Профессор С.Сулаймонӣ: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши аввал
То қарни ҳафтум арабҳо нақши муҳиме дар минтақаи Ховари наздик ифо накардаанд, аммо пас аз зуҳури Паёмбари ислом, Муҳаммад ( с) дини ҷадид ( ислом ) – ро, ки онон зиндагӣ ва нишоти азиме бахшид, поя ниҳоданд. Баъд аз реҳлати ҳазрат Муҳаммад (с) футуҳоти шитобанда ва мавқеиятомези худро дар кишвариҳои хориҷ оғоз карданд. Чунон, ки тўли танҳо чанд даҳа ба ҳаёти империяи нерўманди Сосониён поён доданд, Сурия, Фаластин, Миср ва Шимоли Африқоро комилан дар ихтиёр гирифтанд.
Мусалмонон дар соли 711 Испанияро гирифтанд ва аз сўи дигар марзҳои шарқии онон то даштҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд пеш рафт ва пайвандҳои фарҳангии самарабахше миёни мусалмонон ва Чину Ҳинд барқарор кардаанд. Аз он ҷо, ки омил кишварҳоеро бо фарҳангҳои гуногун фатҳ кард, фарҳанги арабӣ бо фарҳанги кўҳани минтақаҳои фатҳшуда дар ҳам омехтанд ва ин худ сабаб шуд, ки арабҳо ин фарҳангро зуд пазируфтанд ва фарҳанги арабии тозаеро бунёд сохтанд. Воқеият он аст, ки раванди бо ҳам омезиши фарҳагро дар кишварҳои мухталиф фақат дар партави сиёсати бетаваҷҷуҳии ҳокимияти мусалмон дар баробари мардуми минтақаҳои фатҳшуда имконпазир буд. Фармонравоёни ҷадид ва мудофиён ва ташвиқкунандагони илму ҳунар дар минтақаҳои фатҳшуда бадал гаштанд. Ин пайванди мусбат миёни фарҳангҳои кўҳану ҷадид, хусусан дар ориёнзамин натиҷаҳои фаровоне дар пай дошт. Барои мисол, дар дарбори Сосониён, адаб ҳунар ва илм дар сатҳи бисёр болое шукуфо шуд ва китобхонаҳои созмонёфтае вуҷуд дошт, ки дар онҳо нусхаҳои кўҳан, рўнависию тарҷума мешуданд. Ба ин тартиб, дар замоне, ки мероси юнонӣ – румӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва ҳатто замоне дар Рум рўзгори душвореро аз сар мегузаронид, сарзамини Иронии таърихӣ паногоҳи амн ва заминаи муносибе барои фаъолияти шоирону донишмандон буд. Барои намуна, фалсафаи навафлотунӣ, ки баъди таътили академия дар соли 529 ба фармони император Юстиниан ночор ба тарки Отен (Афина) шуданд ва ба Ирон паноҳ бурданд. Ҳамчунин устодони мадрасаи маъруф дар Еддеса,Осиёи Сағир, ки император Зенон онро таътил кард, дар соли 489 ба шаҳри бостонии Нисибин кўчиданд ва академияи худро дар он ҷо доир кардаанд.
Мусалмонон ба дунболи фатҳи сарзаминҳои ориёнӣ дар соли 637 бо китобҳои фаровон шумораи зиёди донишмандон, шоирон ва афроди пазируфта аз фарҳанги бостон ва аз ҳама муҳимтар бо ташкилоти омодаи фаъолияти боназми илмӣ ва фарҳангӣ (китобхонаҳо марказҳои аснод ва академияҳо ) рў ба рў шуданд. Ин худ сабаб гардид, ки дастовардҳои он рўзгори фарҳанги аждодонро, ки бисёр аз заминаҳо ақиб монда буд, ба осони бипазиранд ва аз ҳамон ҷо онро ба пеш баранд.
Донишмандони маҳаллӣ, ки дар навбати худ исломро пазируфтаанд, монеъ бар сари роҳи идомаи фаъолият ва равиши зиндагии худ наёфтанд. Аз ин рў, метавон гуфт, ки арабҳо тарки сиёсати ҳокимонаи худ дар баробари мардум дар сояи ҷазби донишмандон ва ниҳодҳои фарҳангӣ дар ҷараёни фарҳанги навине, ки худ падид оварда буданд, муваффақ шуданд, чӣ дар Ирон ва чӣ дар дигар кишварҳо пуди мустаҳкаме миёни фарҳанги асри кўҳан ва фарҳанги давраи миёна ва ҳатто ва фарҳанги ҷадид барқарор созад.
Мафҳуми «китоб» ва «китобхонаҳо». Китоб
Қабл аз баҳс дар мавзўи китоб ва китобхона дар ҷомеаи исломии тамаддуни тоҷикон, беҳтар аст ба маънои калимаи «китоб» дар забони арабӣ таваҷҷўҳ кунед. Дар давраи ҳаёти Паёмбар (с) ва муддате пас аз он замон фаъолиятҳои адабии мусалмонон кунд ва маҳдуд буд.
