Идомаи ду давраи омӯзишӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ

Дар Маркази такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ, яке бо номи «Асосҳои лоиҳасозӣ» ва дигаре « Феҳристнигорӣ», ки моҳи феврал оғоз шуда буданд, идома доранд.

Шунавандагони фанни «Асосҳои лоиҳасозӣ»,  ки бештарашонро мудирони шуъбаҳо ва мутахахсисони ҷавон ташкил медиҳад, дар рафти бозомўзӣ тавассути дарсҳои лексионӣ, машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона  дар мавзўъҳои «Асосҳои методологии таҳияи мавзўи илмӣ», «Мақсад ва натиҷаҳои ниҳойии лоиҳа», «Таҳияи буҷа», «Ороиш ва пешниҳоди мавзўи илмӣ» ва ғайраро аз худ менамоянд. 

Омўзиши фан имкон медиҳад, ки мутахссисон бо дар назардошти талаботҳои пазируфта услуби таҳияи лоиҳои иҷтимоиро аз худ намуда, дар созмондию баҳогузории таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳм гиранд.

Курси бозомўзи «Феҳристнигорӣ»  мавзуъҳои «Аҳамияти феҳристи китобхонавӣ», «Нақши феҳрист дар кори китобдорӣ», «Шакл ва намудҳои феҳрист», «Услуби созмондиҳи феҳристи алифбоӣ», «Тарзи таҳияи феҳристи алифбоӣ», «Назарияи таснифоти асарҳои чопӣ», «Феҳристи мураттаби ва ташкили он», «Тарзи созмондиҳии феҳристи мураттабӣ», «Мафҳуми умуми феҳристи мураттабӣ», «Мафҳуми феҳристи предметӣ», «Феҳристи хизматӣ ва нақшаи он», «Аҳамият ва нақшаи феҳристи хизматӣ», «Омўзиш ва тарғиби феҳрис»т, «Феҳристи электронӣ», «Таҳрири феҳристи алифбоӣ», «Таҳрири феҳристи мураттабӣ», «Таҳрири феҳристи предметӣ»-ро дар мегирад.

Маврид ба ёдоварист, ки давраҳои омӯзишии мазкур се моҳ идома ёфта, хатмкунандагон баробари такмили донишҳои соҳавии худ дорои Сертификати махсус тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2017 таҳти  АУ № 0002383  хоҳанд шуд.

Ҷамшед Қурбонов,
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: