ИНТЕРНЕТ: Мафҳумҳои бунёдй дар хадамоти китобдорй ва иттилоърасонй
Дар ҷаҳони иртибототӣ ва иттилоотӣ ҳамакнун аз шабакаи ИНТЕРНЕТ ба унвони шабакаи шабакаҳо ёд мешавад ва яке аз бузургтарини шабакаҳо компютерии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки пайдоиши шабака аз соли 1969 оғоз мегардад ва дар ин сол ожонси пружаҳои пешрафта таҳқиқотии вобаста ба Вазорати дифои Амрико шабакаи озмоишӣ зери унвони ARPANET таъсис кард.
Ҳадафи аввалияи эҷоди ин шабака ба вуҷуд овардани таҳсилоте барои иртиботи муассир миёни донишмандоне буд, ки аз он ожонси ёдшуда будҷаи таҳқиқотӣ дарёфт мекард. Аз ҷумла, мушкилоти асосии иртиботи компютерӣ то қабл аз соли 1969 надоштани протоколи муносиб барои раду бадал кардани паём байни шабакаҳо буд. Лозим ба тавзеҳ аст, ки протокол ё қарордод, маҷмўаи қонунҳо ва муқаррароти стандартӣ аст, ки тамоми аъзои шабака барои барқарории иртибот бояд аз он пайравӣ кунад. Ба унвони мисол, чунин муқаррароте мушаххас мекунад, ки кадом яке аз компютерҳои шабака ибтидо иртибот барқарор мекунанд. Паёмҳо чигуна посух дода шавад, додаҳо чигуна танзим шаванд ё иштибоҳот чигуна бартараф шаванд. Тарроҳони шабакаи ARPANET дар аввалин иқдоми худ протоколро бо номи Host-to Host Protocol омода карданд. Аммо ба далели нокории он аз соли 1972 корбурди протоколи ҷадиди дигареро оғоз карданд. Ин протокол, ки баъдҳо бо номи Transmission Control Protocol ё ба ихтисор Internet-Protocol номида шуд. Аз соли 1983 ба унвони протоколи расмии шабакаи ARPANET муаррифӣ шуд. Дар ҳамин сол ARPANET ба ду шохаи таҳқиқотӣ ARPANET ва низоми Millnet тақсим шуд. Яке аз вазифаҳои асосии ARPANET қудрати ками он дар интиқоли додаҳо буд, зеро то замони инҳилол, ҳаммонанди солҳои аввалияи таъсис танҳо қодир ба интиқоли 56Кбайт дар 1сония (54/кипс) буд. Дар ҳоле, ки дар охирҳои даҳаи 1980 бунёди Миллии улуми Амрико шабакаеро бо номи Nsfnet пешниҳод кард, ки қодир ба интиқоли 1.5 млн.байт дода дар 1 сония (1.5 кипс) буд. Ин тавон тибқи пешбинии аввалия қобили афзоиш то 45млн.байт дар 1 сония буд. Ташкили шабакаи Nsfnet сабаби аз байн рафтани ARPANET шуд, ба наҳве, ки дар аввали соли 1990 шабакаи охир аз байн рафт. Албатта бахши низомии шабака ба ҳаёти худ идома дод. Илова бар он Вазорати дифои Амрико шабакаи ҷадиде барои умури таҳқиқотии худ ба номи (DRI) Research Defenec Internet таъсис кардааст, ки бо истифода аз протоколи ТСР/ IP вазифаи ARPANET- ро анҷом медиҳад.
Имрўза ин шабака иборат аз тамоми компютерҳо ва шабакаҳое мебошад, ки аз протоколи ТСР/ IP ё протоколи монанди истифода мекунанд. Илова бар он, шабакаҳои дигаре монанди шабакаи таҳқиқотӣ ва донишгоҳии Because its time network-Bitnet қодиран бо истифода аз системаи компютерии Дарвоза Gatway ба мубодилаи дода ба шабакаи Интернет бипардозанд.
Бар асоси оморе, ки шўрои улум ва технологии Австралия ироа кардааст дар моҳи Марти 1994 беш аз 2/2млн.компютери мизбон (Host Computer) ва беш аз 27 ҳазор шабака дар 70 кишвар ба Интернет васл буданд, ки бо истифода аз протоколи ТСР/ IP бо якдигар табодули иттилоот мекарданд. Истифодакунандагон аз шабака ба 2 гурўҳ тақсим мешаванд. Гурўҳи аввал касоне ҳастанд, ки аз куллияи имконоти шабака истифода мекунанд, ҷамъияти гурўҳи охир беш аз 20 млн. нафар аст. Тибқи ин омор солона 200 дар сад ба шумораи истифодакунандагон аз шабака афзуда мешавад. Гарчӣ ин шабака ҳамонгуна, ки ишора шуд тавассути як созмони давлатӣ-низомӣ поягузорӣ шуд, аммо истифода аз имконоти он ҳоло ҳозир на танҳо дар муҳити таҳқиқотӣ ва омўзишӣ ба ҷамъи истифодакунандагони донишгоҳҳо бахши хусусӣ пайваста ва аз ин тариқ илова бар истифодаи иттилооте ба таблиғ, фурўши коло ва хадамоти худ мепардозанд.
Дар чунин фазое муҳаққиқони ҳавзаи улум ва технология ба табодули иттилоот мепардозанд; пизишкон тасвирҳои радиологиро барои таҷзия ва таҳлили амиқтар аз тариқи шабака ба марказҳои муҷаҳҳазтар мефиристанд. Рўзноманигорон ба истифодаи хабарӣ ва ҳатто ба мусоҳибаи компютерӣ дар рўи шабака мепардозанд. Миёни китобдорон низ аз муштариёни доимии шабака ба ҳисоб меравад. Онҳо бо истифода аз абзори ҷустуҷўи иттилоот ба рўи шабака ва манбаҳои муҳиме назири пойгоҳҳои иттилоотӣ ва феҳристи китобхонаҳои муҷаҳҳаз, ба анҷоми беҳтари хадамоти марҷаъ ва ҷамъоварии иттилоот машғуланд.
Дар асоси шоҳиди мавҷуди муҳаққиқон ба таври намуна ба чаҳор манзур аз имконоти шабака истифода мекунанд:
1.Густариши иртибот бо муҳаққиқони дигар дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ. Ин кор бо истифода аз имконоти почтаи электронӣ интиқоли файл ба манзури тавзеҳи ёфтаҳои таҳқиқ, дарёфти қазовати соҳибназарон пиромуни навиштаҳои худ қабл аз чопи онҳо ва ташкили гурўҳҳои тахассусӣ бар рўи шабака сурат мегирад.
2.Густариши ҳамкориҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз тариқи интишори осори муштарак, мудирият ва назорати барномаҳои таҳқиқии муштарак ва ҳамкорӣ бо бахши саноат.
3. Дастёбӣ ба манобеи ҷаҳонии иттилоот назири системаи китобхонаҳо ва пойгоҳҳои додаҳо бо истифода аз абзорҳои ҷустуҷўгар рўи шабакае мисли Гуфер.
4. Дастёбӣ ба манобее назири компютерҳо, телескопҳо ва аз онҳо аз роҳи дур.
Ин чанд ҷумла аз китоби Сафар Сулаймонӣ “Китобхонаҳои электронӣ” иқтибос шуд. Дар китоби мазкур масъалаҳои китобхонаҳои электронӣ дар раванди технологияи иттилоотӣ, ИНТЕРНЕТ дар хадамоти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ, захираҳои электронӣ, электронисозӣ, навъи файл ва ҳуқуқи муаллиф дар нашрҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Китоб барои донишҷўён, донишомўзон ва муаллимони риштаи китобдорию иттилоърасонӣ муфид мебошад.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос.