Менеҷменти китобдорй дар чанд бахш

Муассисаи инглисии мудирият «сарпарасти умур»-ро  чунин таъриф мекунад. «Тафсири сиёсатҳо ва амали онҳо» ё ба маънои маҳдудтар «иҷрои шеваҳои умур». Ҳамин муассиса чанд ибора бар ин таъриф меафзояд ва дар таърифи «мудирият» меоварад. «…барои расидан ба ҳадафҳои таъиншуда». Муассисаи инглисии мудирият таърифи болоро густариш дода вазифаҳои тасмингирӣ, якпорчагӣ кардан ва эҷоди ваҳдат, барномарезӣ, раҳбарӣ ва роҳнамоӣ, барангехтани ангезаи кор ва назорат бар кори кормандонро низ дар доираи маънои «мудирият» ғунҷонидааст.

  1. Масъалаҳои умумӣ
  2. Чаро ҳоло ҳам истилоҳи «мудирият»-ро ба кор мебаранд на истилоҳи «идора ва сарпарастии умур»-ро. Оё миёни ду истилоҳ фарқе ҳаст ва агар ҳаст, фарқи ин ду дар чист?

Шояд посухи ин пурсишро дар дигаргуниҳои  солҳои наздик ва сайри ин дигаргуниҳо бозтоби  пешрафтҳои  фаннӣ аст ва ба китобхонаҳо таъсир гузоштаанд пайдо кард. Низомҳои печидаи компютерӣ, ки имрўз дар ҳоли рушди нуфуъ аст, аз ҷумлаи пешрафтҳое аст, ки аҳамияти онро дар дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва таъсири онро бар масъулиятҳои мудирияти китобхонаҳо наметавонем аз назар дур бидорем.

Муассисаи инглисии мудирият «сарпарасти умур»-ро  чунин таъриф мекунад. «Тафсири сиёсатҳо ва амали онҳо» ё ба маънои маҳдудтар «иҷрои шеваҳои умур». Ҳамин муассиса чанд ибора бар ин таъриф меафзояд ва дар таърифи «мудирият» меоварад. «…барои расидан ба ҳадафҳои таъиншуда». Муассисаи инглисии мудирият таърифи болоро густариш дода вазифаҳои тасмингирӣ, якпорчагӣ кардан ва эҷоди ваҳдат, барномарезӣ, раҳбарӣ ва роҳнамоӣ, барангехтани ангезаи кор ва назорат бар кори кормандонро низ дар доираи маънои «мудирият» ғунҷонидааст.

Нақши мудир ва вазифаҳои онро дар китобхона ба се даста  тақсим метавон кард:

1.Мудирияти кормандон.

2.Мудирияти корҳо.

3.Мудирияти низом.

Вазифаҳои мудирро метавон чунин ишора кард: таҳия ва танзими будҷа; ташхиси ниёзҳои хонандагон; ба кор гирифтани кормандон; арзишҳои кори онҳо ва машварат бо онҳо; таъини вазифа барои ҳар як китобдор; масъалаҳои тартибу ахлоқ дар китобхона; баррасии тағйиру таҳаввулҳо ва асари онҳо ба кормандон ва кори онҳо; робитаи доими бо мақомҳои болотар; робита бо хонандагон; расидан ба дархостҳо ва шикоятҳо; ташкили ҷаласаҳои баҳс ва гуфтугўи расмӣ ва ғайрирасмӣ; пазириши масъулияти ҳифз ва нигаҳдории санад ва мадракҳои китобхона; эҷоди барномаҳои омўзиш барои китобдорон ва ғайра.

Созмон ва мудирият хоси китобдорӣ нест, ҷанбаи умумӣ дорад ва ҳар падидаи иҷтимоии дигарро дар бар мегирад. Ин рукн, ки аҳамияти он ҳаётӣ аст вобаста ба пайванд додани рукнҳои дигари китобдорӣ (интихоб ва гирдоварии маводи китобхона, тартиб ва созмондиҳии он, ташвиқи маҷмўаи китобхона ва ғайра), ба ҷунбиш даровардану пеш бурдани онҳо мешавад ва сухан аз созмон додан ба китобхонаҳо ва тарзи идораи онҳоро  ба миён меоварад.

Мудирияти китобхона  яке аз мавзўи навини илми китобхонашиносӣ аст. Дар гузашта он чи ба идораи китобхона вобастагӣ меёфт, умури фаннӣ ва созмони маводи гирдоваришуда буд, аммо акнун аз он рў, ки китобхонаҳо афроди бисёреро дар худ ҷазб кардаанд ва низоми идораи онҳо бо гузашти замон печидатар  мешавад, мудирияти китобхонаҳо аҳамияти рўзафзун ёфта аст.

Мудирият, чун аз як сў фарогири илми китобдорӣ намешавад ва аз сўи дигар аз барои китобхонаҳо мавзўи навпост, соҳибназарони «мудирияти китобхона» солҳои охир кушидаанд, то ҳамон усули асосии илми идориро, ки худ низ ба тариқи илми он умри дароз надорад, дар китобдорӣ роҳ диҳанд ва дар ҳақиқат ҷузъи ин наметавон кард. Бо ин ҳама шарт эҳтиётро набояд аз даст дод ва аз ибтидо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки мудирияти китобхона ҳадди ақал ду хусусияти умда дорад, ки дар масъалаҳои умури идорӣ набояд онҳоро фаромўш кард. Ин ду хусусият, ки аксар ба ҳам омехтаанд чунинанд:

1.Китобхона, магар дар мавридҳои ангуштшуморе порае аз як созмони бузургтар аст. Андоме аст аз як пайкар. Худ воҳиди ҷудо нест. Китобхонаи мактаб ҷузъи муассисаи омўзишӣ аст. Китобхонаи умумӣ табеи шаҳрдорӣ ё муассисаи дигар аст ва ҳатто китобхонаи Миллӣ мумкин аст ҷузъи аз созмони як вазоратхона бошад.

Ин вижагӣ водор месозад, ки китобхона тобеи омилҳои хориҷ аз ҳавзаи худ бошад, ки мустақиман бар умури идории он асар доранд, вале назорати мустақими онҳо хориҷ аз ихтиёри он аст. Масъалаҳо ҳадафҳо ва хадамоти китобхонаҳо аз созмонҳое, ки худ порае аз онҳо ҳастанд, ҷудоинопазир аст.

2. Китобхона, муассисаи ғайриистеҳсолӣ (ғайриинтифоҳӣ) аст. Ҳеҷ китобхонае бо суди молии бештар ва зиёни камтар  сару кор надорад. Пешрафти китобхонаҳоро бо меъёри  моддӣ наметавон санҷид ва ҳол он ки як  корхона, банк ё  як ширкати бозгаронӣ бо пайравӣ аз усул ва фаъолияти муайяне метавонад аз мудирият истифода кунад ва фоида барад.

Бо ин ҳама нақши мудириятро дар пешрафти китобдорӣ  ва китобхона ба ҳеҷ роҳе наметавон инкор кард ва болотар аз он вуҷуд ва пайдоиши ҳар китобхонаро нахуст бояд бар асари умури идории он донист.

Китобхонаҳоро  чунон ки дидем бар асоси гурўҳи муроҷиаткунандагоне, ки доранд ба чанд навъ тақсим кардаанд. Пайдост ки гарчи моҳияти созмони онҳо як аст, аммо ҳар китобхона бо китобхонаи дигар ихтилофе пайдо мекунад. Ин тафовутҳо дар ҳадафҳо ва ҳадафҳо дар тарзи созмони онҳо асар мегузорад. Чандгунагии китобхонаҳо мумкин аст бар асоси ҳудуд ва мизони фаъолияти онҳо бошад. Созмони китобхонаҳои кучак, ки як нафар ба танҳои онро идора мекунад бо созмони китобхонаи азими дигар, ки аз пешрафтатарин васоили техникӣ ва электроникӣ дар ҷабаҳои гуногун кумак мегирад, яскон нест.

Чунонки гуфтем, мудирият мавзўе нест, ки танҳо ба илми  китобхонашиносӣ тааллуқ дошта бошад, балки ба ҳар падидаи дигаре низ мартуб мешавад. Аммо олимони китобхонашиносӣ, ки аз нахустин даҳаи карни бистум барои ёфтани ҳастаи маркази барномаи омўзишии ин риштаҳоро ақоиди бисёре иброз доштаанд, дар ин назар истодаанд, ки мудирият яке аз пояҳои асосии китобдорӣ аст, ки мумкин аст ба ҳабси китобхона риштаҳои фаръӣ пайдо кунад, аммо аҷзои қулли он ба ин қарор аст:

  1. Усули умумии созмон ва мудирият. 2. Намунаҳои созмони идории китобхона. 3. Робитаи идории китобхона бо созмони аслӣ (созмоне, ки китобхона порае аз он аст). 4. Барномарезӣ. 5. Умури хадамотӣ. 6. Арзёбии хадамоти китобхона. 7. Умури молӣ ва будча. 8. Робитаҳои умумӣ (дохили китобхона).

Акнун дарси мудирият, аз дарсҳои аслии омўзиши китобдорӣ аст ва масъалаҳое, ки дар он баҳс мешавад, бештар ба усул ва назарияи улуми идорӣ робита меёбад ва на ҷараёни корҳои амалӣ. Мудирият, ки дар ҳар низоми дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, худ ҳамчун китобдорӣ аз хусусияти чанднизомӣ бархўрдор аст. Ба ин маънӣ бо риштаҳои дигари донишҳои инсонӣ ба тарзе мартуб аст. Равоншиносӣ, таърих, илмҳои иҷтимоӣ, умури низомӣ, илми сиёсӣ, омўзиш ва парвариш ва бисъёре дигар аз риштаҳои дониши башарӣ, ҳар як ба мудирият асар бахшидаанд.

(Идома дорад)

Бознашр аз китоби “Менеҷменти фаъолиятҳои китобдорӣ ва иттилоърасонӣ”.

Муаллифон Сафар Сулаймонӣ ва Ҷелм ат Шерм атов. Душанбе, соли 2008

Таҳияи  Фирӯза Маҳмадҷонова 

Барчаспҳо: