Дар Китобхонаи миллӣ Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар оғоз ба кор кард

   Дар Китобхонаи миллии Тоҷикисон Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар бо ширкати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз ба кор кард. Дар ҷаласаи муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, аъзои Шӯро аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои мамлакат ва мутахассисон ширкат доранд.

   Қарор аст то анҷоми кор Шӯро сари се м асъалаи калидӣ баҳс кунад: таҳлили вазъим нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва тадобири пешгирии он,  вазъи густариши Вируси норасоии масъунияти одам, маълумот дар мавриди иҷрои  қарорҳои  Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистифодаи маводи нашъадор аз 12-уми феврали соли 2019.

   То ин лаҳзаҳо дар масъалаи аввал Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода суханронӣ кард ва вазъи нашъамандӣ дар кишварро мавриди таҳлил қарор дод.

   Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа атрофи масъалаи дуюми ҷаласа изҳори назар намуд.

   То 30 июни соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 888 нафар ҳамчун нашъаманд сабти ном шудаанд, ки 128 нафари онҳо занон мебошанд.

   Зиёда 4 ҳазор нафар аз ҳисоби умумии нашъамандон афроде мебошанд, ки маводи мухаддирро бо усули тазриқӣ истеъмол мекунанд.

Барчаспҳо: