Фозил Солиевро мешиносед? Агар не, пас ин матлаб барои шумост, то бишносед

  

 Фозил Солиев дар ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ саҳми камназир, мақому мартабаи хос дошта, асарҳои ў ҳамчун намунаҳои ибрати хизмат ба халқу ватани хеш ва санъат абадан дар саҳифаи таърихи фарҳанги миллат сабт ёфтаанд. Сурудҳои  «Мепарварам» шеъри А.Шукўҳӣ, «Бихандад лола» шеъри устод Рўдакӣ, «Нигорам ояд»-и О.Лутфӣ, «Ин қадар зебо Душанбеи мо»-и Боқӣ Раҳимзода, «Хандаи лаъли лабат» Мирзо Турсунзода, «Боми ҷаҳон»  Муҳиддин Аминзода ва хусусан асари калонҳаҷми симфонии ў «Рапсодияи тоҷикӣ» ба ҷаззобӣ дилнишин ва фораму хушнаво офарида шудаанд ва дар зумраи асарҳои бисёр композиторони барҷастаи тоҷик тўли бештар аз шаш даҳсола тавассути радио ва телевизион садо медиҳанд ва то ҳанўз накҳату таровати аслиашонро гум накардаанд.

    Фозил Солиев яке аз нахустин композитори тоҷик мебошад, ки асарҳои мусиқии симфониро офаридааст.

   Шаҳраки хурди Чиноз, ки дар наздикии маркази Ўзбекистон – Тошканд ҷой дорад, макони ба дунё омадани ин оҳангсози номӣ мебошад. Писарбачаи кунҷков Фозилҷон дар ҳар як ҷое, ки садои дойраву карнайро мешунид, ба он ҷо ҳозир мешуд ва аз санъати ҳунармандони халқӣ ба монанди Мулло Тўйчӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва дигарон ба завқ меомад. Вақте ки ба хона бармегашт, бо  дутору овози нозуки худ сурудхонону навозандагонро тақлид мекард.

Ин кунҷковию муҳаббат ба мусиқӣ Фозили навҷавонро ба техникуми мусиқии шаҳри Хуҷанд меорад. Ў дар ин ҷо санъати ғижжакнавозиро аз худ намуда, баъд аз хатми техникум  ба Душанбе омада, дар оркестри театри мусиқӣ-драмавии тоҷик, ки баъдтар бо номи Абулқосим Лоҳутӣ машҳур мегардад, ба ҳайси навозанда ба кор шурўъ мекунад.

Бо вуҷуди дорои истеъдоди табиӣ будан Фозил Солиев хуб мефахмид, ки бояд онро сайқал дод, барои ин дониш, заминаи илмӣ, имкони васеи ошноӣ ба офаридаҳои камназири композиторони ҷаҳонӣ, равияҳои гуногун , услубу мактаб ва анъанаҳои композитории Шарқу Ғарб зарур буд. Бинобар ҳамин соли 1946 ба шўъбаи миллии Консерваторияи Москва дохил мегардад ва дар он ҷо маҳорати санъати оҳангсозии худро такмил медиҳад.

Дар солҳои ҷанг дар Душанбе аз бисёр шаҳрҳои Русия ҳунармандон зиндагӣ мекарданд, ки онҳо дар пешравии санъати мусиқии мо кўмаки калон мерасониданд. Яке аз асарҳои машҳури Ф.Солиев «Рапсодияи тоҷикӣ» мебошад, ки он соли 1946 эҷод шудааст. Ин асар бо маслиҳати ҳунармандону композиторони рус ба монанди С.Баласанян ва А.Ленский эҷод шудааст ва дар он хусусиятҳои нозуку ҳаматарафаи мусиқии симфонӣ ба назар гирифта шудааст. Аз ин ҷост, ки «Рапсодияи тоҷикӣ»-и Ф.Солиев дар барномаҳои консертии оркестрҳои симфонии Москва ва Тошканд дохил гардидааст.

 Фоил Солиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр суруду оҳангҳои худро ба қаҳрамонони сангарҳо бахшида буд (« Қалъаи оҳанин», «Марши тантанавӣ» ва ғ.) ва ҷанговарони тоҷик бо тараннуми ин суруду оҳангҳо ба дифои Ватан мерафтанд. Ў бо дастаи ҳунарии тоҷик ба сангарҳо рафта ҷанговаронро дилбардорӣ менамуд. Фозил Солиев бори аввал соли 1942 ба ҷабҳаи Волхов, бори дуввум бошад, соли 1943 ба ҷабҳаи дуввуми Украина сафар кардааст. Бояд хотиррасон намуд, ки дар ин сафар устодони маъруф Ғаффор Валаматзода, Азиза Азимова, Ашўра Носирова, Тўтӣ Ғаффорова, Авнер Муллоқандов, Шариф Бобокалонов, конферансеи маъруф М.Зиёев низ ҳамроҳ буданд.

 Фозил Солиев ба мусиқии  халқии  Бадахшон ҳусни тавваҷўҳ дошт, дар тамоми роҳи эҷодии худ ба омўхтан ва истифода намудани оҳангҳои бадахшонӣ  машғул буд. Ў борҳо ба Бадахшон сафар намуда, дар шароитҳои ногувору мушкил санъати нотакрору бои Бадахшонро аз сарчашмаҳои тозаи он меомўхт.

  Солҳои 1940-1941, вақте ки Тоҷикистон барои баргузор намудани Даҳаи нахустини адабиёт ва санъат дар шаҳри  Москва тайёрӣ медид, Фозил Солиевро ба Бадахшон даъват намуданд, то ки барои таъсиси Ансамбли нави тарона ва рақси Помир кўмак расонад.  Ин ансамбл дар Москва ва баъдан дар бисёр саҳнаҳои олам бо репертуари хеле нодир баромад карда, ба мардум назокати мусиқӣ ва ҳунари бадахшониҳоро нишон дод. Вале он замон, яъне соли 1940 зарур буд, ки барои ансамбли навтаъсис бо истифода аз фолклори бои мусиқии Бадахшон репертуари тоза пайдо кард.Ин заҳмати бузурги таърихӣ ва эҷодиро Фозил Солиев дар ҳамкорӣ бо Р.Узоқов (рубобнавози моҳир) иҷро намуданд. Онҳо аз миёни садҳо сурудҳои ширинадои мардуми Помир беҳтаринашонро интихоб намуда, баъдан онҳоро бо оркестр ва аъзои Ансамбл машқ намуданд.

 Соли 1941, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Москва Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон баргузор гардида бо ҳамин нахустин саҳифаи шиносоии мардуми шўравиро бо фарҳанги қадими мардуми тоҷик оғоз мекунад. Дар саҳнаи Театри Калони СССР садҳо ҳунармандони соҳиби истеъдоди фавқулода иштирок мекунанд, ки дар миёни он композитор ва дирежёри  ҷавон Фозил Солиев низ буд. Дар фарҷоми ин маъракаи бузурги фарҳангӣ ва сиёсӣ ба Фозил Солиев барои оҳангҳои аҷоиб ва барои хизматҳояш дар таъсиси Ансамбли тарона ва рақси Помир ордени «Нишони фахрӣ» супорида мешавад,ки он яке аз мукофотҳои олии Шўравӣ ба шумор мерафт.

 Гузаронидани 1100 солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абўабдулло Рўдакӣ барои композиторони тоҷик маъракаи масъулиятноке буд. Дар ин рўзҳо бисёр асарҳои Фозил Солиев дар барномаҳои ҷашнӣ дохил гашта буданд. Аз ҷумла асари калонҳаҷми «Оратория» ва чандин суруду романсҳои ў, хусусан суруди «Бихандад лола дар саҳро» дар иҷрои артисткаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Тўҳфа Фозилова хеле гуворо  буд ва маҳз тавассути парвози суруд байтҳои безаволи Рўдакӣ вирди забони ҳазорон мегардад.

 Фаъолияти пурбор ва мондагори эҷодии оҳангсоз дар театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ солҳои тўлонӣ, ки сарварии бахши мусиқии ин боргоҳи бузурги зебошиносию ҳунарофариниро ба ўҳда дошта, ба даҳҳо асарҳои саҳнавӣ мусиқӣ офаридааст. Кор бо оркестри театрӣ, меҳри беандоза ба санъати театр, ки солҳои ҷавонии оҳангсоз дар он ҷо гузаштааст, ба эҷодиёти ў таъсири калон расонд.Вай бо театри номбурда қариб 30 сол ҳамкорӣ кардааст. Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки ў барои 33 спектакл мусиқӣ эҷод намуд.

   Спектаклҳои «Шодмон»-и С.Улуғзода, «Шодиёна»-и Зокиров, «Хатои Қодиров»-и М.Раҳматуллоев ва З.Дўстматов, «Виҷдон», «Тўй»-и С.Ғанӣ, «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ «Тошбек ва Гулқурбон», «Бахти ман – бахти ту»-и М.Миршакар «Орзу»-и М.Назаров, «Дилҳои сӯзон»-и Ҷ.Икромӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Фозил Солиев дар болои ҳар як асари саҳнавӣ бо диққат кор мекард ва аз ин ҷост, ки мусиқии ў ҷузъи асосии спектакл ҳисоб меёфт.

 Фозил Солиев бо эҷодиёти мухталифжанру гуногунпаҳлўяш дар инкишофи мусиқии касбии тоҷик ҳиссаи босазо гузошт. 45-соли эҷодиёти ў роҳи оҳангсозест, ки аз коркарди мусиқиҳои халқӣ то офарандаи асарҳои калонҳаҷми симфонӣ тўл кашид ва ин зиндагие буд, ки мусиқии касбии моро бой намуд. Фозил Солиев дар оғози давраи навини инкишофи мусиқии муосири мо эҷод мекард,  ҳамаи орзуву умедҳояшро дар навоҳо ворид сохт. Ў Тоҷикистонро, шаҳри Душанберо, Бадахшонро ва умуман, назм ва зебоиро хеле дўст медошту онҳоро дар навоҳояш васф мекард.

     Давлату ҳукумати Тоҷикистон осору хидматҳои боризу мондагори оҳангсозро бо унвони фахрии Артисти халқии РСС Тоҷикистон, ду Ордени «Нишони фахрӣ», нишонҳои  «Барои меҳнати шоён», «Аълочии маданияти СССР» ва даҳҳо ифтихорномаҳо сарфароз  намудааст.

  Барои саҳми бузург, эҳё намудани арзишҳои мероси мусиқии мардумӣ ва тарғиби суннатҳои бадеии мардуми Бадахшон оҳангсозро ба шаҳрванди Ифтихорини ин минтақаи Тоҷикистон пазируфтанд.  Осори гаронмояи оҳангсоз, дирижёр, ходими намоёни ҷамъяиятӣ Фозил Солиев воқеан саҳифаи рангини тамаддуни тоҷик аст.

  Хонандагони мўҳтарам метавонанд сурудҳои машҳури композитори номӣ Фозил Солиевро аз фонди маводҳои муссаббати Шуъбаи адабиёт дои р ба фарҳанг ва ҳунар дархост намоянд.

Адабиётҳои истифода шуда.

  1. Низомов А. Фозил Солиев . – Душанбе, «Ирфон», 2004, 120 саҳ.
  2. Низомов А., Ф.Ўлмасов . – Аъзам Солиев, – Душанбе, 2003, 76 саҳ.
  3. Композиторы Таджикистана: Справочник. – Душанбе, Адиб, 1987. – 304 с.

Таҳияи Нигина Маҳмудова

Мутахассиси шуъбаи

адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар