Таърихи Шашмақом

Соли 2000-ум панҷоҳсолагии таъсисёбии Ансамбли давлатии “Шашмақом” дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи инкишофи ояндаи “Шашмақом”-хонӣ ба тасвиб расид. Ба Ансабли “Шашмақом” мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд “Ансамбли давлатии Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов” номгузорӣ гардид.

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рўзи 12 май ҳамчун “Рўзи Шашмақом”ҷашн гирифта мешавад.

“Шашмақом”, маҷмўи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфии халқи тоҷик аст,ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи “Шашмақом”омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд.”Шашмақом”мероси  мусиқии мардуми тоҷик буда,аз мақомҳои “Бузрук”, ”Рост”, ”Наво”, ”Дугоҳ”, ”Сегоҳ”, ”Ироқ”иборат аст. Дар асрҳои миёна маҷмўи мусиқии классикии тоҷик ба унвони “Дувоздаҳмақом”маъмул гардида буд ва “Шашмақом”идомаи таърихӣ-бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Санъати мусиқии ҳирфӣ, ки мақомхонӣ аз ҷумлаи он ҳост, шурўъ аз давраи ҳукумронии Сосониён (асрҳои 3-7) хеле рушд ёфта буд. Шоҳони  сосонӣ-Баҳроми Гўр ва хусусан Хусрави Парвиз (ҳукумронӣ 590-628) ба санъати ромишгарӣ аҳаммияти махсус дода, эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди ҷамъиятӣ бардоштанд. Дар ин давра як зумра сарояндагону донандагони ҳирфаии созу овоз чун Борбади Марвазӣ (588/89-628/38), Саркаш (568-625), Накисои Чангӣ (549-623), Озодвори Чангӣ(592-649/50 ), Ромтини Чангӣ (557-620) ва дигарон ба миён омаданд,ки тавассути ҳунар ва истеъдоди онҳо пойдевори бинои азими мақомот гузошта шудааст.Эҳтиром ва бузургдошти ҳунар,ғамхории беандоза нисбат ба сарояндагону навозандагон дар дарбори Сосониён омили асосии рушди мусиқии ҳирфаӣ гардид. Мутобиқи тартибу низоме, ки дар дарбори Сосониён ҷорӣ буд, ба мутрибону ҳофизон лозим меомад,ки вобаста ба кулли ҳаводиси рўзгор,ҷашну маросимҳои пазироӣ,ҷашнҳои миллӣ ва ғайра суруд ва тарона офаранд. Худи  ҳамин талабот водор мекард, ки маҳорати овозхонии ромишгарони дарбор нисбат ба сурудҳои мардумӣ сатҳи баландтарро ишғол намояд ва ромишгар мекўшид, ки пайваста оҳангу таронаи нав эҷод кунад. Баъзан ба ромишгарони дарбор лозим меомад, ки бо як ишора “Хуррам бош”,яъне роҳбари гурўҳи ҳунармандон фавран ва бадоҳатан навои тозаеро, ки мувофиқи дархост ва табъи шоҳ бошад,иҷро намоянд. Дар ибтидои асри 5 ҳашт 8  дастгоҳ ё ҳашт воҳиди асосии созандагӣ  дар мусиқии касбии он  замон  ба вуҷуд омада буд. Яке аз аввалин мусиқашиносони Шарқ Абуюсуф ибни Исҳоқ ал-Киндӣ (800-870) дар “Рисолаи фӣ-л-мусиқӣ”(“Рисолаи мусиқӣ”) номи чанде аз онҳо-“Насим”, ”Асброс”, ”Меҳрҷонӣ”, ”Сандон” ва ғайраро овардааст.

Ибни Хурдодбеҳ дар рисолаи “Ал-Лаҳв ва –л-малоҳӣ”(“Бозӣ ва асбобҳои айшу ишорат”) номи якчанд оҳанг – “Бандастон”,”Баҳор”,”Асбос”,”Абрина”,Мозарасбон”, ”Қабо”,”Гоҳ”ва ғайраро оварда, манбаи хеле қадимӣ доштани онҳоро таъкид намудааст.

Баъди истилои араб ва табаддулоти таърихиву иҷтимоӣ, ки дар Эрону Осиёи Миёна руй дод, беҳтарин анъанаву дастовардҳои фарҳангии халқҳои эронинажод аз ҷониби ақвоми мухталифи халифат гуногун қабул гардид. Мусиқии касбии мардумӣ, ки ба шеъри форсӣ-тоҷикӣ иртиботи қавӣ дошту анъанаҳои тоисломии мардуми ин сарзаминро давом медод,дар  ҳудуди мамолики Шарқи Наздику Миёна паҳн гашт ва баъдан (дар давраи Аббосиён) ҳатто ба Аврупо низ роҳ ёфт.Дар сарзамини Бағдод,баъдан дар Андалузия номҳои тоҷикии оҳангҳои мусиқӣ-“Рост”,”Дугоҳ”,”Сегоҳ”,”Чоргоҳ”бо тағироти андаке- “Расд”, ”Дука”, ”Сика”, ”Ҷарка” машҳур гардиданд. Бисёр  истилоҳоти мусиқии анъанавии тоҷикӣ, аз қабили  ”Уфар”, ”Даромад”, ”Чанбар”ва ғайра дар илми мўсиқии арабӣ, аз ҷумла дар ашъори Аъшо номҳои зиёди созҳои мусиқии форсӣ-тоҷикӣ,масалан, барбат истифода шудаанд. Истилоҳи “Мақом” аз феъли арабии “Қома”дар натиҷаи тарҷумаи арабии калимаҳои “дастон”ё “ парда” ба вуҷуд омадааст. Имрўз низ дар бештари кишварҳои арабӣ-Алҷазоир, Марокаш, Лубнон, Яман, Ироқ ва ғайра ба ҷойи истилоҳи “Мақом”-“Нуба”,”Силсила”,”Қатор”,”Навбат”-ро ба кор мебаранд. Мувофиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои 13-17(Китобу-л-адвор”-и Абдулмуъмини Урмавӣ, “Мақосиду-л-алҳон”-и Абдулқодири Гўянда, “Рисолаи мусиқӣ”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайра) “Дувоздаҳмақом”дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот ва дигар марказҳои фарҳангии  асримиёнагӣ маъмул будааст. Мусиқашиносони қадим  мақомҳои марбути силсилаи “Дувоздаҳмақом”-ро ҳамчун намунаи олии мусиқии ҳирфаӣ шаҳр додаанд

Аз рўи далелҳое, ки масалан, дар  “Туҳфату-с-сурур”-и Дарвешалии Чангӣ ва “Мақосиду-л-алҳон”-и Абдулқодири Гўянда оварда шудаанд, маълум мегардад, ки матни оҳангҳои “Дувоздаҳмақом”-ро асосан ашъори  шоирони классики форс-тоҷик ташкил додаанд. Баъзан қисме аз оҳангҳои “Дувоздаҳмақом”ва баътар “Шашмақом”-ро дар асоси матни шеърҳои туркӣ низ иҷро карда мешуд. Маълум аст,ки ин ҳолат баъди машҳур гаштани ғазалёти Навоию Фузулӣ ва дигар шоирони туркзабон, ки дар асоси вазнҳои мустаъмали назми класикии тоҷикӣ эҷод шуда буданд, ба вуқўъ пайвастааст. Анъанаи касбии “Дувоздамақом”дар заминаи навъҳои гуногуни мусиқии тоҷикӣ “Савт”, “Тана”, “Нақш”, “Кор”, “Тасниф”, “Талқин”, “Фар” ва ғайра, ки то имрўз чун шаклҳои алоҳида дар Бухорову Қаротегин (Рашт),Ҳисору Хуҷанд,Панҷакенту Истаравшан ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон давом дорад. Дар оғози  асри 20  дар Бухоро таҳқиқи “Шашмақом”аз ҷониби як идда мутахассисони рус амалӣ гардид. Професор В,А.Успенский бори аввал дар таърих “Шашмақомро”-ро ба нота гирифта,ба номи “Шашмақоми Бухоро”дар Маскав (соли 1924) ба табъ расонд. Дар ин кори хайр ба ў устодони санъати мусиқӣ Бобоғиёс Абдулғанизода ва Бобоҷалол  Носирзода  ёрӣ  кардаанд. Мутаасифона, ҳангоми ба нашр омода кардан матни ашъори тоҷикии мақомҳо комилан ихтисор карда шудааст. Ба вуҷуди ин,нашри аввали “Шашмақом”барои омўзиш ва тарғиби ин асари бузург манбаи пурарзиш гардид. Марҳилаи наву ҷиддии сабт ва гирдоварии “Шашмақом”дар охири солҳои 40 асри 20 (1947) бо ташаббусу раҳнамои бевоситаи устод С,Айнӣ ва Б.Ғафуров оғоз шуда, қарори махсуси Ҷумҳурии Шўравии Сотсалистии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва барои сабти нисбатан комили нотаҳои мақомҳо устодони мусиқӣ, суннатбардорони мактаби иҷроии Бухоро-Бобоқул Файзуллоев (1897-1964),Шоҳназар Соҳибов (1903-1972) Фазлиддин Шаҳобов (1911-1972) баста шуданд. Ин кори бузургу тахрихӣ ба ҳамдастии муҳаққиқи рус Беляев В.М.сурат гирифта, солҳои 1950-1967 дар Маскав нашри комили академии “Шашмақом” дар 5 ҷилд ба табъ расид. Илова бар ин, дар иҷрои Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва гурўҳи шогирдонашон “шашмақом” ба навори магнитофон сабт гардид,ки ҳамчунин сарояндагони хушсалиқа А.Бобоқулов,Б.Исҳоқова,Б.Ниёзов, А.Солеҳов,Н.Тоштемуров,иҷро карданд. Нусхаи ин навор дар захираи тилоии Архиви давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Дар Тоҷикистон ба тарғибу такомули “Шашмақом”аҳаммияти махсус дода мешавад.Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт,ки дар он аввалин бор таълими “Шашмақом”сарояндагону навозандагон аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ монда шуд.

“Шашмақом”чун ҷузви асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрўзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дорад. Бахшҳои қадимии он то имрўз дар ноҳияҳои кўҳистони   Тоҷикистон маъмуланд. “Талқини Дарвоз”, “Ироқи Дарвоз”, “Ушшоқи Дарвоз”, “Дилангез”, “Чорзарб” ва дигар сурудҳоро, ки Акашариф Ҷўраев ҷамъоварӣ карда, ба навори магнитофон сабт намудааст, нишонаи он аст, ки анъанаи “Шашмақом”-хонӣ аз қадимулайём дар кўҳистон низ ҷорӣ будааст.

Соли 2000-ум панҷоҳсолагии таъсисёбии Ансамбли давлатии “Шашмақом” дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи инкишофи ояндаи “Шашмақом”-хонӣ ба тасвиб расид. Ба Ансабли “Шашмақом” мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд “Ансамбли давлатии Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов” номгузорӣ гардид.

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рўзи 12 май ҳамчун “Рўзи Шашмақом”ҷашн гирифта мешавад.

Таҳияи Зебинисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъба
адабиёт доир ба фар
ҳанг ва ҳунар