Рӯзи Одамушшуаро Рӯдакӣ. Вожае бо маънои нодир дар рубоии Рӯдакӣ

Дар миёни ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ рубоии   зайл  хеле машҳур аст:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай. Вақти саҳар.

Тарсанда. Зи кӣ. Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.

Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо. Бар лаби тар!

Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Шакар.

Ин рубоӣ дар нигоҳи аввал хеле сода ва қобили дарк аст, ҳеч калимаи нофаҳмое надорад, ҳама  вожаҳои таркибаш  дар забони муосир истифода мешаванд.

Ва аммо дар  рубоӣ калимае низ истифода шуда, ки бо маънои машҳур ва роиҷаш боиси андеша мешавад. Ин калима «хасм» аст, ки дар мавриди падари маъшуқаи ба истилоҳ «қаҳрамони лирикӣ» - шахси шоир  истифода шудааст. Шоир сареҳан падари маъшуқаашро, на «хасм»-и худ, ки бадеҳӣ ва мантиқӣ  метавонад бошад, балки хасми худи духтар медонад.

Шодравон Амон Нуров муаллифи  «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» «хасм» -ро дар ин рубоӣ «душман, адӯ» шарҳ додааст. Дар «Донишномаи Рӯдакӣ», ҷилди 3 низ зайли моддаи «хасм» агарчи ба байти ин рубоӣ истинод нашудааст, аммо танҳо маънои «душман, адӯ, хасми баддил»-ро овардаанд. Мавриди зикр аст, ки дар «Донишномаи Рӯдакӣ» зайли «Хасоидан/Хасидан» ба байти аввали ин рубоӣ истинод карда,  навиштаанд: «аз исми хасм ба маънии душман адӯ бошад, ки дар ашъори Рӯдакӣ истифода шудааст:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай. Вақти саҳар.

Тарсанда зи кӣ. Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар»

Аммо, албатта «хасоидан»-у «хасидан»-у «хашоидан»,  ки вожаҳои форсӣ ҳастанд ва дар мутуни қадим ва фарҳангҳо ба маъноҳои «хойидан», «ҷавидан», «дар зери дандон хурд кардан» омадаанд,  ҳеч рабте бо «хасм»-и арабӣ на аз лиҳози иштиқоқи калима ва на аз лиҳози маънӣ надоранд. Афзун бар ин, муаллифони «Донишномаи Рӯдакӣ» дар ин моддаи луғавӣ ҳам асли муҳимтарини шарҳи калима дар луғатнома ва ҳам тарзи дурусти навишти рубоии Рӯдакиро вайрон кардаанд.

Ва аммо чаро падар душману рақиби духтараш бошад? Оё вожаи «хасм» дар ин ҷо таҳрифшуда нест? Ва агар таҳрифшуда нест, пас чӣ маъно дорад?

Дар китоби «Ҳолот ва суханони Абусаиди Абулхайр»-ки  навиштаи  яке аз  набераҳои орифи машҳур аст ва дар нимаи қарни шашуми ҳиҷрӣ таълиф шудааст, ҳикояте омада, ки  маънои нодири «хасм»-ро тавзеҳ медиҳад. Ва инак он ҳикоят:

Гуфтанд, рӯзе шайх Абусаид дар бозори Нишобур мерафт. Наздики наххосхона расид ва овози чанг бишнид. Бингарист, канизаки турки мутриба чанг мезад ва ин байт мегуфт:

Имрӯз дар ин шаҳр чу ман ёре не,

Оварда ба бозору харидоре не.

Он кас, ки харидор, бад-ӯ роям не,

В-он кас, ки бад-ӯ рой, харидорам не.

(Шайх) ҳамон ҷо саҷчода бияфканду бинишаст ва фармуд, ки «ин канизакро биёрет». Дар ҳол оварданд. Фармуд: «Байт бозгӯй». Бозгуфт. (Шайх) фармуд, ки «хасми канизак куҷост?» Гуфтанд: «Ҳозир аст». Овоз доданд, омад. Фармуд, ки «ба чанд мефурӯшӣ? Гуфт: Як ҳазор динор». Фармуд, ки «харидам». Хасм гуфт, ки «фурӯхтам». Канизакро фармуд, ки «роят ба кист?» Гуфт: «ба фулон». Фармуд, ки «ҳозир кунет». Ҳозир карданд. Канизакро озод кард ва ба занӣ бад-он хасм дод. Фурӯшанда фарёд баровард, ки «баҳои канизак!» Фармуд, ки «бирасонам». Аз муридон яке мегузашт, шайх овоз дод ва фармуд, ки «ҳазор динор аз воҷибот бад-ин хасми канизак деҳ». Қабул кард ва дар соат бирафт”.

Дар ин ҷо  истилоҳи «хасм»  нисбат ба ду нафар ба кор рафта: дар мавриди аввал фурӯшандаи канизак ва дар мавриди дувум марде, ки канизак ӯро дӯст медошт ва ба сабаби миёнҷигарӣ ва шафақати шайх Абусаиди Абулхайр бо ӯ издивоҷ кард. Яъне, соҳиб ва молики канизак  аввал марди фурӯшанда буд ва пас аз байъ дигаре ба ӯ соҳибӣ  шуд.

Вожаи   хасм  ба ҳамин маъно дар «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъу-л-ривоёт»- и Муҳаммад Авфии Бухороӣ низ омадаааст: «Он зари ту ман дорам ва як сол аст, ки хасми он металабам».

Соҳибият ва моликияти мард ба зан амре ҳуқукӣ ва қонунӣ дар ҷомеъаҳои гузаштаи башарӣ будааст. Дар Урупо қуруни миёна низ ин ҳолро мебинем, ки то кунун нишонаҳое аз он то замони мо расидаанд. Чунонки пасванди насабсози русӣ «ов» ва «ова» ишора ба моликият мекунад. Дар ин ҳол насаби мард аз замони таваллуд то марг бидуни тағйир мемонад  ва аммо дӯшизагон, дар бештари ҳолот насаби худро, ки насаби хонаводагии падарашон аст, пас аз шавҳар кардан тағйир медиҳанд. Масалан, Надежда Александровна Потапова, пас аз шавҳар кардан насаби шӯяшро мегирад ва мешавад: Надежда Александровна Михайлова. Яъне, молики зан тағйир ёфт, дар замони дӯшизагӣ соҳиби ӯ падараш буд ва пас аз издивоҷ молики худро дигар кард ва моликаш шавҳараш шуд. Албатта, дар ҷомеъаҳои кунунии ғарбӣ чунин нест, дар ин кишварҳо марду зан ҳуқуқи баробар доранд, аммо вазъи ҳуқуқии зан дар насабсозии ғарбиён чун дар замони қуруни вусто боқӣ мондааст.

Ва аммо вожаи «хасм» ба маънои «соҳиб» ва «молик» дар бештари луғатҳои тафсирии форсӣ наомадааст. Танҳо «Фарҳанги Сухан», ки аз охирин луғатҳои тафсирии форсӣ аст, ба маъноҳои калима ду маънои дигар низ афзудааст: 1) молик, соҳиб; 2) шавҳар…..

Хулосаи калом ин, ки дар рубоии устод Рӯдакӣ «душман, адӯ» шарҳ кардани «хасм» дуруст нест ва онро бояд, «соҳиб», «молик» шарҳ бидиҳем.

Қодири Рустам

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.

ДАР БОРАИ РӮДАКӢ ДАР СОМОНАИ МО БОЗ ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОН ХОНД:

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист...

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме...

Боз чанд байти навёфтаи РӯдакӣХУШХАБАР: Абёти навёфтаи Рӯдакӣ

СУРАТИ ХАЁЛИ ҶАҲОН

Барчаспҳо: