Омўзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷии пешрафтаи дуру наздик нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар такмил додани дониш ва касб мебошад. Зеро китобхона дар ҳама давру замон ва таърихи ташаккули миллатҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа
Нуқракорӣ, нуқракӯбӣ, ҳунари аз нуқра сохтан ва ба нуқра зинат додани чизҳо, хотамкорӣ дар нуқра. Нуқра дар заргарии тоҷикон яке аз маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад.
Заргарони тоҷик аз замонҳои қадим дар баробари тилло аз нуқраи холис ё бо тилло омехта ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, тавқу овезаҳо месохтанд. Намунаҳои маснуоти нуқрагини қадимӣ дар байни маснуоти аз Хизонаи Омударё ва дигар ҳафриёти дар ҳудуди Осиёи Миёна ёфшуда пайдо гардидаанд, ки аз завқу санъати баланди заргарони тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.
Заргарони тоҷик ҳоло ҳам асосан аз нуқра маҳсулоти гуногуни заргарӣ ба монанди нуқракокул (овезаи нӯги гесӯ, ки бо нуқра оро
Устод Худоӣ Шарифзода, ки соли гузашта олами моро тарк гуфт, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи кишвар буд, ки бо асарҳои пажуҳишии худ дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёт шӯҳрати беназир дошт. Китоби “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI” силсилаи мақолаҳои солҳои гуногун таълифкардаи адабиётшиноси маъруфро дар бар гирифтааст ва он бори аввал соли 1970, вақте устоди донишманд ҳамагӣ 33 сол дошт, чоп шуда будааст. Баъди реҳлати муаллиф бо ҳидояти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода китоб дубора рӯи чопро дид.
Рисолаи мазкур аз муқаддима ва се боб иборат буда, ҳудудан 20 мақоларо дар бар гирифтааст. Дар боби “Мухтасаре аз таърихи