Маркази такмили ихисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраи дуюми бозомўзии “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ”-ро барои 25 нафар донишомӯзон аз ҷумлаи кормандони китобхан оғоз кард. Марҳилаи аввали он моҳи апрели соли равон оғоз шуда буд ва дар он аз рўйи ҷадвали ТДУ асосан дар бораи соҳаҳои муҳими илм омўзиш диданд.
Дар омўзиши навтабатӣ соҳаи риёзиёт, илмҳои табии шуъбаи 5 тиб интиихоб шудааст. Аз ҷумла, иштироккунандагон тибқи барномаи таълимӣ мутобиқ ба тақсимоти даҳгона омўзиши рақамҳои таснифотӣ (индекс) 50- масъалаҳои умумии илмҳои табиӣ, 51-риёзӣ, 52-ахтаршиносӣ, геодезия, 53-физика, 54-химия, маъданшиносӣ, 55-геологияро меомӯзанд. Дар бораи илмҳои геологӣ ва геофизикӣ, 56-полеанталогия, 57-илмҳои биологӣ, 58-ботаника, 59-зоология маълумоти муфассал мегиранд.
Ҳамзамон ба иштирокдорон роҳҳои дурусти рақамгузории соҳа омўхта мешавад.
Маъмулан дарсҳо дар давраҳои омўзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронида мешаванд. Баъди анҷоми ҳар дарс миёни омўзгор ва иштироккунандагон табодули афкор баргузор мегардад.
Дар дасрҳои амалӣ иштирокдорон мустақилони донишҳои омўхтаи худро таҳти роҳнамоии омўзгор амалан татбиқ мекунанд Баъди анҷоми давраи омўзишӣ чун анъана ба иштирокдорон «Сертификатҳо» дода хоҳад шуд.
Ҷ.Қурбонов М.Муродова,
кормандони Маркази такмили ихтисос