Хаёте, ки ба саҳна бахшида шуд.

Аз марги ҳунарманди нотакрор Туҳфа Фозилова 33 сол гузашт ва аз мавлудаш 101 сол. Хотираҳо аз ӯ ҳамоно зиёданд, нақшҳои мондагораш аз ёд зудуда нашудаанд. Бонуи ҳунар умри дароз надид, 68-сола буд, ки рафту ҳаводорони ҳунари волояшро дар сӯг нишонд. Ва муддати ин 33 сол аз ӯ чун ҳунарманди пурҳунар ёд мешавад.

Ин сатрҳо ба хотираи устоди баркамол, ситораи дурахшони санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ, (СССР) барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рўдакӣ Тўҳфа Фозилова бахшида мешаванд.

Туҳфа Фозилова 25-уми апрели соли 1917 дар шаҳри Тошкад, дар оилаи кулолгар ба дунё омадаас.

Дар дусолагӣ аз падар ятим монда, дар ватани модараш шаҳри Конибодом калон шудааст.  Соли 1934 бо талошҳои драматург Султон Саидмуродов ҳамроҳи актёр Ҳомид Саидаҳмадов, раққос  Ғаффор Валаматзода, мутрибон Шариф Бобокалонов, Зиёдулло Шаҳидӣ ба Сталинобод омада, ба фаъолият оғозид.

Касбҳое ҳастанд, ки ба омўхтан метавон аз худ кунӣ, аммо ҳунарҳое ҳаст, ки ба истеъдоди фитрӣ мурод ҳосил нахоҳад шуд. Тўҳфа Фозилова дорои ин истеъдод буд.

Соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик  дар шаҳри Маскав бо операи миллии «Шўриши Восеъ»-и С.Баласанян иштирок дошт ва дар ин намоиш нақши Гулизорро иҷро мекард. Санъатшиносон дар рўзномаҳо ўро ҳамчун устоди баркамоли опера шумурда, навиштаанд: «хондани вай дар дилҳо эҳсоси сурур, шавқ ва саодатмандиро бедор мекунад. Дар иҷрои ў сурудҳои халқии тоҷикӣ бо як ороиши мусиқии замонавӣ бо ҳам пайванданд».

Нақшҳои иҷрокардаи Туҳфа Фозилова инҳоянд: Гулизор, Нўшофарин аз «Шўриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С.А.Баласанян, Зўҳро аз «Тоҳир ва Зўҳро»-и А.С.Ленский, Татяна аз «Евгений Онегин»-и П.И.Чайковский, Гулӣ аз «Алишер Навоӣ-и А.Уйғун ва И.Султон, Гуноботӣ аз «Қурбонӣ»-и Р.Такур. Бону аз «Рўдакӣ-и С.Улуғзод. Малика «Ҳаёт ва ишқ»-и  Ф,Ансорӣ, Модар аз  «Дасти дўст»-и М.Назаров ва боз чанд нақши мондагори дигар.

Ду нақши хотирмон ба тамошобинони солҳои 70-80 мондааст, ин Кручинина аз «Гунаҳкорони  бегуноҳ»-и Островский ва Танҳобегим аз «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим мебошанд.

Туҳфа Фозилова агар бори аввал  дар рўзҳои даҳаи дар Маскав шуда, соли 1941 чун овозхони опера иштирок карда бошад, пас соли 1957 дар даҳаи дуюми санъати тоҷик дар Маскав ҳамчун ҳунарпешаи драма иштирок намуд. Дар қатори асарҳои драматургони тоҷик театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фоҷиаи Шекспир «Шоҳ Лир»-ро дар Маскав намоиш дод. Тўҳфа Фозилова яке аз мураккабтарин симоҳо, образи Гонереляро офарид. Дар ин намоишнома Артисти халқии СССР Юрий Завадский иштирок дошТуҳфа  Ў аз  санъати баланди Туҳфа Фозилова ба ваҷд омада хитоб кард: “Офарин Тўҳфа Фозиловаи шумоён Ермоловаи дуввум».

Ҳангоме ки ў дар саҳна нақш меофарид, ҷозибаи ҳунари ў тамоми ҳунармандону тамошобинонро ба худ ҷалб мекард. Сирру асрори санъати ў пинҳон набуд. Намуди зоҳирии ў басе саҳназеб буд. Қаду қомати мавзун, ҳусни расою  рўи нуронӣ, мўйҳои дарози  ғафс ба вай аҷаб зебанда буд. Туҳфа Фозилова дар саҳна на танҳо аз рўи услуби хоси ҳунарманд балки аз он дурахши ботиниаш, ки дар образҳояш ҷилвагар буд, шинохта мешуд. Ӯ қариб ҳамаи нақшҳояшро самимона бо завқи баланд ва аз сидқи дил мебозид.

3 феврали  соли 1985, яъне  33 сол пеш Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Тўҳфа Фозилова аз дунё гузашт, лек дар ёди тамошобин чун гули зебои баҳорӣ, чун мушке, ки аз ў бўи муаттар меояд, ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Мисли Тўҳфа Фозилова соҳибҳунарони асил аз саҳифаи ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.

Дар шаҳри Конибодом ба театри драмаи мусиқӣ, ба даргоҳе, ки фаъолияти Тўҳфа Фозилова аз оғўшаш ибтидо гирифт, номи ўро дода, хотираашро абадӣ гардонидаанд.

Бо истифода аз ин навиштаҳо:

1.Алӣ Бобоҷон, Дурахши ситора (очерк ва мақолаҳо). – Душанбе, «Адиб», 2012, 320 саҳ.

2.Нурҷонов  Низом Таърихи театри советии тоҷик, Душанбе, Дониш, 1947, 468 саҳ.

3.Нурҷонов Низом, Тўҳфа Фозилова, Душанбе, Адиб. 2000, 128саҳ .

4.Энциклопедияи Адабиёт ва Санъати тоҷик, Душанбе, Сарредакцияи илмии энциклопедияи миллии тоҷик, 2004, 518 саҳ.       

Ҳар касе мароқ дорад, асарҳои ёдшударо метавонад дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи панҷум мутолиа намояд.        

Таҳияи Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар
.
Расмҳо аз “Азия-плюс!