Нақши кабинети таълимӣ – методӣ дар интихоби касби хонандагон

Чунон ном дорад китоби наве, ки  Г. Салимов  таҳти назари  доктори  илмҳои  педагогӣ, профессор  Қ. Абдураҳимов дар шаҳри Қурғонтеппа интишор додааст.

Рисола  ба масъалаи  нақши  кабинети таълимӣ – методӣ дар раванди касбинтихобкунии  хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ  бахшида  шудааст. Муалиф  кўшидааст, ки мазмун, мундариҷа , роҳҳо ва  тарзу усулҳои  кори  кабинети  таълимӣ- методии  касбинтихобкунии  мактаббачагонро  ҳаматарафа  таҳлил  намояд.

Китоб ба сифати роҳнамо ба муаллимон , мактабачагон ва кулли шавқмандони  самти  интихоби касб   тавсия  мешавад.

Аз ин рў, тарбияи насли наврас дар рўҳияи омўзиши касби дўстдошта, ташаккули ҳаматарафаи шахсият дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозоргони бениҳоят муҳим ва зарур аст.

Китоби   мазкур  аз муқаддима,  4 боб , замимаҳо , адабиёти  истифодашуда иборат буда, адади  нашр 500  нусхаро ташкил медиҳад.

М.Муҳаббатова,
м
утахассиси пешбари Маркази
такмили ихтисос