Activities calendar

09 июня 2020

Шарҳи байти дуюми нахустин ғазали Девони Бедил

Адабгоҳи муҳаббат нози шўхӣ барнамедорад,

Чу шабнам сарбамўҳри ашк меболад нигоҳон ҷо.

АДАБГОҲИ МУҲАББАТ – ин таркиб зоҳиран ифодагари маънии манзил ва ҷое, ки таълими ишқ намоянд, маҳсуб меёбад. Ба иртиботи маънии манзури шоир таъбире барои ифодаи моҳияти ишқ аст, ки дар тафсири ҳақиқати риёзат ва машаққат дар роҳи расидан ба муроди дил эҷод шудааст, яъне адабгоҳи муҳаббат он ҷост, ки дарси ишқ бихонанд ва таҳсили такмили худ бикунанд, то бирасанд ба мақоми инсони комил.  Ин ҷо ҳосили сухани шоир он аст, ки барои мактаби ишқ шӯхиву тафреҳу шодмонӣ мафоҳими бегонаанд ва андешаву гуфт

 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Франсуа Рабле (1494 –1553)

Дар адабиёти аҳли Эҳёи Фаронса Франсуа Рабле аз зумраи чеҳраҳои бузургтарини таҳайюли адабӣ буда, чун донандаи забонҳои атика, илмҳои дақиқ, табиби таҷрибадор ва ниҳоят чун адиби ҳаҷвнигор дар тамоми Европаи Ғарбӣ машҳур гардидааст. Рабле зиндагии аҷиб ва дар айни ҳол пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Ў соли 1494 таваллуд ёфта, дар 7 –солагӣ ўро волидайнаш ба мактаби роҳибӣ супориданд. Мактаби роҳибӣ қонунҳои қатъии худро дошт, аз ҷумла хонандаи ин мактаб ё роҳиби оянда ғайр аз китобҳои динӣ ҳуқуқи илмомўзӣ ва китобхонӣ надошт.

 

Фозил Солиевро мешиносед? Агар не, пас ин матлаб барои шумост, то бишносед

  Фозил Солиев дар ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ саҳми камназир, мақому мартабаи хос дошта, асарҳои ў ҳамчун намунаҳои ибрати хизмат ба халқу ватани хеш ва санъат абадан дар саҳифаи таърихи фарҳанги миллат сабт ёфтаанд. Сурудҳои  «Мепарварам» шеъри А.Шукўҳӣ, «Бихандад лола» шеъри устод Рўдакӣ, «Нигорам ояд»-и О.Лутфӣ, «Ин қадар зебо Душанбеи мо»-и Боқӣ Раҳимзода, «Хандаи лаъли лабат» Мирзо Турсунзода, «Боми ҷаҳон»  Муҳиддин Аминзода ва