Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ (Бахши сеюм)

Устоди муҳтарам!

Дар вақти дубора дида баромадани “Ҳафт пайкар” ва тартибдиҳии луғатҳо ва эзоҳоти он боз як қатор луғатҳои душворфаҳм, кинояҳо ва таъбирҳои номафҳум (барои ман) вохӯрд, ки барои фаҳмида гирифтани онҳо маҷбурам як бори дигар ба шумо муроҷиат кунам. Умед аст, ки ёрмандии худро дареғ намедоред.

  1. Дар аввали афсонаме, ки “Дар гунбази сурх” гуфта шудааст, байти:

“Рӯзи баҳром ранги баҳромӣ,

Шох бо ҳарду карда ҳамномӣ”.

меояд, ки инро чӣ тавр хондан лозим? “Рӯзи баҳром, ранги баҳромӣ” ё ки “рӯзи баҳром, ранг баҳромӣ”?. Баъд маънои баҳроми дуюм чист? “Якумаш рӯзи бистуми ҳар моҳи шамсӣ будааст).

  1. Калимаи “мӯҳра” дар якчанд ҷой меояд. Аммо маъние, ки дар луғатҳо дода шудааст, дар ин мавридҳо дида нашуд. Чунончӣ, дар таърифи танҳо бо шоҳи Чин ҷанг кардани Баҳром (дар шаби торик ва  душманро ба ғафлат андохта) гуфта мешавад:

Шоҳ бо хасм гуфта бозӣ кард,

Мӯҳра пинҳону мӯҳра бозӣ кард.

ё ки дар ҷойи дигар, дар мавриди ба ғор даромада гум шуда рафтани Баҳром меояд:

Шоҳ ҷустанду ғор медиданд,

Мӯҳра дар мағзи мор медиданд.

  1. Дар таърифи доноӣ, бомаърифатӣ ва коршиносии духтараки подшоҳ гуфта мешавад:

Анҷуми чорхро  мазоҷ шинос,

Табъҳоро ба ҳам гирифта қиёс.

Бар табоеъ тамом ёфта даст,

Роҳи райҳонӣ оварида ба даст.

Ин байтҳо дар ҳар се нусхаи дидагии ман якзайланд. Дар ин ҷо “Табоеъ, “табъҳо” ва “роҳи райҳонӣ” фаҳмида нашуданд.

  1. Калимаи “Синоя”, ки дар байти

“То назди шоҳ шаб синояи хеш,

Буд тарсон дилаш зи сояи хеш”.

меояд, фаҳмида нашуд. Як луғати “Форсӣ ва русӣ” “синоя”-ро бо сухане ифода кардааст, ки  он дар тоҷикӣ оташдони бузурги сепоя мешудаст. Аммо маънии дигар дида нашуд.

  1. Як марду як зан рафта истода буданд:

Ҳар ду дӯш пуштҳо баста,

Мешуданд аз гаронӣ оҳиста”

Ин ҷо “пушт” ё “пушта” ба чӣ маънӣ бошад?

 

  1. Марде, ки аз макри девҳо беҳуш шуда буд, ба ҳуш омад ва куҷо роҳе ёфта:

“Роҳ бар дошт, медавид чу дуд,

Саҳм зад з-он ҳавои заҳролуд”.

Саҳм задан ба чӣ маъно бошад? Дар луғати форсӣ ва русӣ “саҳмидан” дида шуд, ки ба маънои тарсидан будааст. Аммо “саҳм задан” дар ҳеч куҷо нест.

  1. Дар байтҳои:

Ангубине ба равған олуда,

Чарбу ширин чун саҳн полуда”.

(таърифи як канизи соҳибҷамол) ва

Шаҳд анҷиру мағз бодомаш,

Саҳн полуда карда дар ҷомаш.

(таърифи боғ) – калимаи “саҳн” ё дурусттараш таъбири “саҳн полуда” фаҳмида нашуд.

  1.    “Ҳафт султон даромад аз як роҳ,

Ҳафт хислат тамом бурда зи моҳ”.

Ҳафт султон – ҳафт парирӯанд, ки ин дар рафти достон равшан аст. Аммо ҳафт хислати моҳ кадомҳо бошанд?

  1. Шар ном рафиқи номувофиқ барои об шуда ду чашми Хайр гуфтанӣ ҳамроҳашро кофта мегирад. Як чӯпондухтар ба ҳоли Хайр раҳм карда, ба ӯ об медиҳад ва чашми кофташударо ба ҷояш гузошта мебандад. Дар ин ҷо ҳамин байт меояд, ки равшан фаҳмида нашуд:

“Гар харошида шуд сапедаи туз,

Поя дар мақла монда буд ҳанӯз”.

(Дар мобайнтари афсонаме, ки дар гунбази сандалӣ гуфта шудааст).

  1.  Духтари подшоҳ вақте ки дар хусуси ба шавҳар (ба табиби дурусткунандаи духтар) додан ваъдаи худро иҷро накардани падарашро дида, коҳиш мекунад, мегӯяд:

“...Ки шунидам, ки дар чаридаи маҳд,

Подшоҳро дуруст бошад аҳд”.

Дар поён сухан аз он меравад, ки дар бораи ҷазо додани касоне, ки духтарро дуруст карда натавонистанд, подшоҳ қавли худро бисёр иҷро кард, пас дар хусуси сарафроз кардани касе, ки дуруст карда тавонистааст, низ бояд қавлашро ба амал барорад. Ин ҷо “чаридаи маҳд”  чӣ маънӣ дорад?

  1. Подшоҳ вазирашро ба ҳабс ҳукм кард:

“Пас бифармуд то забоне зишт,

Сӯи дӯзах равонадаш зи биҳишт”.

“забои зишт ба чӣ маънӣ?

  1. Байти оид ба таърихи навишта шудани достон дар ду нусха ду хел, яке:

“Аз паси пансаду навад се фарон,

Гуфтам ин номаро чу нома дарон”.

“Аз паси пансаду навад се қирон,

Гуфтам ин номаро чу номварон”.

Калимаҳои “фарон” ва “нома дар” ё “номаварон” дар луғатҳо дида нашуданд. Агар дар ривояти дуйум дуруст бошад, дар он сурат “қирон” чӣ маънӣ медиҳад?

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

Сталинобод, 17 июли соли 1940.

Устоди муҳтарам!

Материалҳои Рӯдакӣ бо мактубатон расиданд. Ҳозир чоп кунонда истодаем. Қасидаи “Модари май”-ро то ҷои таъинкардаатон мегирем.

  1. Тақдири очерки “Тӯқсон корез”-ро ҳанӯз рӯзҳои нав омаданам фаҳмида гирифта будам.  Ин очерк дар шумораи 15 май баромадагии “Тоҷикистони Сурх” чоп шуда баромадааст. Бо хоҳиши ман ва дар пеши назарам ду нусхаи ин шумораро редакция ҳамон рӯзҳо ба адреси пешинаи Шумо фиристода буд. Фикр карда будам, ки расидагист. Маълум мешавад, ки нарасида будааст. Ана имрӯз боз як нусхаашро ҳамроҳи ин хат фиристодам.
  2. “Ятим” имрӯзҳо баромад. Дар байни ҳамин ҳафта мефиристем мегӯянд.

Бо салом Деҳотӣ.

3 июли соли 1940

Устоди муҳтарам!

Ҷавоби мактуби охиринатон бо баъзе сабабҳо дер монд. Аввало дар ин мобайн якчанд рӯз бетоб шуда будам, баъд ба сабаби қариб ду моҳ мактуб нагирифтан аз Абдушукур (вай ҳозир дар фронт) парешонӣ кашидам ва ниҳоят бо машғулиятҳои таълими умумии ҳарбӣ банд будам.

Бинобар ин ки р.Турсунзода аз сафари Эрон дар идораи “Тоҷикистони Сурх” ба вазифаи худаш дохил шуда буд, ҳикояи охирини Шуморо ба дасти вай дода будам.Дар бораи он ҳикоя як мактуби аз идора навишташударо ба дасти р. Турсунзода дида будам, шояд ба Шумо расида бошад.

...Ман кайҳо боз дар бораи як-ду масъала бо вуҷуди ин ки вазифаи бевоситаи худам нест, фикр ва рои Шуморо фаҳмиданӣ будам.Якум: дар чандин маҷлисҳо ва машваратҳое, ки дар давоми шаш моҳи Ҷанги Ватанӣ дар КМ Партия ва ё ки дар зери роҳбарии КМ дар ҷойҳои дигар бо нависандагон ва коркунони санъат гузашт, масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагонидиловари халқи тоҷик (мисли бинни Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ғайра) бардошта шуд ва рафиқ Ғафуров (Бобоҷон Ғафуров) ин мавзӯъро борҳо ба ҳама пешниҳод кард. Баъзе аз рафиқон дар ин бора песаҳо навиштанӣ шуданд. Аммо ҳанӯз касе ба кори амалӣ сар накардаст, гӯем хато намешавад. Майли ман ба сифати як хонанда он буд, кияке аз ин мавзӯъҳоро Шумо кор кунед, хоҳ ба шакли ягон асари адабӣ, хоҳ ба шакли як очерки илмӣ-таърихӣ – ба ҳар ҳол асар бояад муваффақият пайдо кунад ва фоида бахшад.

  • бинобар ин ки чопҳои пештараи асарҳои Шумо ҳозир дар фурӯш намондааст ва такроран чоп кардани онҳо дар шароити имрӯза муяссар намешавад, хуб мешуд, аз ҳамон асарҳо баъзе порчаҳои доир ба мудофиаи Ватан, доир ба қаҳрамонии халқи тоҷик (ки дар дафъи ҳар гуна душманони худ – босмачиён, истилогарони бегоназамин нишон додааст) интихоб карда шавад ва ба чоп дода шавад. Бо вуҷуди ин ки аз маҳдудии имкониятҳои Нашриёти Давлатӣ хабар дорам, амин ҳастам, ки агар дар мавзӯъҳои мазкур аз тарафи шумо ягон заявка дода шавад, нашриёт рад нахоҳад кард. Дар ин хусусҳо бо р. Неъматуллоев (Ҳабибулло Неъматуллоев, собиқ вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон ва баъдан директори архиви давлатӣ) гуфтугӯй карда будам. Вай розӣ шуд.

Аз шумораи “Деви ҳафтсар” чопшудаи “Коммунист Таджикистана” як нусха ва аз шумораи“Марши зафар” чопшудаи“Тоҷикистон” як нусха ёфта, ба котиби Союз додам, ки ҳамин рӯз заказной бандероль карда фиристад. Имрӯзҳо газета мегиред ё не? Агар нагиред, нависед, обунаашро ташкил мекунонем.

Ба рафиқони самарқандӣ ва аҳли хонадон салом!

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

  • таърихи нома навишта нашудааст)

Муҳтарам домулло!

Мактуби охиринатон ҳамроҳи мақолаи таҳқиқотии оид ба “Чор давеш” чанд рӯз пеш аз ин расида буд. Аз мутолиаи мақола хеле хурсанд шудем. Кӯшиш мекунем, ки дар шумораи апрелӣ дарҷ шавад, зеро ки шумораи мартиаш саропо ба декада бахшида шудааст.

Дирӯз ба рафиқ Имомов (собиқ Котиби Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон, баъдан корманди Шӯрои Вазироани ҷумҳурӣ) гуфтугӯ кардем, вай изҳор кард, ки иштироккунандагони декада (аксарият) бо состави махсус дар 26 март аз ин ҷо мебароянд. Нависандагон ва аз он ҷумла Шумо ҳам дар якумҳои апрел ба роҳ бароед, мешудааст. Чунки сар шудани декада назар ба қавле даҳуми апрел ва назар ба қавли дигар охирин - дар 14 апрел будааст. Ба ҳар ҳол боз баъд аз муайян шуданаш телеграф мекунем. Аз ҳамин ҷо гирифта бурданияк ҷой барои шумо аз хотир фаромӯш нашудааст. Рӯйхати иштироккунандагон ҳоло ба тарзи қатъӣ муайян нашудааст. Тахминан дар 22-умҳо мешавад мегӯянд. Бинобар ин аз нависандаҳо кӣ мераваду кӣ намеравад, ҳанӯз маълум нест.

Домулло Лоҳутӣ дар ҳамин ҷо, дар 22-умҳо баромада рафтанӣ.

Ба Юсуфӣ ва аҳли хонадон салом.

Бо салом Деҳотӣ.

  1. .

Устоди муҳтарам!

Пас аз сафари Грузия чанд рӯз аст, ки ба таҳрири (мутолиаи) китоби тартибдодаи шумо – “Мир Алишери Навоӣ” машғул ҳастам. Имрӯз дар ҳамин соат ба қисми ғазалиёти китоб расида мондам...

Дар тобистони соли гузашта ҳамроҳи Улуғзода муқаддимаи “Бӯстон”-и Саъдиро хонда, ба маҳорати тадқиқотии шумо дар байни худ таҳсин карда будем. Аммо мутолиаи ин китоб чунон шавқ бахшид, ки маҷбур ҳастам асари онро ба рӯи коғаз қайд карда, изҳор кунам. Беғараз ва бе ҳеч гуна риёкорӣ арз мекунам, ки фақат шумо метавонистед ба хонандагони тоҷик симои Алишер ва замони вайро бо чунин тасвирҳои дурахшон нишҳон диҳед.Ҳарчанд ки дар вақтҳои кори шумо амалан воқиф набудам, лекин бо вуҷуди ҳамин тасаввур кардан мумкин аст, ки он ҳама замони пурхараҷу мараҷ, ҳодисаҳои печ дар печ, даъвою ҳуҷҷатҳои бешумори гуногунро ба як риштаитартиб кашидан, ниҳоят ғазалҳои парешон ва бенишон шуда рафтаро ғундошта ба хонанда тақдим кардан ва ғайра ва ҳоказо...чӣ қадар мушкил ва оворакунанда аст. Чӣ андоза тафтишоти суботкорона, ҳавсала ва қувваи бузургимантиқро талаб мекунад. Ба рафиқон тавсия кардам, ки албатта хонанд. Қисматҳои дар журнал баромадааашро хонда, баъзе рафиқон баҳоинағз доданд. Давомашро ҳам дарҷ мекунем.

Имрӯз артистон ва роҳбарони санъат ҳама ба Москва рафтанд. Моҳо аз ин ҷо дар якуми апрел баромаданӣ шудем. Боз ба шумо телеграмма дода, маълум мекунем.

Дар якчанд ҷои китоби Навоӣ савол мондам ва навишта гирифтам. Нашриёт инро дар Ленинград чоп кунонданӣ будааст. Ман гуфтам, ки аввал ба Москва ба адреси ваколатхона ба номи ман фиристанд, то ки саволҳояшонро бо шумо дар ҳамон ҷо ҳал кунем ва баъд аз он худамон (бо хати расмии нашриёт) ба Зингер мефиристонем. Қабул карданд.

Шумораи дуввуми журналро фиристодем. Шояд расида бошад.

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

Сталинобод, 26 марти соли 1941, соати яки шаб.

Устоди муҳтарам!

Маъзур медоред, ки ба мактуби охиринатон хеле дер ҷавоб гардонда истодаам. Сабабашро Миршакар навишта буд. Дар Комиссариати ҳарбӣ будам.

Ба қатори дигарон ба шумо ҳам фиристодани газетаро Союзпечать манъ карда будаст. Ман гуфтугӯй кардам. Аз ЦК ягон амр гирифтан лозим будааст, ки боз фиристода истанд. Чанд вақт боз рафиқ Ғафуровро дида наметавонам. Он кас холӣ бошанд, ман банд, ман холӣ бошам, он кас банд.  Аммо аз рӯзи расидани хат эътиборан бо муҳаррири “Тоҷикистони Сурх” гапзанон карда будам. Вай розӣ шуд, ки  то ҳал шудани масъала аз худи идора якнусхагӣ фиристад.  Чанд шумораашро (аз ҳамин ҷумла шумораҳои материалатон баромадагӣ ҳам) дар пеши назари худам печонда фирситоданд.  Ғайр аз ин боз ҳар сари чанд аз котиб фиристодан ё нафиристоданашро пурсида меистам. Умедворам, ки акнун мерасидагист.

Абдушукур дар худи Москва дар курси ҳарбӣ хонда истодааст. Аҳрорӣ (Ҳабиб Аҳрорӣ, адиб ва тарҷумони тоҷик) дар ҳамин ҷо - дар нашриёт ба қавли худаш “тилмоч” шуда гаштаст.

Мақолаҳо ва шеъратонро дар вақташ ё дар корректура, ё баъд аз машинка, ба ҳар ҳол ҳамаашонро хонда баромадам. Ҳозир як маҷмуа тартиб дода истодаем, ки ҳамаи ин чизҳо ба он ҷо дароварда мешавад.

Саломатӣ ва муваффақияти коратонро орзу мандам.

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

Сталинобод, 17 октябри соли 1941.

Устоди муҳтарам!

“Марши интиқом”-ро дар идораи “Тоҷикистони Сурх” хондам. Бо маслиҳат ва машварати рафиқонба ду ҷояш тағйирот дароварда шуд:

  1. Банди “Чехия...” то охираша бароварда шуд. Зеро ки мисраи “Гӯшташон об гашт, пӯсташон хик шуд” ҷиддияти шеърро меравонидагӣ барин намуд, чунончи таҷриба нишон дод, ҳам дар редакция, ҳам дар Союз ҳар кас мехонд ба ҳамин мисраъ омада, бо вуҷуди ҷиддӣ ва ғамангез будани мазмун беихтёр механдид.

Албатта, аз сислсилаи номбари мамалакатҳои забткардаифашизм баровардани номи Чехия ва Словакия аз як ҷиҳат дуруст набошад ҳам, мо ба мулоҳизаҳои боло ба ин кормаҷбур шудем. Баъд, ба қавли рафиқон, дар шеър пурра ва ё ноқис будани рӯйхат аҳамият надорад.

  1. Мисраи “Нозанин духтарон зери дасти харон”-ро ҳам тағйир додан лозим шуд. Зеро баъзе хонандаҳо ба ҳар тараф кашола карда, ба маъниҳои дигар бурда мегарданд. Мутолиаҳои аввалини баъзеҳо чунин нишон дод. Ҳарчанд аз адаб набошад ҳам, дар ин ҷо зикр кардани як мисоли вайронкории баъзе хонандаҳоро лозим мешуморам. Раҳим Ҷалил “Ба аэропланчӣ духтар” гуфтанӣ шеъре дорад, ки як мисрааш ин аст: “Аҷоиб ҷонивар дар зери фармони ту мебошад”. Баъд аз чанд рӯзи чоп шудани шеър ҳамин мисраро  як хел одамон ин тавр мехонданд: “Аҷоиб ҷонивар дар зери домони ту мебошад”.  Инак, аз ҳамин  сабаб  ман аз рафиқ Лоҳутӣ илтимос кардам, ки охири мисраи мазкурро дигар кунанд. Он кас бо маслиҳати рафиқа Бону (ҳамсари устод Лоҳутӣ, шоир ва мутарҷим) ин тавр карданд: “Нозанин духтарон дур аз модарон”.  Баъд аз рафтани онҳо дуруст фикр карда дидем, ки ин ислоҳ маъқул нашуд.  Охири ин мисраро бо охири мисраи дуюм бадал кардем. Дар натиҷа чунин шуд:

Нозанин духтарони синачок аз синон,

Ширмак кӯдакон дур аз модарон.

Рафиқон Лоҳутӣ ва Бону ислоҳи худсаронаи моро тасдиқ карданд ва муболиға карда “бисёр хуб шудааст” гуфта монданд. Акнун намедонам, ки Шумо чӣ тавр ҳисоб мекунед?

Аз шумораи “Деви ҳафтсар” чопшудагии “Тоҷикистони Сурх” ягонта ҳам намондаааст. Идораи “Коммунист Таджикистана” ваъда дод, ки ягонта ёфта диҳад.Ҳар гоҳ гирам, мефиристонам. Аз рафиқ Лоҳутӣ ба Шумо салом. Бисёр орзу доштаанд, ки Шумо ҳам дар Душанбе бошед.

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ

Саталинобод, 20 ноябри соли 1941.

Барои табрикатон аз тарафи худам ва аҳли хонадон миннатдорӣ изҳор мекунам.

Устоди муҳтарам!

4-5 рӯз пеш аз ин мактуби 25-уми март навиштаатонро гирифта ба пеши рафиқ Имомов даромада арз кардам, он кас шахси мутасаддии корҳои роҳи оҳанро ҷеғ зада супурд, ки 13 апрель барои Шумо ба ман дар вагони международный як ҷой диҳад:инчунин изҳор кард, ки ҳамон рӯз ба ман хотиррасон кунед, ба ваколатхонаи Тоҷикистонг дар Москва телеграмма диҳем, ки барои пешвоз гирифтани оилаи домулло мошина диҳад ва барои ба даст даровардани билети роҳи оҳан ба тарафи Сочи ёрӣ расонад. Дар вақти гирифтани билет ба шумо бо телеграф хабар медиҳем.Ва ҳамин тариқ ин масъаларо ҳал шудагӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Фақат барои гирифтани пул эътимоднома мефиристодед, беҳтар мешуд.Чунки ҳисобчии Союз каси формалист аст. Агар ин кор боиси ташвишатон мешуда бошад, аз Нашриёт мегирем.

Ба фикрам шароити моддии китоби “Алишери Навоӣ” акнун хеле беҳтар шуд вабарои ин ки фиристодани пул ба таъхир наафтад, бо хоҳиши маъмурияти Нашриёт ба шартнома аз ҷониби шумо ман имзо кардам. Дар ин хусус мактуби идораи Нашриёт ба шумо расидагист.

Имрӯзҳо аҳволи саломатиам хуб нест: ангинаи лаънатӣ боз чанг бар гулӯям зада, маҷбур ба хонанишинӣ кардааст.Бо вуҷуди ин, ба сабабии тангии вақти юбилей боқимонда шабу рӯз чопи мошинкагии “Навоӣ”-ро аз нав хонда истодаам.Шахси аз арабӣ диктакунанда, ки аслан на ҳама калимаҳоро пухта хонда метавонистааст (хусусан дар шеърҳо) дар вақти ба назди мошинистка хондан бисёр нос мекашидааст ва мошинистка ҳам бе ҳеч муҳокима аз рӯи шунидиталаффузи носкашонаи ӯ чоп карда гирифтааст.Дар натиҷа чунон ғалатҳо бисёр рафтаанд, киҳуш аз сари кас мепарад ва агар кас қасд кунад ҳам ин қадар ғалатҳои аҷиб ва ғариб карда наметавонад. Ноинсофҳо ҳатто суханҳои бо зеру забар навишташударо ҳам хато чоп кардаанд. Афсӯс, ки аз дароз шудани сухан ибо мекунам, вагарна чанде аз онҳоро ба ин ҷо мекӯчонидам.

Ҳоло ислоҳ мекунам ва асабам ба ҷӯш омада “хитой” мешавам. Гоҳо ба хотирам фикре монанди даъвои “омад ба сарам аз он чи метарсидам” мегузарад ва худ ба худ мегӯям: “Агар аҳволи аз арабӣ чопкунӣ ҳамин бошад, баъд аз сари ман чӣ кор мекунетон?” Аз ин шаф-шафи ғайри ҷиддӣ мақсад ҳамин аст, ки Нашриёти мо ба монанди Муҳаммадҷонови марҳум як мошинисти босаводи аз арабӣ чопкунанда дошта бошад, вагарнамушкилии ба сари ман омада ба сари ҳар каси ба арабӣ кораш афтода низ меояд.

Ба иловаи ин як мушкили дигар – имлои (ба ҳарфҳои калон ё хурд, ҷудо ё якҷоя навиштан) ном ва лақабҳои се-чорқабатаи султонҳо, мирзоҳо, амирҳо, мавлоноҳо ва дигар ашхоси таърихӣ аст. Бо маслиҳати рафиқон навъе карда истодаам, намедонам ба Шумо маъқул мешавад ё не.

Аз ҷумла Абулқосимро диктакунанда “Бобир” хонда будааст. Аммо ман ба имлои русӣ ва талаффузи тоҷикии ин ном (чунончи “ ин чиз аз Бобурхон мондагӣ” мегӯянд) такя карда, дар ҳама ҷо “Абулқосим Бобур” кардам. Вақте ки дар шарҳи як муаммои ба номи Бобир равшан ва гӯё бо зер “Бобир” навиштани Шуморо дидам, ҳайрон шудам, ки оё кадоми ин вариантҳо дуруст аст: Бобир ё Бобур? Дар ин хусус мунтазири ҷавоби шумо ҳастам.

Калимаи “мир”-ро дар баъзе ҷойҳои китоб ба номи Алишер илова кардам. Дар бораи ду таърих муаммое, ки аз они Ҳайрат (Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878 – 1901), як аз шоирони маъруфи ахири асри 19-и тоҷик) ва худатон буда, дар китоб мондан ва намонданашонро ба ман ҳавола карда будед, ба ҳамин қарор омадам, ки истанд, чуники будани онҳо тавсифи муамморо пурратар мекунад.Зотан ин услуб ба таълими Шумо хос аст, ки дар вақти тасвири як воқеа як қатор воқеаҳои дигарро ҳам қайд мекунед ва ман борҳо аз аҳлиадабиёт шунидаам, ки мегӯянд: “Дар асарҳои домулло баъзе эпизодҳои аз мавзӯъ берун бошанд ҳам, ҳамчун материал хеле пурқимматанд”.

Иораи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кори тартиб ва назорати чопи маҷмӯаи дуҷилдаи шуморо ба камина супурд. Баъд аз ҷопи мошинка аз як сархонда мебароям. Ҳоло ҳамин қадараш ба хотирам мерасад, ки“Аҳмади девбанд” ва “Одина” муқаддимачаҳо доштанд, ки ҳар кадом дар мавридҳои муайян навишта шуда буданд. Оё онҳо мисли як ҳуҷҷатитаърихӣ дар ҳоли худ мемонанд, ё ки дида ислоҳ ва табдил мекунед? Дар ин бора мулоҳизаатонро нависед, ки мувофиқи он рафтор кунем.

Ба саҳифаи титули “Алишери Навоӣ” дар зери номи китоб аз худам ду ҷумла гап илова кардам ва азбаски масъалаи муҳим буд, як нусхаи онро барои тасдиқ ба шумо фиристодам.

Мактуб дароз малолатовар шуд, мебахшед. Ба худатон ва аҳли хонадонатон саломатӣ ва осоиш металабам. Аз Фарҳод, Рустам, Баҳодур (писарони Абдусалом Деҳотӣ) ва модарашон салом.

Бо салом ва эҳтиром Деҳотӣ.

Сталинобод, 6 апрели соли 1948.

Бознашр аз “Куллиёт”-и Абдусалом Деҳотӣ, Нашриёти “Ирфон”, 1966

(Идома дорад)

Мутолиаи бахшҳои пешин:

Бахши аввал 

Бахши дуввум 

Барчаспҳо: