Дар Кӯлоб ва баъзе деҳоти Рашт дар паҳлуи чоши хирман кордеро (теғаш ба самти қибла) мегузоштанд, то ки он аз чашми бад ва таъсири манфии махлуқоти зиёнрасон муҳофизат намояд. Сипас, пирмарди табаррукеро, ки гузаштагонаш деҳқон будаанд,ба сари хирман даъват менамуданд. Муйсафед бо пойи таҳорат аз чош як мушт ғалларо гирифта, ба он сураеро аз Қуръон хонда медамид ва ба болои чош мепошид. Ин амалро «бастани камари чош» меномиданд. Баъди бастани камари чош ҳеч кас ба ғайр аз деҳқон ба ҳосил наздик намешуд.
Ҷараёни аз хирман ба халтаву лингаҳо бардоштани чош-ғаллаи дехқонон.Чошбардорон асосан дар охири тобистон ва аввали тирамоҳ, баъди ба анҷом расидани дарав ва хирманкубӣ барпо мешуд. Дар деҳоти Рашту Дарвоз деҳқон пеш аз бардоштани чош табақро аз гандум пур карда, се бор сураи «Ихлос» –ро мехонд ва табақро дар атрофи ғаллаи чош холӣ мекард.Дафъаи дуввум табақро пур карда ба имоми деҳа мефиристод, то ки барои файзу баракати хирман дар ҳақкаш дуо хонда, зиёну чашми бадро дур кунад.
Дар Кӯлоб ва баъзе деҳоти Рашт дар паҳлуи чоши хирман кордеро (теғаш ба самти қибла) мегузоштанд, то ки он аз чашми бад ва таъсири манфии махлуқоти зиёнрасон муҳофизат намояд. Сипас, пирмарди табаррукеро, ки гузаштагонаш деҳқон будаанд,ба сари хирман даъват менамуданд. Муйсафед бо пойи таҳорат аз чош як мушт ғалларо гирифта, ба он сураеро аз Қуръон хонда медамид ва ба болои чош мепошид. Ин амалро «бастани камари чош» меномиданд. Баъди бастани камари чош ҳеч кас ба ғайр аз деҳқон ба ҳосил наздик намешуд.
Дар рустои Ромит ва гирду атрофи он қабл аз ба халтаҳо бардоштани гандум яке аз кишоварзони куҳансоли ботаҷриба дуои зеринро қироат мекард:
«Омин, ба арвоҳи Бобои Деҳқон. Баракати суфраи Халил. Назаркунанда ҳазрати Хизр. Ҳафт пушти сахиро рахмат кунад. Ман хасе, пири ман касе. Ба муроду мақсад расе. Дафъи кулли бало. Худои таоло баракат дихад ба ин гандуми мо. Омин, Аллоху акбар».
Қабл аз гандумро ба ҷуволу халтаҳо бардоштан барои эшони деҳа ва имоми масчид «хақкуллох» (ҳаққи Аллох)-гуён як-ду ғалбер гандумро фиристода дуо мегирифтанд. Дар ин маврид кишоварзони Қаротегину Дарвоз гандуми «Хақкуллох»-ро ба эхтиёҷмандон ё муаллими мактаби деҳа медоданд. «Ҳаққуллох»-ро бо нияти ҳалол кардани хирмани гандум, ки говони ҷуфтӣ ҳангоми хирманкуби бо саргини худ «ҳаром» менамуданд, баҷо меоварданд. Барои ҳалол намудани хирмани гандум дар баъзе дехахо як – ду галбер гандумро шуста ба чош меомехтанд ва гуё бо ин рох тамоми гандуми хирманро халол мекарданд:
Якум барака аз Худо,
Дуввум барака ба ҳурмати Шамсу Камар.
Севум барака ба ҳурмати се ракъат Витри воҷиб,
Чаҳорум барака ба ҳурмати Чорёри босафо.
Дар Варзоб деҳқони серфарзанде табақ ё ғалберро пур аз гандум карда ба болои хирвори ғалла мепошид, сипас бо курчак гирду атрофи тупи ғалларо ҳамвору баробар карда ё худ « камари чошро баста», дуо мехонд. Дуои ў чунин буд: «Омин, барори кор, баракати суфраи Халил, назари Хўҷаи Хизр!»
Пири табарруке нахуст шуда як табақ гандумро ба халта мерехт ва баъд аз ў соҳиби махсулот ин корро идома медод. Дар соли оянда аввал гандуми халтаи табаррукро мекоштанд, сипас ғаллаи дигар халтаҳоро боваре ҳам буд, ки хангоми бардоштани чош табақро холӣ намегузоштанд, ки баракати чош мепарад. Ҳатман ба табақ як-ду мушт гандум меандохтанд ва баъди ба халтаҳо бардоштани чош онро низ холӣ мекарданд
Деҳқонони Қаротегину Дарвоз хангоми чошбаророн зиёфате ҳам ташкил мекарданд, ки онро саричошӣ меномиданд. Ҳозирини хўроки овардаи соҳиби хирманро хўрда, дар ҳаққи Бобои Дехқон дуо мехонданд ва сипас ба кор шурўъ менамуданд. Барои пурбаракат шудани чош ба болои тўпи ғалла пораи тарбуз, себи сурх ё пораи кулўхро мегузоштанд. Дар баъзе деҳаҳо барои чошбардорӣ шахси муайян хидмат мекард ва пас аз бардоштани чош деҳқон ба ў як табақ гандум медод.
Зебинисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар