“Чорчаман”: Китоби нави Нуриддини Ҷаронӣ
Нашр шуд 2021-02-03 15:09
Китоби дигари ҳунарпеша, коргардони театр, шоир ва донишманди тоҷик Нуриддини Ҷаронӣ “Чорчаман” аз чоп баромад. Ин чорумин китоб Нуриддини Ҷаронӣ буда, то ин замон китобҳои ӯ бо номҳои “Найнаво”, “Растохези гул”, “Ҳидоят ва ҳикмат”, “Ғазалбирён” ба дасти хонанда расида буд. Дар муаррифии китоб омада: Нуриддин Ҷаронӣ аз зумраи суханварони ирфонии тоҷик аст ва беҳуда китоби навбатии хешро "Чорчаман" нагузошта. Шояд ба хотири баъзе касон расад, ки азбаски муаллифи ин китоб дарвозист ва дар ноҳияи Дарвоз истироҳатгоҳи машҳури "Чорчаман" воқеъ гардидааст, аз ин рў, ин маҷмўа чунин номгузорӣ шудааст. Вале дар асл ин тавр нест.
"Чорчаман" чаҳор истеъдоди худодод: ҳунарпешагӣ, коргардонӣ, драматургӣ ва шоирии муаллифро ифода мекунад. Ў дар ҳақиқат, ошиқона умр ба сар мебарад ва дар ҳама ҷабҳаҳо комёб шуда, роҳу пайроҳаи худро мепаймояд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби донишманди маъруфи Афғонистон доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар аст, ки гуфтааст: "Нуриддин Ҷаронӣ на танҳо аз ишқ мегўяд, ки зиндагиаш менамояд, ки самимитарин ошиқ аст ва ҳама ормонаш ҳаракат ва исори ошиқона. Ў аз ишқ мегўяд ва шабу рўз дар ин бора меандешад ва тамоми ҳадафаш баёни ишқ ва тариқи ҳунар ва истеъдодаш театр ва шеър аст. Ба зиндагиаш намеандешад, сару сомони рўзгорро фаромўш кардааст, аз ишқ мегўяд, онро дар намоишҳояш халқ мекунад ва месарояд".
Инак, китоби "Чорчаман" пешкаши Шумо мегардад. Марҳамат, дар равзаҳои зебои ин боғи сабзу муаттар сайругашт намоед ва лаззати маънавӣ баред, зеро худи Нуриддин Ҷаронӣ барҳақ фармуда:
"Чорчаман" зеби диёри манӣ,
Нусхае аз ҳусни нигори манӣ.
Саҳнаи шеъру ҳунарам бо ту сабз,
Чашмаи илҳому баҳори манӣ.