Activities calendar

23 февраля 2021

МУАРРИФӢ: Пирмаҳмад Нуров. Ганҷинаи вожагони ноби тоҷикӣ

Дар Ганҷина қариб 25 ҳазор вожаҳои ноби тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Мақсад аз таҳияи ин мавод муайян кардани захираи вожагони сирф тоҷикӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад. Муаллиф мегяд, зимни таҳияи Ганҷина вожаҳои ноби тоҷикӣ танҳо аз луғатномаву фарҳангҳое гирд оварда шудаанд, ки бо ҳуруфоти кириллик таҳия гардида, дастраси  мо мебошад.

Муаллиф менависад: “Ҳадаф аз таҳияи ин мавод гирдоварӣ  намудани вожаҳои ноби тоҷикӣ, яъне  муайян  кардани  захираи вожагони сирф тоҷикӣ  дар таркиби  луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад.Тавре дар боло зикр кардем,  нахуствожаҳои  забони тоҷикиро  вожаҳои паҳлавӣ суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъди дар

Китоби нав: Муаззамхон Ансорӣ. “Назми Файзулло Ансорӣ дар саҳна”

Китоби мазкурро нашриёти “Ирфон” соли гузашта чоп кардааст ва тавре за номаш пайдост, ба асарҳои саҳнавии Файзулло Ансорӣ ё худ назми саҳнавии адиби маъруф бахшида шудааст. Муаллиф дар муқаддима овардааст: Муҳимияти мавзўе, ки чун тадқиқоти монографӣ интихоб гардидааст, аз чанд ҷиҳат боиси шубҳа шуда наметавонад. Аввалан Файзулло Ансорӣ аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар навиштани драмаи манзум ва он ҳам дар жанру шакл гуногуни он қаламронӣ карда, дар зуҳур, ташаккул ва равнақи он нақши муассире  гузоштааст. Вай муаллифи драмаҳои манзум буда, аз охири солҳои 50-уми асри гузашта рӯи саҳна омадаву мақбули оммаи тамошобинон гардидаанд ва ҳоло ҳам бештарашон дар театрҳои гуногуни мамлакат ва ҳатто берун аз он намоиш дода мешавад.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона

Рӯзи Артиши миллӣ ва ҷанговарони интернатсионалист

Мо дар Рӯзи таъсисёбии “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорем, ки дар чунин рӯзи фараҳбахш ёд кардани хотираи неки “ҷанговарони интернатсионалист”, онҳое ки дар хоки кишвари ҳамося-Афғонистон барои ҳимояи ин сарзамин аз ҳар гуна хатарҳои дерунаву дохила ҷонбозиҳо кардаанд ва қадршиносии иштирокчиёни ин ҷанг барои

Нақши пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ ва бойгонишиносӣ

Бо ташаббуси факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ ва бойгонишиносӣ»  баргузор

Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан!

Ҳамасола Артиши миллиро 23-уми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Имсол 28-умин солгарди Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар