38 нафар кормандон давраҳои омӯзишии Маркази такмили ихтисосро хатм карданд

Соли 2016 бори аввал бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ курсҳои сайёри кутоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар минтакаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуд
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхона дар соли 2016 -ум   курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 18 нафар ва курси омўзиши “Фаъолияти китобдорӣ”-ро 20 нафар кормандони Китобхона  хатм намуда  соҳиби сертификат гардиданд.
Дар ин сол барои таҷрибаомўзӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи тоҷикӣ-русӣ (славянӣ)-и Тоҷикистон, Коллеҷи фарҳанги ба номи П.Ч. Буйдоқов, магистрантҳо аз Донишгоҳи тоҷикӣ-русӣ  (славянӣ)-и Тоҷикистон 125  нафар  донишҷўён ташриф оварда, дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои истеҳсолиашон  таҷриба омўхтанд.
Бори аввал бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзишии сайёри кутоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар минтакаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуд, ки дар он кормандони пуртаҷрибаи Китобхонаи миллӣ  шунавандагонро бо дастовардҳои китобдорони ҷаҳон ва тоҷик дар самтҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, навгониҳои соҳаи китобдорӣ ва ғайра ошно намуданд.  Пас аз хатми давраи омӯзишии такмили ихтисос ба 150 нафар китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази такмили ихтисоси Китобхона барои омўзиш, тарғиб ва таълими донишҳои китобдорӣ барномаҳои таълимӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо таҳия карда мешавад. Барномаҳои таълимии «Асосҳои дониши библиографӣ», «Асосҳои дониши компютерӣ» ва «Истифодабарии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо» аз ин қабиланд.

Барчаспҳо: