Муаррифӣ: “Таърихи библиографияи кишоварзӣ”
Нашр шуд 2021-02-03 15:54
Китоби Қурбоналӣ Бӯриев “Таърихи библиографияи кишоварзӣ” соли 2011 дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст ва аввалин пажӯҳиши фарогир дар бораи библиографияи кишварзӣ мебошад. Муаллиф менависад, ки библиографияи кишоварзӣ яке аз қисмҳои библиографияи умумӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин марҳилаи пайдоиши библиография аз нахустин эҷодиёти мақсадноки муаллифони қадим, ба мисли нигораҳои мешсор дар қаторкўҳҳои Помири Шарқии Тоҷикистон ва зиёда аз ҳазорҳо осори хаттии аҷдодони мо ҳаккокӣ шудаанд, оғоз меёбад. Дар онҳо асосан манзараҳои шикори одамони қадим, ҳайвоноти гуногун, лаҳзахои ҷудогонаи зисти одамон ва ғайраҳо инъикос гаштаанд. Ихтирои гиреҳ ва уқда низ қадимӣ буда, аз айёми мешсор, давраи пайдоиши чорводорӣ оғоз меёбад.
Намуди дигари ба мешсор бисёр наздик ин артанг (пиктография) буда, дар шаклҳои бисёр ҷолиб, нодир, ноёб, хати тасвирии илом (иронитаборони қадим) инъикос ёфтааст. Тавассути тасвир мақсад ба дигарон талаққӣ дода мешуд. Пайдоиши сирф аз Шумериҳо оғоз ёфта, дар шакли гирдаҳои сафолӣ нигошта мешуд ва аз гирдаҳои зиёд сифр ба вуҷуд меомад. Олимон ҳазорон – ҳазори гирдаҳои сафолиро омўхтаанд. Заминаи нигориши «насиҳатномаҳо», ривоятҳо, таронаҳои мардумӣ, афсонаҳо, масалаҳо, ба мисли: «Достони Гилгамеш», «Ривоёт дар бораи пайдоиши олам» ва дигарҳо оғоз мешаванд. Котибони (мирзоёни) бобилӣ ва баъдан ошурӣ ҳамчун дастури таълимӣ рўйхати рустаниҳо, ҳайвонот, маъданҳоро тартиб дода, ҳатто кўшиши гурўҳбандии онҳоро кардаанд. Масалан, аспу хар ва уштур ба як гурўҳ дохил шудаанд. Дар ҳазорсолаи III - уми пеш аз милод ба забони шумерӣ «Рисола оид ба зироаткорӣ (агрономия)» таҳия шуда буд, ки дар он асоси (таркиби) хок, зироатҳои боғу полезӣ ба назар гирифта шудааст. Дар рисолаҳои пешин, ки ба масалу таронаҳои халқӣ, панд ва андарз бахшида шуда буданд, номи муаллифон зикр нагардидааст. Аммо бо гузашти чандин асрҳо дар асару рисолаҳо, маълумот оид ба муаллифон ва дигар сарчашмаҳои мавҷуда, маълумотҳо ба қадри кофӣ зикр гардидаанд. Г. Ветсолд матнҳои солҳои 2164 – 2003 – и то милодро омўхта, қайд мекунад, ки: «Дар Шумер котибон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ ҷалб гардида буданд....
Фирӯза Маҳмадҷонова