Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа соли равон зери унвони “Фурўғи субҳи доноӣ ...” озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Яке аз мутасаддиёни баргузории озмуни мазкур Китобхонаи миллӣ мебошад ва барои омода кардани ҷойи баргузории озмун дар даври чоруми он (даври ҷамъбастӣ) муваззаф шудааст.
Бинобар ин, дар Китобхонаи миллӣ толори махсуси баргузории даври чоруми озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ...” ва толори ҳакамон ташкил карда шуд. Ситоди озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” таъсис ва дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир карда шуд, ки барои раҳнамоии довталабони озмун мунтазам фаъолият дорад. Дар даромадгоҳи асосии бинои Китобхона овезаҳои таблиғотию роҳнамоии озмун насб карда шудааст. Алалхусус, барои осону мукаммал дастраси довталабон гардонидан асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан дар озмун тавсия дода шудааст, дар Китобхонаи миллӣ дар як толор ҷамъоварӣ шуда, маҷмўаи электронии онҳо дар ҳомилҳои электронӣ – CD-дискҳо ҷой карда шудааст. Хадамоти китобдорию хидматрасонӣ ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ созгор аст.
Роҳбарият ва коллективи кормандони Китобхона ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радио, матбуоти даврӣ ва сомонаи Китобхона фаъолияти пурсамар доранд. Аз ҷумла, мусоҳибаи директори Китобхона бо хабарнигори нашрияи “Садои мардум” таҳти унвони “Фурўғи субҳи доноӣ...” минбари хирадафрўзӣ мебошад” аз 02.05.19, №49 (3999), баромади якчанд сардорони шуъбаҳои муассиса дар барномаи таҳлилӣ-фарҳангии “Ҳукм”-и телевизиони “Сафина”, намоиши китобҳо бахшида ба рўзҳои “Дарҳои боз” ва санаҳои ҷашнӣ ва инчунин мусоҳибаҳои зиёди радиоии китобдорони муассиса намунаи ин гуфтаҳост.