Агар Зафар Нозим зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 80 медаромад. Сад ҳайфо, ки ин ҳунарманди нотакрор хеле бармаҳал ҷамъи моро тарк кард ва ва ҳазорон мухлисонашро дар суг нишонд. Ҳунарманде буд соҳибмактаб, донишманд ва дар интихоби таронаву оҳанг мумтоз. Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод! Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.
Зафар аз хурдӣ ба ҷодаи ҳунар по монда ва ҳамеша кўшиш доштааст, ки ба кўи мурод бирасад. Аз ин рў, шавқу рағбати ў ба санъати овозхонӣ пайваста меафзуд. Ва нахустин ҳунарварзӣ дар озмуни саросари ҷумҳурии Тоҷикистон (1957) аз истеъдоди ў гувоҳӣ дод. Баъдтар ба кохи