Мусалмонони аввалия ба илати камбуди василаи нигориш аз ҳар гуна василае барои навиштан истифода мекарданд. Агарчи коғази попирусӣ, пўсти навиштанӣ ва чарми омода гарон ва таҳияаш мушкил буд, вале ба шакле таҳия шуда, мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ин василаи нигориш ба сурати лўлашуда набуданд, балки шакли варақ ва саҳифа мавриди истифода қарор мегирифтанд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ин маҷмўаи навиштаҳо ва асноде, ки бар рўи қоғази порирус ё варақаҳои пўст навишта шуда буданд, ба сурати китоб буданд ё варақаҳои ҷудо аз ҳам?
Муҳаққиқон мўътақиданд, ки бояд эҳтимоли дувум саҳеҳтар бошад. Назарияи Абдуллоҳ ибни Ос матлабро бештар равшан мекунад. Абдуллоҳ, ки аз мусалмонони аввалия буд, дар ҳудуди даҳ ҳазор гуфта аз ҳазрати Муҳаммад (с) – ро сабт кард, китоби худро бо номи «Саҳиф – ус – садиқа» номида буд, ки маънои таҳтуллафзии он «Саҳфаи саҳеҳ» мебошад.
Аммо унвони мантиқӣ барои маҷмўаҳое, ки дорои даҳ ҳазор гуфтор бошад, «Китоби саҳеҳ» аст. Агар ин тарҷума мавриди қабули мо бошад, пас бояд қабул кунем, ки калимаи «саҳиф», ки ҷамъи он аз «саҳиф ва саҳоиф» аст ва калимаи китоб ва кутуб аз аввалҳои ислом ё шояд қабул аз он ба ҷои якдигар мавридӣ истифода будааст. Бояд таваҷҷўҳ дошт, ки асоси ин калима асоси маҳкаме дар Қуръон доштааст. Дар оятҳои бешумори Қуръон худро «Китобе» мехонад, ки аз тарафи Худо ба Паёмбар(с) нозил шудааст ( Қуръон, сураи 3:3-7 ).
Аммо дар бораи ояти дигар ба номи «Саҳифа» низ ном бурда шудааст ( Қуръон ояти 80:13 ва 98:28 ) Дар Қуръон аз калимоти «Китоби осмонӣ» ( Қуръон ояти 2:53, 113:3,48:187 ва 5,46-50,113 ) барои ном бурдани Инҷил ва Таврот истифода шудааст, дар воқеъ дар бисёре аз оятҳои Қуръон масеҳиён ба номи «Аҳли китоб» хонда шудаанд ( Қуръон: ояти 3: 64:170,5:16)
Илова бар ин тавзеҳоти дигаре низ дар даст аст ва он ин, ки калимаи мусаҳҳаф илова бар «Китоб» маънои дигаре низ дорад. Ин калима маъмулан барои нишон додани мафҳуми матлаби чанд саҳфаҳо ва чанд варақе мебошад, аммо ба таври дақиқтар калимаи «Китоб» барои нишон додани як матлаби нигоришёфта мавриди истифода қарор мегирад. Тамоми ин маъноҳо дар забони арабӣ аз калимаи «Китоб» фаҳмида мешавад ва аз ҳамаи онҳо дар Қуръон истифода шудааст. Дар сураи Намл мехонем, ки «Чун ҳазрати Сулаймон аз корҳои куфромези мардуми сарзамини Сабо огоҳ шуд, китобе, яъне навиштае ба маликаи Сабо ба номи Билқайс фиристод ва ўро ба парастиши Худои воҳид фаро хонд» ( Қуръон: ояти 27: 28-31). Қуръон аз калимаи «Китоб» ба сурати рамзӣ истифода кардааст.
Дар аввалҳои зуҳури ислом китобҳо ба сурати варақҳо ҷудо аз ҳам ва ё сурати номаҳо ва аснод буд ва барои ҳамаи ин воқеият мусаллам аст, ки Паёмбар (с) пайравони ў аз вуҷуди китоблан огоҳӣ доштанд. Илова бар ин ба назар мерасад, ки мусалмонон аз мафҳуми куллии «Китоб» ба маънои василае, ки аз саҳифаҳои чанде дорои матолибе бо ҳаҷми кам ё зиёд огоҳӣ доштаанд. Ин мафҳум барои калимаи китоб бо ақидаи мусалмонон, ки мўътақиданд ва китобҳои нозилшуда қабл аз он аснод ва ояти илоҳие ҳастанд, ки барои роҳнамоии башарият тавлид шудаанд, ҳамоҳангӣ дорад.
Бознашр аз китоби «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Китоби 4). Душанбе, 2013.
Таҳияи Мавзуна Назарова
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.