Аз Юсуфҷон Аҳмадзода чӣ метавон хонд?
Нашр шуд 2019-08-21 13:50
Юсуфҷон Аҳмадзода соли 1947-ум дар ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1965-ум ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил мешавад ва баробари таҳсил нахуст дар нашриёти "Ирфон", баъдтар дар нашриёти "Адиб" то соли 2010 кор мекунад. Аҳмадзода аз оғоз барои кўдакону калонсолон асарҳо офарида, даҳҳо маҷмўаву достон ва қиссаву афсонаҳои хуберо бо номи "Хурсандӣ", "Ҳулбў", "Садсола шав-е, Дурроҷ!", "Панҷоҳ барг", "Оинаи дидор", "Модарбузург ва Азроил", "Абри сафед", "Мўрчае дона ёфт", "Хумори ишқ", "Наҷвои хўшаҳо", "Ҳафт рўъё" ва "Ишқи духтари кулаҳпўш"-ро ба нашр расонидааст.
Ҳамчунин асарҳои адибони маъруфи ҷаҳон Бародарон Гримм, Андерсен, Ҳауфф, К. Чуковский, С. Маршак, С. Михалков, П. Мўъмин, Агня Барто, Витаутас Бубнис, Арво Валтон, Л. Тудев ва дигаронро ба тоҷикӣтарҷума кардааст.
Чанд сол пештар дар ҳафтаномаи фарҳангии “Рӯзгор” суҳбати хабарнигори он Баҳман бо Юсуфҷон Аҳмадзода, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон интишор ёфта буд. Ин як пораи кутоҳ аз он суҳбат:
- Устод, орзуи Шумо аз нахуст шеъру шоирӣ буд ё…?
- На! Балки шофирӣ. Вақте падарам баъд аз кор меомаданд, ҳамаро бўйи бензини мошин мегирифт, ки бароям гуворотар аз атр буд. Оре, ҳамчунон ишқу ҳавасе маро муставлӣ мешуд, ки пинҳон аз падар, дар ҳоле ки поям ба газу торомози мошин намерасид, бо як илоҷе дар кўчаҳои хилвату саҳрои васеъи назди ҳавлиамон мошин мерондам. Роҳате аҷибу кайфияте наҷиб бар ман меомад, ғуруре ҳувайдоям мешуд, хоса, миёни духтару духтарчаҳои ҳамсоя, ки бо як ҳавас, бо нигоҳҳои пур аз меҳр мутаваҷҷеҳ мешуданд.
- Пас, чӣ гуна даст ба шеъру шоирӣ задед?
- Тасодуфан! Айёми пахтачинӣ буд, ки садое баланд шуд:
- Ҳа, Юсуф-шоир! Монда набошӣ?..
Ин овози акои Усмонҷон буд. Дар синфи даҳ таҳсил мекард. Ман дарҷавоби ў бо қаҳр гуфтам:
- Мебахшед, худатон шоир, ако.
Усмонҷон хандида, китобчаеро нишонам дод, ки рўйи муқовааш Юсуф навишта шуда буд. Аммо ҳуруфи боқиро бо кафи даст ниҳон медошт, ки лаҳзае пас малеҳ хандиду ба дастам дод:
- Хон, шояд шоир шавӣ…
Чун гирифтам, китоби шоири халқӣ Юсуф Вафо буд, ки шеърҳои равону часпонаш дилбастагии маро ба давоту қалам ноаён, ҳамвора-ҳҳамвора меафзуд. Қариб комилан аз бар карда будам ва миёни шарикдарсонам бисёр мехондам, хосса, шеъри "Имшаб то рўз дар хона, Шуд ҷанги рустамона"-ро, ки аксари хонандагонро шайдо мекард....
Аммо баъд чӣ? Посухи ин суолро шумо аз мутолиаи матни комили ин мусоҳиба, ки ИН ҶОСТ, метавонед бихонед. Аммо чанд китоби ӯро дар толори хониши наврасон ва кӯдакони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.