Нашри библиографияи монографии академик Шарифзода дар интишороти “Ирфон”
Нашр шуд 2017-04-18 13:16
Нашриёти “Ирфон” ахиран библиография ва монографияи Академик Файзулло Шарифзодаро дар таҳияи корманди собиқадори Китобхонаи Миллӣ Ҷурабой Раҷабов ва мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ФаридунШарипов дар ҳаҷми 272 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баровард.
Дар осорнома роъҷе ба рўзгор ва фаъолияти илмии акдемики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, асарҳои илмӣ, методӣ- таълимӣ,тарҷума, мақолаҳо роҷеъ ба паҳлўҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажуҳишҳои анҷомдода ӯиттилооти мушаххасдода шудааст.Китобнома дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии олим Файзулло Шарифзода таҳия гардидааст.Кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ ва русии ба табъ расида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардидаанд, мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтаанд ва он маводи солҳои 1979-2016 чопшударо дарбар мегирад.
Чуноне дар мундариҷаи асар омадааст, аз пешгуфтор ва фаслҳои“Зинаҳои камолоти олим”, “Осори илмӣ,илмӣ методӣ,таълимӣ ва нашрияҳои алоҳида”, “Маколаҳо дар саифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрияҳои алоҳида”, “Гузориш дар семинару конфронс ва симпозиумҳо”, “Тақризҳо”, “Адабиёт дар бораи Файзулло Шарифзода”, “Шогирдони Файзулло Шарифзода”, “Кўмакфеҳрестҳо” иборат мебошад.
Дастур ҳамҷун намуна дар таҳияи библиографияҳо, сомонаҳои интернетӣ, руйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқону донишҷўён муфид хоҳад буд.
Юлчибой Мусоев,
Муовини сардори
Маркази такмили ихтисос