Activities calendar

08 февраля 2018

Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст...

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Соиб, матлаб рўйи дил, аз кас, ки дар ин аҳд,
Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст.

Соиби Табрезӣ

Неъмат Оташ: шоир, нависанда, дромнавис ва мутарҷим

Шоир, нависанда, пулистист, дромнавис ва мутарҷим... Неъмат Оташ дар ин ҳама муваффақ будааст: ҳам дар шеър ва ҳам дар насру, дрому тарҷума. Ашъораш миёни ҳаводоронаш аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст.

Иттифоқи Нависандагон ин гуна муаррифӣ карда:

АКОБИР ШАРИФӢ

Акобир Шарифӣ, адиби ширингуфтори кӯдакнавис инак беш аз даҳ сол аст, ки миёни мо нест. Вале осори гаронбаҳояш ҳузури руҳонии ӯро нуронитар мекунанд. Адибе, ки ҳанӯз замоне, ки зинда буд, миёни ҳаводорони шеър шуҳрат дошт ва дар зиндагӣ ба камолоти эҷодӣ расида буд. Ва агар зинда мебуд, ҳоло 90-сола буд.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

Хаёте, ки ба саҳна бахшида шуд.

Аз марги ҳунарманди нотакрор Туҳфа Фозилова 33 сол гузашт ва аз мавлудаш 101 сол. Хотираҳо аз ӯ ҳамоно зиёданд, нақшҳои мондагораш аз ёд зудуда нашудаанд. Бонуи ҳунар умри дароз надид, 68-сола буд, ки рафту ҳаводорони ҳунари волояшро дар сӯг нишонд. Ва муддати ин 33 сол аз ӯ чун ҳунарманди пурҳунар ёд мешавад.

Ин сатрҳо ба хотираи устоди баркамол, ситораи