Раҳнамои маҳфили адабӣ барои китобдорон

 5500 сол қабл аз ин китобҳо дар папи­рус таълиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишта­шударо пайдо карданд, ки андозаи дарозиаш 405 см ва бараш 42,5 см буд. Лўлакитоби мазкур дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим Фиравн Рамзиси II ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар ки­тобхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст. Китоби калонҳаҷме ҳаст вазнаш 31 тоннаро ташкил медиҳад ё китоби кўчаке, ки аз сўрохи сўзан мегузарад ва китобе ҳаст, ки матни он бо ресмон дар матоъ навишта шудааст?

 Китоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода на­моем ва тавассути он бо гузаштаю имрўзаи мардуми тоҷик ошно шавему барои ояндагон мерос гузорем, то ки дигарон аз он исти­фода баранд ва идомадиҳандаи давлати тоҷикон бошанд.

 Китоб яке аз кашфиётҳои бузурги инсоният мебошад ва во­ситаи иҷтимоии қонеъкунандаи эҳтиёҷоти он ба шумор меравад. Агар хат ва китоб намебуд, орзую, ормон, мақсаду маром, анде­ша, эътиқоду эътибор ва аз ҳама муҳимаш аз таърихи миллатамон бебаҳра мемондем. Ҳамин тариқ лаҳзаҳои маъмули зинаҳои таъ­рихи гузаштаи халқамон, ки дар навиштаҷотҳо акс ёфтаанд, баро­ямон азизу муҳтабар мебошанд.

 Китоб фарзанди эҷодкор мебошад ва навиштани он заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Дар китоби «Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик» (муаллифон Бекназар Аҳмадов ва Ҷўрабой Раҷа­бов, 2016) мақому манзалати китобу китобнависӣ ва китобхонаю китобдорӣ бо мисолу далелҳо ёдовар шудааст. Ин китоб барои ку­шодани мазмуну мундариҷаи мақоми китоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон маълумотҳои ҷолиб дода метавонад. Аз ин рў, шумо хонандаи гиромиро ба мутолиаи он ҳидоят мекунем.

 Таърих гувоҳ аст, ки 5500 сол қабл аз ин китобҳо дар папи­рус таълиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишта­шударо пайдо карданд, ки андозаи дарозиаш 405 см ва бараш 42,5 см буд. Лўлакитоби мазкур дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим Фиравн Рамзиси II ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар ки­тобхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст.

 Китоб хонандаро ба олами аҷоибот ҳидоят мекунад ва он маънавиёти шахсро бою ғанӣ мегардонад. Барои тасдиқи фикри худ боз як мисол меорем. Оё медонед, ки китоби калонҳаҷме ҳаст вазнаш 31 тоннаро ташкил медиҳад ё китоби кўчаке, ки аз сўрохи сўзан мегузарад ва китобе ҳаст, ки матни он бо ресмон дар матоъ навишта шудааст?

 Дар шароити ҳозира, пас аз пайдо шудани техногогияи итти­лотӣ теъдоди мутолиакунандагони китоб коҳиш ёфтааст, аммо мавқеи китобро ҳеҷ як Интернет ё худ манобеи (захираи) элек­тронӣ гирифта наметавонад. Зеро китобдорони кишвар кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бештар бо баргузории чорабиниҳои на­заррас – шабҳои адабӣ, суҳбату хулосаҳои библиографӣ, рўнамои китоб ва конфронси хонандагон, саволу ҷавоб, рўзҳои иттилоотии мутахассисон, ташкили намоишҳои китобу матбуоти даврӣ, омо­данамоии рўйхату феҳристҳои адабиёт, китобномаҳои шахсиятҳои варзида ва дигар ба тарғибу ташвиқи китоб саҳм гиранд ва дар баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ, фарҳангию маърифтӣ ва иттилоотии тоҷикону тоҷикистониён ҳиссаи арзандаи худро гузо­ранд. Дар ин кор онҳо бо воситаҳои ахбори умум (радиову телеви­зион, маҷаллаву рўзномаҳо) ва ҷомеа ҳамкориҳо карда истодаанд.

 Дар баланд гардидани сатҳи донишандўзию маърифатӣ ва фарҳангию иттилоотии ҷомеа бояд ҳамаи сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ, мактабу донишкадаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар низ саҳми босазои худро гузо­ранд.

 Созмондиҳии маҳфилҳои адабӣ ба тарғиби китоб, ҷалби аҳолӣ ба китобхонаҳо ва сухандону сухангў гардидани шаҳрван­дон мусоидат мекунад.

 Барои амалӣ гаштани ин мақсад Амри Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон (аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165) ба тавсиб расид ва тибқи он соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ...» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 Дар «Низомнома»-и озмун мақсаду мароми он чунин шарҳ дода шудааст: озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи ки­тобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави су­ханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшино­сӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчу­нин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад. Дар ин давра бояд кўшиш кард, ки китобдорони мамлакат бештар ба муштариёни китоб рў оварда, теъдоди онхо­ро зиёд намоянд ва ба озмун тайёр намудани онҳо саҳми муносиб гузоранд.

 Ба ақидаи мо созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон барои амалӣ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани сатҳи донишандўзию маърифатӣ ва фарҳангию иттилоотии шаҳрвандони кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин кор китобдорон бояд пеш аз ҳама бо Низомномаи озмун ва замимаҳои 1, 2, 3-и он тавассути сайти интернетии Ки­тобхонаи миллии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд ва корро тибқи нақша анҷом диҳанд. Даври ниҳоии озмун то 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон» ҷамъбаст карда мешавад ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд.

 Ин чан сатр аз китоби нави Юлчибой Мӯсоев ва Ҷӯрабой Раҷабов “Созмондеҳии маҳфилҳои адабӣ дар китобхонаҳо” иқтибос шуд, ки ҳамагӣ чанд рӯ пеш аз чоп баромад. Дар китоб, зери назари доктори илмҳои  педагогӣ  профессор  Абдусалом  Мирализода рӯйи чоп омадааст, матолиби зиёде барои китобдорон гирд омада, ки маҳофили адабии китобхонаҳоро дуруст ва ба тақозои замон созмон диҳанд.

 Китобро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ суроғ кунед ва мутолиа намоед.

Меҳрангез Муҳаббатова

Барчаспҳо: