Китоби мазкурро нашриёти “Ирфон” соли гузашта чоп кардааст ва тавре за номаш пайдост, ба асарҳои саҳнавии Файзулло Ансорӣ ё худ назми саҳнавии адиби маъруф бахшида шудааст. Муаллиф дар муқаддима овардааст: Муҳимияти мавзўе, ки чун тадқиқоти монографӣ интихоб гардидааст, аз чанд ҷиҳат боиси шубҳа шуда наметавонад. Аввалан Файзулло Ансорӣ аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар навиштани драмаи манзум ва он ҳам дар жанру шакл гуногуни он қаламронӣ карда, дар зуҳур, ташаккул ва равнақи он нақши муассире гузоштааст. Вай муаллифи драмаҳои манзум буда, аз охири солҳои 50-уми асри гузашта рӯи саҳна омадаву мақбули оммаи тамошобинон гардидаанд ва ҳоло ҳам бештарашон дар театрҳои гуногуни мамлакат ва ҳатто берун аз он намоиш дода мешавад.
Ин анъанаро наомўхта ба манзараи инкишофи драмаи манзуми тоҷикӣ дар адабиёти нимаи дуюми солҳои 80 ва тамоми солҳои 90 асри гузашта ва ибтидои асри бисту як руҷуъ кардан номумкин ва нодуруст мебуд. Тавре маълум аст, маҳз дар ин марҳила ва хоса дар давраи истиқлолияти воқеӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон драмаи манзум ба авҷи баланди тараққиёти худ расид. Бино ба эътирофи адабиётшиносон дар даҳсолаи охири садаи бист драматургияи манзум ба рукни асосии ин навъи адабиёт табдил ёфт ва саҳнаи тоҷик аз ҳисоби драмаи манзум бурд кард. Ба қавли драманавис Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки беш аз сӣ драмаи манзум ба вуҷуд овардааст, эътироф менамояд, ки поягузори ин навоварӣ ҳамоно Файзулло Ансорӣ мебошад.
Драмаҳои Файзулло Ансориро умуман ва драматургияи манзуми ўро махсусан аз паҳлўи дигар низ омўхтан барои ҳаллу фасли дурусти мавзўи пешгирифтаи мо бамаврид аст. Ҳамаи пйесаҳои ў аз қабили он асарҳои хонданбоб мебошад, ки то ба имрўз таваҷҷўҳи саъатшиносону адабиётшиносонро ба худ ҷалб карда меоянд. Ба фикри мунаққидон ва адабиётшиносон исботи ин нуктаро чопи оммавии онҳо бо теъдоди зиёд тасдиқ мекунад. Аксари онҳо на танҳо дар маҷаллаҳо ва алманахҳои гуногун, дар маҷмўаи осор ва мунтахабот рсопро дидаанд, балки шакли китобҳои алоҳида, инчунин дар тарҷума ба забони русӣ низ чоп шуда баромадаанд.
Як хусусияти дигари эҷодиёти Файзулло Ансориро, ки ба драматургия ва драмҳои манзуми дахл дорад, ба мавзўи замона дахл доштани онҳо ташкил мекунад. Хам лирика, ҳам эпос ва ҳам драматургияи ў ба мавзўи замони ҳозира бахшида шудаанд ва кушодани ин гуна як махсусияти эҷодҳои ў барои амиқ дарк намудани руҷўи драматургони сонӣ, хоса солҳои 90-ум ба мавзўи таърихӣ низ ёрӣ мерасонад.
Китоби “Назми Файзулло Ансорӣ дар саҳна”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шаҳло Раҳимова