Шаст соли Олимхон Исматӣ

Имрӯз шоир Олимхон Исматӣ шастсолагии худро ҷашн мегирад. Аз ҷумлаи шоирони навпардози кишвар аст, ашъораш миёни мардум маъруфият дорад.

Олимхон Исматӣ 28-уми феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рўзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад.

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад. Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нўш» (1988), «Чил қадам» (1990), «Кокули бом» (1991) ва ғайра чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмуаҳои «Бўсаи нур» (1991), «Ҳаво, рўта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) мебошад.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 96-97.

Аз Олимхон Исматӣ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро суроғ кунед:

Модар; Шоир: Шеърҳо // Риштаборон. – Душанбе, 1984. – С.214-217.

Падар; Боғи падар: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С.246.

Заминларза: Шеър // Дасти дўст. – Душанбе, 1989. – С.71.

Мавҷхез: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1993. – 64 с.

Аз рўи одат: Шеър // Хорпуштак. – 1989. – №5. – С.11.

Бадсигол: Шеър // Хорпуштак. – 1990. – №5. – С.11.

Порахўр: Шеър // Хорпуштак. – 1990. – №8. – С.13.

Афсона: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1991. – 17 июл.

Номаҳо ва ашкҳо / Таҳияи О. Исматӣ // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 3 октябр.

Кай ту тилфун мекунӣ: Тарона // Ҳафтганҷ. – 1992. – №11. – март. – С.6.

Ғазали рўз; Нигаҳ дорад худо!; Гумшуда; Дастрўймол: Шеърҳо // Ҳафтганҷ. – 1992. – №11. – март. – С.6.

Дилрезаҳо: Дубайтиҳо // Паёми Душанбе. – 1993. – 18 феврал.

Арча: Шеър // Анбоз. – 1998. – декабр.

Даъват; Шеъри тар; Худшиносӣ: Шеърҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2002. – 15 март.

Тарҷумаҳои шоир

Степанов, С. Сурат: Ҳаҷвия / Аз русӣ тарҷумаи О. Исматӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1986. – 12 октябр.

Сорокин, В. Хоҳиш: Шеър / Тарҷумаи О. Исматӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 6 сентябр.

Чувв, Ф. Нақши рўзҳо: Шеър / Тарҷумаи О. Исматӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 13 сентябр.

Рихтер, Ю. Пойафзоли гумшуда / Тарҷумаи О. Исматӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 10 март.

Вардгел, Б. Тирамоҳ; Чу бишнидам; Боғ; Шабаҳ дар шеър; Туро мебинам; Пушаймонӣ; Баъди як сол: Шеърҳо / Тарҷумаи О. Исматӣ // Дасти дўст. – Душанбе, 1989. – С.61-66.

Зарян, Н. Фирдавсӣ: Шеър / Тарҷумаи О. Исматӣ // Ҷумҳурият. – 1991. –26 сентябр.

Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