Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: САБАДБОФӢ
Баъзе сабадбофон навдаҳоро аввал чанд рӯз дар об тар карда, баъд андаке қат карда, ба соя ва ё офтоб мегузоранд. Чунин кор вобаста ба салиқа ва таҷрибаи кори онҳост. Ҳунармандоне низ ҳастанд, ки баъди дар об тар кардан пӯсти навдаҳоро ҷудо мекунанд ва онҳоро дар соя мегузоранд. Пӯсти баъзе навдаҳо ҷудо намешавад, чунки хеле мустаҳкам аст. Дар чунин ҳолат пӯсти навдаро ҷудо накарда, сабад мебофанд. Агар пӯсти навдаҳо ҷудо карда шавад ва он андаке дар офтоб ва ё оташи паст сурх гардад, сабад хушсифат мешавд. Ба хусус сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида, 4–5 рӯз дар таҳхона ва ё хонаи торики сард мегузоранд, то ки сабад қолаб гирад.
Сабадбофӣ, яке аз ҳунарҳои мардумии қадимӣ, ки дар ҳаёти моддии мардуми тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз идома дорад. Шахсеро, ки сабад мебофад, сабадбоф мегӯянд. Б. Ғафуров ишорат бар он кардааст, ки ҳатто дар давлати Юнонии Бохтар дар радифи касбу ҳунарҳои дигар Сабадбофи низ маъмул буд.
Бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофтанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорат нишон медиҳад. Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида ҷамъ меоварад. Ин навдаҳоро барои осон шудани кор аввал чанд рӯз дар соя ва ё офтобрӯя мегузорад, то ки андаке обаш парида, чандирӣ шавад. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳро ба об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафи нӯги навдаро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шурӯъи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъдан як-як онҳоро гирифта, аз қисми поини сабад ба бофтан шурӯъ менамояд. Ҳамин тавр қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофад. Пас аз бофтани сабад онро ба ҷойи махсус мегузоранд, то ки хушк шавад. Баъд аз омода шудани сабад онро бо таври дилхоҳ ранг кардан мумикин аст.
Баъзе сабадбофон навдаҳоро аввал чанд рӯз дар об тар карда, баъд андаке қат карда, ба соя ва ё офтоб мегузоранд. Чунин кор вобаста ба салиқа ва таҷрибаи кори онҳост. Ҳунармандоне низ ҳастанд, ки баъди дар об тар кардан пӯсти навдаҳоро ҷудо мекунанд ва онҳоро дар соя мегузоранд. Пӯсти баъзе навдаҳо ҷудо намешавад, чунки хеле мустаҳкам аст. Дар чунин ҳолат пӯсти навдаро ҷудо накарда, сабад мебофанд. Агар пӯсти навдаҳо ҷудо карда шавад ва он андаке дар офтоб ва ё оташи паст сурх гардад, сабад хушсифат мешавд. Ба хусус сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида, 4–5 рӯз дар таҳхона ва ё хонаи торики сард мегузоранд, то ки сабад қолаб гирад.
Сабадбофон гоҳе мувофиқи супориши дӯстон ва ё харидорон низ сабад мебофанд. Маъмулан, сабадҳои супоришӣ бо диққат ва салиқаи хос, зебу ороиши махсус, аз навдаҳои гуногун, ҳатто бо гулпардозӣ бофта мешаванд. Ин гуна сабадҳо ҳамчун асбоби ороиши рӯзгор дар раф, ҷевон низ гузошта мешаванд. Ҳоло сабадро аз сим, пояи гандум, пластмасса, резин ва ҳатто аз қоғаз низ мебофанд.
Дар гузашта сабадбофӣ ҳунаре буд, ки аз насл ба насл мегузашт. Хонаводаҳое буданд, ки ин касбро аз падару бобоҳои худ омӯхта, онро барои фарзандони худ меомӯзониданд ва аз маҳсули он рӯзгори худро пеш мебурданд
Сабадбофон маҳсули кори худро бо номҳои зерин ифода менамоянд: харсабад, гирдсабад, хӯрҷинсабад, нонсабад, сабади гирда, (калону хурд), охурсабад, сабади дарозрӯя, сабади дастадор, симсабад, сабади коғазӣ ва ғайра. Онҳо анвои гуногуни сабадро мебофанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷм хурду калон ҳастанд. Сабадҳои калонтарин дар кӯҳистон барои кашондани коҳ (гандумпоя) ва баъзан барои чидан ва аз токзор берун бурдани ангур ба кор мераванд, ҳатто ба гуфтаи сабадбофҳо, дар чунин сабадҳо ангур дер мепояд. Ин навъи сабадро дар баъзе манотиқи Ҳисор сабади орҳан мегуфтаанд. Навъи дигарро сабади бирешим мегӯянд, ки тахминан то як метр мешавад. Барои он сабади бирешим мегӯянд, ки ба мисли абрешим хеле нафис аст. Як навъи онро сабади нимча мегӯянд. Ин навъ сабадҳоро занҳои деҳот барои гирифтани қурут ё чизи дигар истифода мебаранд.
Дар гузашта аз навдаҳои дарозу ғавсу бақувват сабадҳои калон месохтанд, ки онро «харсабад», «хурҷинсабад», «гирдсабад» мегуфтанд. Аз ин сабадҳо дар кӯҳистон барои кашонидани чизҳои нисбатан сабуквазн истифода мебурданд. Барои хонаҳое, ки дар кӯҳдоману теппаҳо сохта мешуданд, бо сабад санг, кулӯх, хишт, хок, гач, рег мекашониданд. Дар чунин ҳолат сабад ҳамчун воситаи кори сохтмон ба кор мерафт, ки мушкили кашондани маводди сохтмонӣ аз ин тариқ осон мешуд.
Сабадҳои калонро барои ҷо кардани меваҳо низ истифода мебурданд. Масалан, дар сабадҳои калон ё хӯрҷинсабадҳо (ки бо номи каҷова низ маъруфанд) анҷиру ангур чида, ба ресмон ба мисли хӯрҷин баста ба хар бор карда, ба бозор мебурданд. Ё ин ки дар бозор бештар анҷиру ангур ва гоҳе меваҳои дигарро аз тагу рӯ барг гузошта ба фурӯш мебароварданд. Аз ин рӯ сабад як воситаи муҳими нигоҳ доштани мева ва сабзавот ба ҳисоб мерафт.
Сабадҳои хурд барои корҳои андак истифода мешуданд. Масалан, дар анбори хона дар сабадҳои гуногун анвои хӯрокиро нигоҳ медоштанд. Ин навъ сабадҳоро аз навдаҳои нозук, аз химчаҳо, аз най ва ҳатто сим мебофтанд. Чунин сабадҳоро барои аз ҷое ба ҷое бурдани мева, сабзавот ё анвои хӯрокӣ истифода мекарданд. Дар гузашта (гоҳе ҳоло низ) ба воситаи сабад аз ҷое ба ҷое моҳӣ низ мебурданд.
Дар замонҳои пеш дар Осиёи Миёна дукону растаҳои махсуси сабадбофӣ ва сабадфурӯшӣ вуҷуд доштанд, ки мардум аз он ҷо барои истифода дар рӯзгор сабади дилхоҳи худро харидорӣ мекарданд. Ҳунармандон дар баробари сабадҳое, ки барои рӯзгори мардум заруранд, инчунин анвои гуногуни сабадҳои ороишӣ ва арғумоние аз химчаҳои нозук, қоғазҳои ранга, пластмасса ва сим барои оро додани гӯшаи хона, рӯйи миз, осорхона, дукон ва амсоли инҳо мебофанд.
Дар байни мардум таъбири «гули сари сабад» зиёд ба кор меравад, ин аз он сабаб аст, ки сабадҳо ҳамчун зарфҳои гулгирӣ истифода мешуданд ва дар он миён зеботарини гулҳо намоишкорона ҷой карда мешуд.
Анвои сабадҳое низ бофта мешаванд,ки барои доштани моҳӣ ба кор мераванд ва онро сабадтӯр ё чач меноманд.
Хамчунин дар баъзе ҷойҳо истилоҳи «сабадчин» ба кор бурда мешавад. Маъмулан ангурро чида ба сабад ҷо мекунанд, ҳангоми ҷо кардан як қабат барги ток ва як қабат ангур мегузоранд, то ки ангур чанд рӯз солим нигоҳ дошта шавад. Сабадчин кардани ангур нозукиҳои хосси касбӣ дошт, ки на ҳамаро муяссар мешуд.
Ҳунари Сабадбофи ҳоло низ дар байни мардуми тоҷик роиҷ аст; агарчи кам аст, вале побарҷост. Ҳоло сабадбофҳо аз маҳсулоти мухталиф сабадҳои зинатии хурду калон мебофанд ва ҳамчунин ашиёи ороишие ба мисли табақ, табақча, коса, офтоба ва ғайра бофта, пешкаши мардум менамоянд.
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм) ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Диловар Солиев, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар