сухан [Матн].– Душанбе: Адиб,2007.– С.94-115.

Аҳмадов, Б. Шоири беназир [Матн]: Гуфторҳо дар ситоиши Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.– 2001.– 25 октябр.

Вализода, Ҳ. Ҳамии сулҳ [Матн]: Шеър //Ҷумҳурият.– 2001.– 25 ок­тябр.

Низом Қосим. Шеъри роҳ [Матн]: Шеър //Садои мардум.– 2001.– 1 ноя­бр.

Самад, А. Ифтихори миллат [Матн]: Ба пешвози 90- солагии устод М.Турсунзода // Ҷумҳурият.– 2001.– 16 октябр.

Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода [Матн]: Хоти­раҳо // Ад­а­биёт ва санъат.– 2001.– 18 май.

Турсунзода, П. «Дўсти наздикам падарам буданд», – мегўяд писари хурди шоир Мирзо Турсунзода [Матн] //Роҳи умед.– 2001.– 25 октябр.

Раҳмат, Ҳ. Аёдат [Матн]: Порча аз драма ба ифтихори 90- солагии устод М.Тусрунзода //Омўзгор. –2001. – 24 октябр.

Саидзода, Ҷ.Устод Турсунзода ва «Шоҳнома»-и Фирдав­сӣ [Матн] //Ада­биёт ва санъат.– 2001.– 5 октябр.

            Акрамзод, С. Тасвири табиат дар ашъори Мирзо Турсунзода [Матн] // Адабиёт ва санъат.– 2001.– 5 октябр.

Бобоев, М. Ёде аз устод [Матн] //Ҷумҳурият.– 2001.– 25 сен­тябр.

Шодиқулов, Ҳ. Як ҳафта дар Қазон будам [Матн]: Ба ифти­хори 90- солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият. – 2001. – 2 ок­тябр.

Абдулло, К. Пайвандгари дилҳо [Матн] //Ҷумҳурият.– 2001.– 22 сентя­бр.

Ҳайдаршо, М. Сарводаи миллат [Матн]: Шеър //Садои мар­дум.– 2001.– 1 ноябр.

Сўфизода, А. Шоири шаҳир ва шахсияти беназир [Матн] //Ҷумҳу­ри­ят.–2001.–20 октябр.

Саидзода, Ҷ. Соиб ва Турсунзода [Матн] //Садои мардум.– 2001.– 27 октябр.

Шодиқулов, Ҳ. Шеър ва шоири аср [Матн] //Садои мардум.– 2001.– 27 октябр.

 Мансуров, Ҷ. Рўҳи мададгор [Матн]: Дар бораи М.Турсун­зо­да //Ҷум­ҳурият.–2001.–25 октябр.

Табаров, С. Мақоми Турсунзода Мирзо дар адабиёти умуми­ҷаҳонии асри ХХ [Матн] //Ҷумҳурият.– 2001.– 25-27 октябр.

Қубодиёнӣ,М.Мирзо Турсунзода: зиндагӣ ва қаҳрамонӣ [Матн] //Чар­хи Гардун.– 2003.– 12 сентябр.

Сайфуллоев, А. Иттифоқи Мирзо Турсунзода [Матн] //Ада­биёт ва санъат.– 2005.– 6 январ.

Ашўрзода, Н. Бонии мулки амонӣ [Матн]: Шеър //Ҷум­ҳу­рият.– 2001.– 25 октябр.

Сафарзода, О.Зиндагӣ санҷидаам  бисёрҳо [Матн]: Ба ифти­хо­ри 90–солагии устод М.Турсунзода // Адаб.– 2001.– №5-6.– С.2.

Раҳмонов, Э. Мирзо Турсунзода – шоири бузург ва арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ [Матн]: Суханронии Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон Э. Раҳ­монов дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90- солагии устод Мирзо Тур­сунзода //Ҷумҳурият.– 2001.– 30 октябр.

Саъдуллоев, А. Ду шоҳсутуни коҳи сухан [Матн]: Мирзо Тур­сунзодаи тоҷик ва Чингиз Айматови қирғиз // Адабиёт ва санъат. – 2009.– 10 сентябр.

Асозода, Х. Ҷойи устод Турсунзода холист [Матн]: Ба пеш­вози 100– солагии устод Мирзо Тусрунзода // Адабиёт ва санъат. – 2009.– 20 август.

Муҳаммад, Ш. Устод Мирзо Турсунзода ва Тошканд [Матн]: Ба пеш­вози 100– солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият. – 2009. – 4 август.

Ёрмуҳаммад. Шоир андар синаи миллат чу дил, ё «халқӣ»–ҳоро халқ мешиносад? [Матн]: Мирзо Турсунзода – аввалин «Шо­ири Халқии Тоҷи­кистон» //Нигоҳ.– 2009.– 23 апрел.

            Саидшоев, С. Турсунзода «Хонаи мо он қадар  ҳам дур нест» [Матн]: Аз ҳаёт ва фаъолияти устод //Миллат.– 2009.– 21 май.

Саидмуродов, М. Устоди вопасин  [Матн]: 2 май зодрўзи Мир­зо Тур­сун­­зода //Омўзгор.– 2009.– 1 май.

Кўчаров, Н. Поси ошнои ду суханвар [Матн]: Мирзо Турсун­зода ва Раҳим Ҷалил //Адабиёт ва санъат.– 2009.– 4 июн.

Саидзода, Ҷ. Вассофи бахту  саодат [Матн]: Ба пешвози 100– солагии устод Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.– 2009.– 29 январ.

         Хайлоева, С. Шоир бо шеърҳои чун кабутарҳои сулҳ [Матн] //Ҷаво­нони Тоҷикистон.–2010.– 15 апрел.

Муҳаммадзода, М. Вассофи ормонҳои башарият [Матн]: Ба истиқ­боли 100- солагии устод Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.– 2010.– 27 май.

Абдуллоҳ, А., Каримов, М. Бузургонро бузургон зинда медо­ранд [Матн]: Ба ифтихори 100- солагии Мирзо Турсунзода //Омўз­гор.– 2010.– 30 июн.

Назрӣ, У. Ғазалсарои мумтоз [Матн]: Ба ифтихори 100– сола­гии Мир­зо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.– 2010.– 8 апрел.

Абдуллоҳ, А. Васфи занону модарон дар эҷодиёти Мирзо Тур­сунзода [Матн]: Ба ифтихори 100- солагии зодрўзи Мирзо Тур­сунзода //Адабиёт ва санъат.– 2010.– 12 август.

        Кўчаров, А. «Шеъри ман ба осонӣ эҷод намешавад» [Матн]: Ба ифти­­хори 100- солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.– 2010.– 13 ноябр.

Давронов, А. Шеър ва шеваи рўзгори шоир [Матн]: Ба истиқ­боли 100– солагии Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.– 2010.– 9 декабр.

Абдуллоев, А. Ҳар куҷое халқ буд… [Матн]: Ба пешвози 100- солагии устод Мирзо Турсунзода //Адабиёт ва санъат.– 2010.– 14 октябр.

Абдулло, З. Як нигоҳ ба дили устод [Матн]: Ба ифтихори 100- солагии Мирзо Турсунзода //Ҷумҳурият.– 2010.– 23 октябр.

Қаландаров, Ҷ. Чун шамъи маҳфил барфурўхтанд [Матн]: Хотираҳои нависанда Ҳабибулло Назаров бо устод Мирзо Турсунзода  // Минбари халқ. – 2011. – 13 октябр.

Кўчкаров, А. Таълифоти Ҳиндустонии устод Турсунзода [Матн]: Шоири халқии Тоҷикистон аз зумраи мутафаккирон ва суханварони  асили садаи ХХ – и машриқзамин мебошанд // Садои  шарқ. – 2011. – №1. – С. 119 – 128.

Луқмонова, М. Шоири маҳбуби дилу дидаҳо [Матн]: Маъ­лумот дар бораи мактубҳои Мирзо Турсунзода аз бойгонии осорхонаи адабӣ – ёдгории Мирзо Турсунзода  //  Адабиёт ва санъат. – 2011. – 26 май.

Мансуров, Ҷ. Руҳи мададгор [Матн]: Дар бораи Мирзо Турсунзода // Ҷумҳурият. – 2011. – 28 октябр.

Турсунзода Маъсуд. Мо низ чун падар ҷўёни дўстиву дустонем [Матн]: Мусоҳиба бо писари калонии шоир Мирзо Турсунзода ба ифтихори  90 – солагии устод Мирзо Турсунзода    // Чархи гардун. – 2011. – 2 феврал.

