Китоби мазкур ба таҳқиқи ҷойгоҳи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он бори аввал матни илмӣ- интиқодии рисолаи маъруфи ба илми мусиқӣ бахшида шудаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар мегардад.
Муаллифи китоб доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ҳамчунин муаммои ирфонии истифодаи рамзҳои вобаста ба Дувоздаҳмақом, оҳангҳои маъруфи замон ва номи созҳои мусиқиро дар ғазалиёт ва маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф ва Зулайхо»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз нигоҳи илми мусиқӣ ва ирфон мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Китоб ба доираи васеъи мутахассисони соҳаи адабиётшиносӣ, мусиқишиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ҳамчунин мухлисони мусиқии классики тоҷик пешниҳод шудааст.
Ин китобро шумо, хонандагони азиз метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дастрас ва мутолиа намоед.
Нигина Маҳмудова,
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг
ба фарҳанг ва ҳунар