Китоби Қурбоналӣ Бӯриев “Таърихи библиографияи кишоварзӣ” соли 2011 дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст ва аввалин пажӯҳиши фарогир дар бораи библиографияи кишварзӣ мебошад. Муаллиф менависад, ки библиографияи кишоварзӣ яке аз қисмҳои библиографияи умумӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин марҳилаи пайдоиши библиография аз нахустин эҷодиёти мақсадноки муаллифони қадим, ба мисли нигораҳои мешсор дар қаторкўҳҳои Помири Шарқии Тоҷикистон ва зиёда аз ҳазорҳо осори хаттии аҷдодони мо ҳаккокӣ шудаанд, оғоз меёбад. Дар онҳо асосан манзараҳои шикори одамони қадим, ҳайвоноти гуногун, лаҳзахои ҷудогонаи зисти одамон ва ғайраҳо инъикос гаштаанд.
Китоби дигари ҳунарпеша, коргардони театр, шоир ва донишманди тоҷик Нуриддини Ҷаронӣ “Чорчаман” аз чоп баромад. Ин чорумин китоб Нуриддини Ҷаронӣ буда, то ин замон китобҳои ӯ бо номҳои “Найнаво”, “Растохези гул”, “Ҳидоят ва ҳикмат”, “Ғазалбирён” ба дасти хонанда расида буд. Дар муаррифии китоб омада: Нуриддин Ҷаронӣ аз зумраи суханварони ирфонии тоҷик аст ва беҳуда китоби навбатии хешро "Чорчаман" нагузошта. Шояд ба хотири баъзе касон расад, ки азбаски муаллифи ин китоб дарвозист ва дар ноҳияи Дарвоз истироҳатгоҳи машҳури "Чорчаман" воқеъ гардидааст, аз ин рў, ин маҷмўа чунин номгузорӣ шудааст. Вале дар асл ин тавр нест."Чорчаман" чаҳор