Ҳоҷиев, Ҳ. Маҳфиле бо устод [Матн]: Ба ифтихори 100 – солагии Мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 29 июл.

 Холмуродов, З. Сафарҳои фарҳангии  Мирзо Турсунзода [Матн]: Ба 100 - солагии зодрўзи устод Мирзо Турсузода // Паём­номаи фарҳанг. – 2011. – №3. – С.36- 39.

Авғонов, Қ. Турсунзода ва назми оламгири ў [Матн]: Ба 100 – солагии зодрузи устод Мирзо Турсунзода //Паёмномаи фарҳанг. – 2011. – №1. – С. 40 - 43.

  Саидзода , Ҷ. Шакли хаёл дар шеъри Турсунзода [Матн]: Ба ифтихори 100 - солагии устод Мирзо Турсунзода  // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 15 сентябр.

Фаттоҳ, А. Видоъ бо Турсунзода [Матн]: Ба муносибати 100 - солагии шоҳсутуни фарҳангу адабиёти тоҷик устод Мирзо Турсунзода  // Тоҷикистон. – 2011. – 13 октябр.

Хоҷаев, Б. Қадри модар [Матн]: Ба ифтихори 100 - солагии Мирзо Турсунзода // Омўзгор. – 2011. – 14 октябр.

Ҳайдар, Г. Рўҳи Турсунзода мадад кард [Матн]: Ба ифти­хори зодрўзи 100  устод Мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 1 сентябр.

Партав, А., Ҷонмуҳаммадова,Ғ. Гўш ба садои Ватан [Матн]: Ба ифтихори 100 – солагии устод Мирзо Турсунзода  //  Омўзгор. – 2011. – 8 июл.

Тоҳир, Р., Муродов, З. Ошён гар мегузорӣ [Матн]: Ба ифти­хори 100 солагии устод мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 15 июл.

Ҷашни Турсунзода [Матн]: 14 октябр 100 – солагии қаҳра­мони Тоҷикистон Мирзо турсунзода  // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 20 октябр.

Иштироки Эмомали Раҳмон дар таҷлили 100 – солагии Мирзо Турсунзода дар театри опера ва балети ба номи садриддин Айнӣ  // Минбари халқ. – 2011. – 20 октябр.

Қувват, Ҷ. Маҳбуби дилҳо [Матн]: Ба истиқболи 100 – солагии устод Мирзо Турсунзода  // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 6 октябр.

Самад, А. Бузургтарин шоир, машҳуртарини  тоҷик [Матн]: Ба ифтихори 100 - солагии устод Мирзо Турсунзода  // Ҷумҳурият. – 2011. – 11 октябр.

Маъмур, С. Чунин бузурги хоксорро кам дидаам [Матн]: Суҳбати рўзноманигор Г. Усмонова  бо шоири маҳбуб С. Маъмур перомуни хоксории устод Мирзо Турсунзода  // Садои мардум. – 2011. – 10 октябр.

Муродиён, Ҳ. Шукргузории шоир бо обу хоки Тоҷикистон [Матн]: Тавсифи об ҳамчун манбаи ҳаёт дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода // Садои мардум. – 2011. – 20 сентябр.

Хоҷазод, М. Раҳкушову раҳнамо буданд Турсунзода [Матн]: Мусоҳибаи рўзноманигор Г.Усмонова бо драматург ва сенария­навис  М. Хоҷазод ба истиқболи 100 – солагии устод М. Турсун­зода  // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 7 июл.

 Истаравшанӣ, А. Ду лаҳзаи гуворои дидор [Матн]: Ба муно­сибати 100 – солагии шоҳсутуни фарҳангу адабиёти тоҷик устод Мирзо Турсунзода // Тоҷикистон. – 2011. – 11 август.

Шарифов, С. Арзандаи боварии халқ [ Матн]: Ба ифтихори 100 – солагии Мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 6 май.

Расулзода, Қ. Пайвандгари қалбҳо ва халқҳо [Матн]: Оид ба 100 - умин солгарди фарзанди фарзонаи миллат Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 15 сентябр.

Некқадам, Т. Мирзо Турсунзода драматург ва ходими намоёни фарҳангӣ [Матн]: Оиди фаъолияти эҷодии устоди бузурги назми тоҷик Мирзо Турсунзода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 25 август.

Акбарзода, Ю. Мирзо Турсунзода ва дарки фалсафии воқеият [Матн]: Оиди шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода ба истиқболи 100 – солагӣ  // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 11 август.

Раҷабов, Ҳ. Ҳиндустон аз назари шоири Тоҷикистон [Матн]: Ба ифтихори 100 – солагии устод Мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 20 май.

Лутфуллоев, Д. Рўдворона зиндагонӣ кун [Матн]:  Ба ифти­хори 100 - солагии Мирзо Турсунзода  // Омўзгор. – 2011. – 6 май.

Хайруллои, Р. Ду мулоқот бо устод [Матн]: Ба истиқболи 100 - солагӣ // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 23 июн.

Рустамӣ, В. Арзиши бадеии осори устод Турсунзода [Матн]: Маълумот дар бораи ашъори М. Турсунзода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 16 июн.

Сайфуллоев, А. Пайванди реализм ва романтизм дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода [Матн]: Маълумот дар бораи ду сабки эҷодӣ  романтикӣ – реалистии дар эҷодиёти Мирзо Турсун­зода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 19 май.

Ваҳҳоб, Р. Шоиронагии сухани устод Турсунзода [Матн]: Ба истиқболи 100 – солагии устод Турсунзода  // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 14 апрел.

Нарзиқул, М. Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ [Матн]: Ба истиқболи ҷашнҳои устодон Турсунзода ва Лоиқ масъалаи садоқати шогирд ва манзалати устод  // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 28 апрел.

Амонбек, С. Соате бо васфи дўстӣ [Матн]: Дарс - семинар доир ба достони Ҷони ширин – и Мирзо Турсунзода дар синфҳои 11 // Омўзгор. – 2011. – 22 парел.

Маҳкамов, С. Тарғибгари дўстии тоҷику Ҳинд [ Матн]: Ба истиқболи 100 - солагии Мирзо Турсунзода // Омўзгор. – 2011. – 22 парел.

Давлатова, М. Нестам мисли падарҳои дигар [Матн]: Нақши волидон дар осори Турсунзода // Фируза. – 2011. – №2. – С. 8 - 9.

Раҳимов, А. Хотираи як муҳаббат [Матн]: Ба озмуни идти­фоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба 100 – солагии Тур­сун­зода  //  Омўзгор. – 2011. – 8 парел.

Муродӣ, А. Боғбоне буд дар боғи адаб [матн]: Симои  Турсунзода дар Сипоснома – и Лоиқ бахшида ба 100 – солагии  Турсунзода // Омўзгор. – 2011. – 8 апрел.

Восеъ, Қ. Мактаби устод Турсунзода  [Матн]: Бахшида ба 100 – солагии устод  // Минбари халқ. – 2011. – 31 март.

Восеъ, Қ. Устод Турсунзода ва Убайд Раҷаб [Матн]: Ба ифтихори 100 - солагии устод Турсунзода  // Ваҳдат. – 2011. – №6. – март.

Рофеъзод, Р. Рўи ту дар ёд нест [Матн]: Суханони шоири бузург устод Турсунзода дар васфи модарон // Ҷавонони Тоҷикис­тон. – 2011. – 3 март.

Калимуллоев, Р.  Ганҷинаи ҳикмати халқ [Матн]: Ба истиқ­боли 100 - солагии устод М. Турсунзода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 31 март.

Гулмурод, П. Ҳамнафасу ҳамқадами замон [Матн]: Бахшида ба 100 - солагии устод // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 3 март.

Назир, У. Ҷаҳон пур карда бо савту сурудаш [Матн]: Ба истиқболи 100 - солагии устод // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 17 феврал.

Саидмуродов, М.  Ҳар куҷое  халқ буд, Мирзои Турсунзода буд [Матн]: Бахшида ба 100 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода // садои мардум. – 2011. – 10 феврал.

 Абдуллоҳ, А. Ёд аз шоири бузурги миллат [Матн]: Ба ифтихори зодрўзи устод Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода  маҳфили мутантани шоири маҳбуб баргузор гардид  // Ҷумҳурият. – 2014. – 13 май.

Таҳияи Хотун Файзмамадова,
мутахассиси Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: