Андалеби кўҳсор
Агар Зафар Нозим зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 80 медаромад. Сад ҳайфо, ки ин ҳунарманди нотакрор хеле бармаҳал ҷамъи моро тарк кард ва ва ҳазорон мухлисонашро дар суг нишонд. Ҳунарманде буд соҳибмактаб, донишманд ва дар интихоби таронаву оҳанг мумтоз. Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод! Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.
Зафар аз хурдӣ ба ҷодаи ҳунар по монда ва ҳамеша кўшиш доштааст, ки ба кўи мурод бирасад. Аз ин рў, шавқу рағбати ў ба санъати овозхонӣ пайваста меафзуд. Ва нахустин ҳунарварзӣ дар озмуни саросари ҷумҳурии Тоҷикистон (1957) аз истеъдоди ў гувоҳӣ дод. Баъдтар ба кохи ҳунари ба номи устод Рўдакӣ даъваташ намуданд ва ҳудуди 35 сол барои мардуми шарифи Тоҷикистон хидмат намудааст.
Барномаи концертии устод Зафар Нозим ҳовии сурудҳои пурмазмун буда, ба дилҳо сурур мебахшад, рўҳро навозиш мекунад ва хотирро осуда месозад. Ба назари ман суруд ва оҳанги ў монанди байти Хоҷаи Шероз ба интихоб ниёз надорад, ҳама пурафсун, дилрабо ва шуниданӣ эҷод шудаанд. Аз таронаҳои мардумӣ гирифта то ба сурудҳои классикӣ хонданиҳое дорад, ки қалам дар тавсифи онҳо оҷиз мемонад.
Устод Зафар Нозимро берун аз доираи ҷумҳурӣ низ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ў дар радифи беҳтарин овозхонҳои Шарқ мақом дорад…
Ҳамчунин, ки Соиб фармудааст: «Рутбаи ишқ батадриҷ баландӣ гирад», ҳунар ва истеъдоди Устод Зафар Нозим низ батадриҷ баландӣ мегирад ва он аз оҳанге ба оҳанги дигар, аз суруде то ба суруди дигар такмил меёбар ва обрўву эътибораш боз афзун мегардад.
Фаъолияти эҷодии Зафар Нозим ҳанўз аз овони бачагӣ оғоз гардидааст ва сарояндаи ҷавонро ҳофизи халқии республика Акашариф Ҷўраев аз ҳамон давра ба Филармонияи давлатӣ даъват мекунад ва гўё бо ҳамин навбати тозаи ҳунармандиро ба ў ҳавола мекунад. Барои ҷавони соҳибистеъдод ва хушовоз Зафар Нозим падидаи мазкур воқеаи бахткушоянда гардид ва зиёда аз ҷиҳил сол ў дар ин даргоҳи муқаддас ҳунарварзӣ намудааст.
Чиҳил сол ва садҳо сурудҳо, чиҳил сол ва садҳо сафарҳои эҷодӣ, комёбиву унвонҳо, расидан ба қуллаи баланди ҳунармандӣ ва сазовор гаштан ба муҳабати мардуми Тоҷикистон.
Ҳар як суруди Зафар – як марвориди тозаи баҳри андешаву орзуҳо мебошад, зери тараннуми суруди «Эй сорбон»-и Зафар ҷавонон дунёи ниятҳояшонро тасавур мекарданд, хешро дар шоҳроҳи зиндагӣ пайдо мекарданд. Зафар Нозим чун оҳангсоз ва сароянда, чун роҳбари бадеии чандин дастаҳои ҳунарии филармония, чун устоди даҳҳо ҳунармандони соҳиблаёқат ба фарҳанги тоҷик, ба миллати тоҷик хизмати арзандаеро ба ҷо оварда аст. Таи солҳои 70 - 80 – ум Зафар Нозим дар ҳайати гурўҳҳои ҳунарии Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи дунё – Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Туркия, Ҳолландияву Австрия сафарҳои ҳунарӣ намуда, суруди нави Тоҷикистонро ба оламиён пешкаш намудааст. Аз ин хотир, пеши муаллифон ва хонандагони гиромӣ омурзиш мехоҳам.
Боз омадам бар кўйи ту, эй қиблайи умед,
Эй модаре, ки соҳати ҷонам саройи туст.
Боз омадам, ки буса занам бар мазори ту,
Эй модаре, ки ҷону дили ман фидойи туст…
Адабиётҳои истифодашуда:
“Суруди Зафар”. / Муҳаррирон. Тоҷинисои Азиз ва Ш. Бибигул. – Душанбе: Ирфон, 1994 сол. – 80 саҳ.
Дар ин китоб мақолаҳои мароқангезу ҷолиби рўзноманигорон, олимон ва ҳаводорони санъати овозхони мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим, ки тайи солҳои охир дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд, гирд оварда шудааст.
Ромишгари мумтоз. «Зиндагинома»-и Зафар Нозим ва маҷмўъаи сурудҳои дар нота сабтшуда. / Муҳаррир. Баҳодур Раҳматов. – Душанбе: Середакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик, 2000 сол. – 160 саҳ.
Китоб аз зиндагинома, шеърҳои ба Устод Зафар Нозим бахшида ва сурудҳои дар нота сабтшудаи ў фароҳам омадааст.
Таҳияи Бунафша Абдураҳимова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар