Ба истиқболи Рӯзи китоб: Баргу сози мо китобу ҳикмат аст

Баробари кашфи папирус китобнависӣ ва чопи он тараққӣ карда, боиси пайдо гаштани китобхонаҳо гардид. Дар асри III то милод дар Миср китобхонаи Искандария бунёд мегардад, ки дар он қариб 700 ҳазор ҷилд китоб нигоҳ дошта мешуд. Китобхонаи калонтарин  ва шўҳратёфтаи замони Сомониён «Гаҷинаи ҳикмат» ном дошт.

Пешравии ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон ба асрори илму дониш, адабиёту фаҳанг, иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии маънавии худро ғанӣ мегардонанд.

       Таърихи пайдоиши китоб дуру дароз аст. Пешиниён донишашонро дар рўи санг, чўб, сафол, устухон, баргу пўсти дарахтон, пўсти ҳайвонот ҳаккокӣ мекарданд. Сангкатибаҳо ва деворнигораҳои зиёде, ки бо кўшишу заҳмати муаррихи барҷастаи тоҷик Аҳрор Мухторов дар қаламрави кишвари мо ёфта шуд,  далели гуфтаҳои боло аст.

       Баробари кашфи папирус дар Миср китобҳои папирусӣ арзи вуҷуд карданд. Лекин пайдо шудани қоғаз дар Чин инқилоби навро дар чопи китоб ба миён овард. Китобнависӣ ва чопи он тараққӣ карда, боиси пайдо гаштани китобхонаҳо гардид. Дар асри III то милод дар Миср китобхонаи Искандария бунёд мегардад, ки дар он қариб 700 ҳазор ҷилд китоб нигоҳ дошта мешуд. Китобхонаи калонтарин  ва шўҳратёфтаи замони Сомониён «Гаҷинаи ҳикмат» ном дошт.

       Дар асри XV аз ҷониби Иёҳан Гутенберг ихтироъ шудани воситаи чопии урупоӣ дар кори китобчопкунӣ давраи навро кушод. Дар Осиёи Миёна  танҳо соли 1870 воситаи чопии урупоӣ ворид гардид.

       Имрўз нашриётҳои бонуфузи ҷумҳурӣ «Ирфон», «Адиб», «Маориф»,  «Эр-граф» ва нашриётҳои дигари хусусӣ китобҳои хонданибобу босифатро дастраси мардум мегардонанд.

       Китоб муқаддас ва бузург ҳисобида мешавад, зеро, ки вай инсонро аз ҷоҳилию  нодонӣ раҳонида, ба сўи доноиву бо маърифатӣ раҳнамун месозад. Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки китобро азиз дорем, бештар мутолиа намоем ва асосҳои илму донишро аз худ карда, дар бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳмгузори намоем.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳммон дар суханронии худ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20 апрели соли 2001 гуфта буд: «Фаромӯш  набояд кард, ки китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.»  

Маҳз  китоб махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳонӣ ва оинаи ҳаёт аст. Китоб эътибори миллат аст. Ҳар, ки китобро азизу гиромиӣ дошт, дар зиндагӣ соҳибном гардида, ба мартабаю манзалат мерасад.

Ба гуфтаи Аллома Иқбол:      

      Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
      Ин ду қувват эътибори миллат аст.
      Он футуҳоти ҷаҳони завқу шавқ,
     Ин футуҳоти ҷаҳони тахту фавқ.

Ҷамшед Қурбонов,
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: