Юсуфҷон Аҳмадзода соли 1947-ум дар ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1965-ум ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил мешавад ва баробари таҳсил нахуст дар нашриёти "Ирфон", баъдтар дар нашриёти "Адиб" то соли 2010 кор мекунад. Аҳмадзода аз оғоз барои кўдакону калонсолон асарҳо офарида, даҳҳо маҷмўаву достон ва қиссаву афсонаҳои хуберо бо номи "Хурсандӣ", "Ҳулбў", "Садсола шав-е, Дурроҷ!", "Панҷоҳ барг", "Оинаи дидор", "Модарбузург ва Азроил", "Абри сафед", "Мўрчае дона ёфт", "Хумори ишқ", "Наҷвои хўшаҳо", "Ҳафт рўъё" ва "Ишқи духтари кулаҳпўш"-ро ба нашр расонидааст.
Сурудҳои сарбозӣ ҳамчун маъхази арзишманде барои омўзиши таърихи халқи тоҷик хидмат мекунанд. Сарбозгарӣ дар даврони пешин чун воқеаи дахшатбори давр ба сари аҳолии камбизоати Осиёи Миёна, аз чумла тоҷикон, бадбахтиҳои зиёде меовард. Сарбозҳоро ба лашкари амир бо усули тақсим ва қуръа, баъдтар бо роҳи маҷбурӣ ҷамъ меоварданд.
Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгўй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ў ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
Ҷелмат Шерматзода 9-августи соли 1954 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намуда, соли 1976 дар кафедраи
19-уми авсусти соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори Китобхона профессор Абдусалом Мирализода мулоқот намуд.
Вучёл Ли ва Абдусалом Мирализода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Куриё изҳори назар намуда, хостори гуcтариши ҳамкориҳо барои солҳои оянда шуданд.