Ҷонварсозӣ дар “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъ ҷонварсозӣ буд.

Мураббӣ чун анъанаи дарсҳои гузашта ба кӯдакон дар бораи ҷонварон маълумот медод. Дар маҳфиле аз ин пеш “Моҳии заррин” ва ҳафтае баъд “Момоҳаво” сохтанд.

Дирӯз бошад ба хонандагони хурдсол сохтану кашидани “Заргӯшак” супориш шуд.

Заргӯш ҷонвари ҳам ҷангаливу ҳам хонагист. Аз ин рӯ ба бачаҳо бештар маълум аст. Барои бачаҳо дар бораи заргӯш ва хислаҳои вай маълумот дода шуд. Азбаски ин ҷонвар ба онҳо аз филмҳои тасвирӣ зиёд маълум аст, дар офаридани симояш аз худ чолокӣ ва зиракӣ нишон доданд. 

Ҳамчуноне ишора рафт, дар ду ҳафтаи аз ин пеш хонандагон аз моҳии заррин ва момоҳаво мисли афсонаҳо симоҳои дилчасп сохта буданд.