Activities calendar

15 февраля 2021

Тими футболи Китобхонаи миллӣ ба мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ омода аст

4-уми феврали соли 2021 маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд дар миёни вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои муқими шаҳри Душанбе, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Гулчеҳра Муҳаммадиева

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева баргузор шуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат намуданд. Чун анъана ин маҳфил аз ҷониби Муассисаи Давлатии телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» ба навор гирифта шуд.

 

Паёми тақдирсоз

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода гардида, ҳолати рушди кишвар, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва муқоиса қарор гирифт. Чунин тарзу раванди таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун гувоҳи он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди