Ҷелмат Шерматзода - китобдор ва китобшиноси маъруф
Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгўй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ў ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
Ҷелмат Шерматзода 9-августи соли 1954 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намуда, соли 1976 дар кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи мазкур ба ҳайси омўзгор ба кор шурўъ менамояд.
Солҳои 1978-1979 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ даъват шуда, пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ фаъолияти худро ба хайси директории маҷмўи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Айнӣ идома медиҳад. Бо ташаббуси ў нақшаи ҷорӣ ва дурнамои фаъолияти китобхона тарҳрезӣ шуданд. Тамоми маводи коргузорӣ ба забони тоҷикӣ таҳия гашта, низоми хадамоти китобдорӣ дар китобхонаи марказӣ ва филиалҳои он сифатан беҳтар шуд.
Ў бо истифида аз имконоти мавҷуда, дониши назариявӣ ва таҷрибаи омўзгории худро дар амалияи кори китобхонаҳо санҷид. Бо ҳамин восита ў ба вазъи кори китобхонаҳои деҳот, пуррагию камбудии захираи китоб, раванди ташрифи хонандагон ба китобхона, гуногунии рағбатҳои хонандагон, сатҳи дониши касбии китобдорон, заминаи моддию техникии китобхонаҳо ва мушкилоти мавҷудаи онҳо аз наздик ошно гардид. Ҷелмат Шерматзода ба ҳайси роҳбар ва муҳаққиқи ҷавон вазъи китобхонаҳои ноҳия, бахусус деҳотро мавриди омўзиш қарор дод ва шояд ҳамин омўзиш роҳи минъбадаи фаъолияти илмии ўро муайян ва барои интихоби мавзўи рисолаи номзадии эшон таҳкурсӣ гузошт.
Соли 1980 Ҷелмат Шерматзода фаъолияти худро дар кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода идома медиҳад.
Соли 1982 вай ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии маданияти Москва дохил мешавад. Таҳсил дар ин боргоҳи илму ҳунар ба ў имконият дод, ки дар муддати начандон тўлонӣ нақшаҳои илмии хешро амалӣ созад. Ў рисолаи номзадиро доир ба мавзўи «Китобхонаи деҳот ҳамчун субъекти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзадии илмҳои педагогӣ мушарраф гардад.
Қобилияти кордониву масъулитшиносии Ҷелмат Шерматзодаро ба эътибор гирифта, ўро декани факултаи китобдории Динишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин намуданд. Дар ин вазифа ў аз соли 1991 то соли 1997 фаъолият намуд.
Дар сохтори нақшаи таълимӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Масалан, мувофиқи нақшаи таълимии соли 1984 факультаи китобдорӣ мутахассисонро аз руи 3 тахассус: «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти бадеӣ ва адабиёт оид ба санъат», «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти ҷамъияти сиёсӣ», «Китобхонашиносӣ ва библиографияи адабиёти бачагона» тайёр мекард. Ў дар нақшаи нави таълимии соли 1991 ба ин тахассусҳо тағйирот ворид намуда, ба ҷои се тахассуси пешина тахассусҳои нав: «китобдори китобхонаҳои илмию оммавӣ», «китобдори китобхонаҳои техникию кишоварзӣ» ва «китобдори китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ»-ро дохил намуд.
Соли 2005 Ҷелмат Шерматзодаро Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Таҳти сарварии ў Пажуишгоҳ чун муассисаи илмию таҳқиқотӣ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Мазмуну мундариҷаи фаъолияти бахшҳои он ба талаботи воқеии илм ва ақоиди асосии рушди фарҳанги мамлакат мувофиқу созгор карда шуданд.
Дар радифи дигар корҳои Пажуишгоҳ, ки бештари онҳо бо ташаббуси Ҷелмат Шерматзода ба сомон расиданд, таъсиси маҷаллаи илмию оммавии «Фарҳанг ва ҳунар» муҳимтарин дастовард дар соҳаи фарҳанг маҳсуб меёбад.
Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгўй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ў ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
Шодравон дар тартибу таҳияи чандин лоиҳаҳои асноди қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг бевосита ширкат варзида, дар рушду такомули сиёсати фарҳангии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Хизмати Ҷелмат Шерматзода дар рушду такомули илми китобдории тоҷик, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа хеле калон аст. Гурўҳе аз шогирдони ў номзад, доктори илм, дотсент ва профессор мебошанд.
Ҷелмат Шерматзода аз зумраи шахсони бофарҳангу накўгуфтор, ҳалиму хоксор, масъулиятшиносу ҳалолкор ростқавлу покизаниҳод буд.
Осори гаронбаҳои ин марди фозил ки саршор аз нукоти омўзанда аст, барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии донишҷўён ва мутахассисони соҳа мусоидат хоҳанд кард.
Бозчоп аз «Ҷелмат Шерматзода: Китобномаи шарҳиҳолӣ». – 2009. – 68 с.
Муаллиф Тошев Ш
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҷелмат Шерматзода ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед суроғ кунед
Тарбияи ҳуқуқии ҷавонони деҳот: Маслиҳатҳои методӣ ба ёрии китобхонаҳои оммавӣ / Муҳаррир Ҷ. Раҷабов. – Душанбе: КД ба номи А. Фирдавсӣ, 1983. – 20 с.
Закон обо мне и мне о законе: Метод. рекомендации по пропаганде правовых знаний. – Душанбе: ГРДБ Тадж ССР, 1983. – 15 с. – Бо ҳамкории Л. Гридасова.
Роҳнамоии хониши муроҷиёни гуногунмиллат дар китобхона: Барномаи курс барои факультети китобдорӣ / Муҳаррир С. Сулаймон. – Душанбе, 1990. – 18 с.
Услуби тарбияи ҳуқуқӣ дар китобхона: Дастури таълимӣ. – Душанбе. – 1990. – 50 с.
Бахт ёратон бод фарзандонам: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1970. – 6 декабр.
Бин қудрати мо: Шеър // Машъал. – 1971. – №2. – С. 5.
Бо ташабуси китобдор: Мухбиронамон менависанд // Меҳнат. – 1971. – 20 май.
Дар-дар: Сатрҳо аз мактубҳо // Меҳнат. – 1971. – 20 май.
Китобхонаи мактаб ва роҳбари ба хониши хонандагон // Мактаби советӣ 1977. – №6. – С. 12-13.
Китоб чӣ хел пайдо шуд?: Очерк оид ба таърихи пайдоиш ва ҳунари китобаткунӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1981. – 6 май.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест // Пионери Тоҷикистон. – 1982. – 18 апрель.
Тарғиботчӣ: Таҷрибаи пешкадами китобдор Б. Муҳиддинова доир ба тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ доир ба занон // Занони Тоҷикистон. – 1983. – №12. – С. 17.
Эй нури ду чашмони ман: Шеър // Шерматзода, П. Дили ман ишк мехоҳад: Гулдастаи назм ва наср / Муҳарир Гулназар Келдӣ. – Душанбе: Деваштич. – 2004. – С. 98.
Пешгуфтор // Гулзори Гулназар: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Зери назари Ш.Тошев. – Душанбе: Эҷод, 2005. – С. 3-5.
Навидҳои фарҳангӣ: Роҷеъ ба Конфронси байналмилалии китобдорон дар Қрим // Фарҳанг ва ҳунар. – 2007. – №1. – С. 39-40.
Дар бораи олим
Кўчмуродов, А. Маҳфили навқаламон // Меҳнат. – 1971. – 15 январ.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодию иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 1991 / Мураттиб А.Ҳ. Раҳимов. – Душанбе, 1992. – 40 с.
Тошев Ш. Ганҷинаи миллӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 24 июн.
Авғонов Қ. Родмарде дар фарози фарҳанг: Ёднома // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 19 октябр.
Тошев Ш. Шерматов Ҷелмат // Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ / Мураттибон Ҳ. Маҳмадҷонов, Ё. Сучонӣ. – Душанбе: Эҷод, 2004. – С.73-74.
Ҷелмат Шерматзода: Китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқадимавӣ Ш.Тошев; Зери назари С.Шосаидов. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 68 с.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