Шукургузорони Ваҳдатем
Дар рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон муроҷиат намуд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рўзи 27-уми июнро дар кишварамон Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафту инкишофи ҳар як давлат ва миллату халқият мебошад. Миллате, ки истиқлолияту ваҳдати миллии худро ба даст наовардааст, дар замони бархўрди тамаддунҳо озодӣ ва ватандории худро эҳсос карда наметавонад. Аз ин хотир, ҳифзи истиқлолияти бадастомада ва дўст доштани ватани аҷдодӣ, ҳар як фарди худогоҳро водор месозад, ки барои аз даст надодани ин неъмати ҳаётан муҳим, дар замираш ҳиси ватандўстӣ, худогоҳию худшиносии миллиро тарбия намояд.
Он рўзҳои сахту сангин дар лавҳи хотири ҳар як шаҳрванди тоҷик нақши муассир дорад. Баъди пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳо, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонро ҳамаи сокинонаш пазируфтанд, аммо душманони дохилию берунӣ аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани он дар хавф буданд ва намехостанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Бо ин мақсад онҳо бо ҳар гуна туҳмату дасисаҳо тавонистанд Тоҷикистони навинро ба гирдоби ҷанги шарҳвандӣ тела диҳанд. Ҷанги шаҳрвандӣ як муддат давом кард. Дар кишвар хатари аз байн рафтани давлат ва миллати тамаддунофари тоҷик ва пора –пора шудани сарзамини аҷдодӣ эҳсос карда мешуд. Паёмади ҷанг харобӣ, қашшоқӣ ва касалиҳои гуногуни сироятиро ба бор овард. Аз касофати он садҳо манзилҳои обод, мактабу кўдакистонҳо, марказҳои фарҳангию маърифатӣ хароб ва тўъмаи оташ қарор гирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои сарҷамъ намудани миллати парешонгаштаи тоҷик шахсияте лозим буд, ки пеши роҳи қатлу куштор ва аз байн рафтани давлатро нигоҳ дошта тавонад. Ба шахсияте ниёз дошт, ки ҷонфидои ин миллат ва хоку оби ин сарзамин бошад, тавонад якдилӣ, ҳамфикрӣ ва ваҳдату сулҳу субботро дар қаламрави Тоҷикистони парешон пойдор созад. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнини сиёсӣ фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти бузургро ба души худ гирифт, қавл дод, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Дар воқеъ истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик санаҳои фаромушнашавандаанд.
Барои ба истиқрори сулҳ расидан фарзандони фарзонаи миллат ҷони худро кафи даст гирифта, 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расониданд, ки нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.
Аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ 22 сол сипарӣ шуд, ки дар натиҷаи музокироти тўлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ Гард Меррем «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Ваҳдати миллӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу суббот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.
Бо гузашти начандон вақти тўлонӣ дар кишвари мо фарҳанги сиёсӣ шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омад, ки минбаъд барои рушди мунтаззам ва устувори давлатдорӣ, аз ҷумла, барои соҳаи китобдорӣ ҳам шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Бо вуҷуди буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири гарони манфӣ мерасонад, баракс дар чунин шароит маблағгузорӣ ва сохтмони китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маротиб афзуд.
22 соли Ваҳдати миллӣ барои мо имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Адиби номвари мо, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дўстӣ ном бароварда, ки беҳтарин достонҳо ва шеърҳои худро дар васфи дўстии мардуми олам ва суботи дунё эҷод кардааст.
То тавонӣ, дўстонро гум макун,
Дўстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дўст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Имрўз шукургузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва ватани ободу озоди худ намуда, мо кормандони Китобхонаи миллӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи шукуфоӣ, ободу бунёдкории кишвари азизамон пайваста ба роҳбарӣ мегирем ва баҳри тарғибу ташвиқ намудани китоб, рузномаю маҷаллаҳо ба хонандагон пайваста меҳнат мекунем.
Хотун Файзмамадова, мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос