Гавҳар Муродова – аз Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ҳисоби китобҳои шахсии худ 350 адад китобро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Муаллима Муродова мегӯяд инҳо китобҳое мебошанд, ки солҳо ҷамъ кардааст ва ҳоло мехоҳад дигарон низ аз онҳо истифода кунанд.
Гаҳвар Муродова аслан омӯзгор аст, вале чун ба тарҷумаи ҳоли вай менигарем, мебинем, ки тӯли фаъолияти корӣ ба чӣ иқдомотеву корҳое даст назадааст. Сарнавишти омӯзандае дорад ва боистӣ, ки ба ҷавонони имрӯз намунаи ибрат бошад.
Гавҳар Муродова мутаваллиди соли 1962 аст, дар рустои Ҷайраалии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи яке аз асосгузорони маорифи Тоҷикистон-Дзансолова Д.С. ва Муродов С. собиқадори ҶБВ дида ба олам кушодааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №51-и ноҳияи Балхӣ, соли 1979 фаъолияти кории худро ҳамчун пешоҳанг ва омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, дар мактаби дар боло номбурда оғоз кард.
Соли 1980 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ факултети филологияи тоҷик ғоибона дохил шуда, ҳамзамон фаъолияти кории худро дар мактаби дар боло номбурда давом дод.
Иштирокчии фестивал-озмуни “Бўстон-3”, фестивали ҷавонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон cоли 1982 дар шаҳри Исфара мебошад.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли ин бонуи саропо ҳунар ва ҷонсӯзу мураббии ҷавонон зиёд метавон ҳарф зад. Вале ҳикояти рӯзгорашро ба вақти дигаре вомегузорем ва ҳоло мухтасар мегӯем, ки Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф ба унвони «Аълочии маориф»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (соли 2012), нишони Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1988) ва чандин нишонҳои дигар мушарраф шудааст. “Аълочии фарҳанг”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015), медали “Хизмати шоиста” (соли 2015), дорандаи унвони “Муаллими сол - 2017”-и Вазорати фарҳанги ҶТ мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.
Юлчибой Мусоев, муовини Маркази такмили ихтисос.