Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” профессор Файзализода Ҷумахон Хол ба муносибати рӯзи “Модар”

Зан-модар сарчашмаи зиндагӣ, олиҳаи меҳру вафо, фариштаи садоқату ростӣ ва ҳаётбахши башарият аст. Зан-модар шоҳсутуни хонавода, тарбиятгари фарзанд, намунаи ихлосу садоқат ва сабру шикебоӣ мебошад.

Занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон аз мақому мартабаи баланд бархӯрдор буда, дар тамоми шохаҳои ҳаёту фаъолияти ҷомеа нақши муҳимро адо менамоянд. Дар давоми се даҳсолаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷалби бештари онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва таъмини шароити созгори кору зиндагӣ як қатор қарору қонун ва стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати босамари ҳукумати мамлакат мебошад, ки имрӯз занон дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши калидиро мебозанд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо мақсади фаъолияти босамари занон шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ҳамин аст, ки имрӯз қисми бузурги кормандони Китобхонаро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки бо дониши хуб, ахлоқи намунавӣ, маҳорату истеъдоди фавқулода ва ҳисси баланди ватандориву масъулиятшиносӣ дар амалисозии ҳадафҳои фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат содиқонаву софдилона адои хизмат менамоянд.

Нақши бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушду инкишофи илму маориф, махсусан соҳаи китобу китобдорӣ ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки бонувони Китобхона бо дарки баланди масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ ва саҳмгузор будан дар рушди маънавиёти наслҳои имрӯзу фардои Ватан, дар татбиқи ҳадафҳои наҷиби давлату ҳукумати Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бонувони Китобхона ва дар симои онҳо тамоми занону духтарони тоҷикро ба муносибати рӯзи “Модар” самимона шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, иқболи баланд, рӯзгори осуда, файзу баракат ва дар кору зиндагӣ барору муваффақият таманно менамоям.

Бигзор саодату иқбол, шарафу эътибор ва шодиву фараҳ меҳмони ҳамешагии кошонаҳояшон бошад.

Рӯзи “Модар” муборак!        

Барчаспҳо: