Шарҳи байти дуюми нахустин ғазали Девони Бедил

Адабгоҳи муҳаббат нози шўхӣ барнамедорад,

Чу шабнам сарбамўҳри ашк меболад нигоҳон ҷо.

АДАБГОҲИ МУҲАББАТ – ин таркиб зоҳиран ифодагари маънии манзил ва ҷое, ки таълими ишқ намоянд, маҳсуб меёбад. Ба иртиботи маънии манзури шоир таъбире барои ифодаи моҳияти ишқ аст, ки дар тафсири ҳақиқати риёзат ва машаққат дар роҳи расидан ба муроди дил эҷод шудааст, яъне адабгоҳи муҳаббат он ҷост, ки дарси ишқ бихонанд ва таҳсили такмили худ бикунанд, то бирасанд ба мақоми инсони комил.  Ин ҷо ҳосили сухани шоир он аст, ки барои мактаби ишқ шӯхиву тафреҳу шодмонӣ мафоҳими бегонаанд ва андешаву гуфтори саҳлу сабукро ишқ созгор нест.

НОЗИ ШӮХӢ БАРДОШТАН -  таъбирест, ки аз таркиби «ноз бардоштан» берун омадааст. Ибораи мазкур дар фарҳанги мардумӣ низ маъруф аст ба маънии нози касеро бардоштан, яъне аз рӯи дӯстиву рафоқат ҳар чи аз ранҷу азият аз  дӯст бирасад,  бо худ қабул кардан ва таҳаммули ҳар чиз, ҳолат ва суханони нафари наздик. Дигар шаклҳои он низ ба сурати «нозбардорӣ касе набудан», «нозбардорӣкардан» ва ҳатто вожаи нозбардор ба чашм мерасад. Аммо вақте Бедил мегӯяд, ки нози шухӣ бардошта наметавонад, ибора вобаста ба маънии байт баёнгари саҳлу осон нагирифтани роҳи ишқ ва таълим дар адабгоҳи муҳаббат  ва монанди ин бошад. Яъне ранҷу риёзати муҳаббатро саҳл напиндоштан, зеро муҳаббат шӯхиро напазирад ва ин ҷо ранҷу азият аст ва набояд дар мактаби ишқ дарси азобу машаққат ва риёзату дардро  саҳл гирифт. Дар мактаби ишқбепарвоӣ ва саҳл шуморидани он шоиста намебошад. Зимнан ибораи “ шухи набардоштан” низ дар фарҳанги мардумӣ маъруф аст ва ҳатто мегуяд, ин кор шухиро намебардорад, яъне иҷрои он саҳлу содда нест.

САР БА МӮҲРИ АШК БОЛИДАНИ НИГОҲ – иштибоҳан мисраи дувуми ин байт, ки таркиби мазкур баргирифта аз он аст, дар бархе аз нусхаҳо ба шакли “сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ” он ҷо омадааст. Аз ин рӯ, лозим аст, нахуст ба шарҳи таркиби “сарбамуҳр” руҷўъ шавад:

Амри мусаллам аст, ки вақте ашк рўи мижгонҳо қарор бигирад, василаи пўшида гардидани он шавад, яъне ҳукми муҳреро бигирад, ки ба рўи чашм гузошта шудааст. Ба ифодаи дигар таъбири аслӣ сарбамуҳр аз ашк будани нигоҳ аст ва бо иқтизои матлаби шоир бояд як таркиби воҳид бошад. Ибораи “сар ба муҳр” дар луғот ба маънии “муҳркардашуда, муҳрдор” ва маҷозан пинҳону пўшида, ки дар мавриди сухани сарбамуҳр истифода шудааст.  Аз ин ҷо, вожаи муҳр дар шеъри форсӣ ба маънии ҳар чизи басташуда, пинҳон низ ба кор раванд. Ҳатто таркиби “муҳри даҳон” ба маънии рўза ва вожаи “муҳрдорон” ба маънии рўзадорон низ истифода шудааст.

Шайх Саъдӣфармудааст:

Сухани сар ба муҳри дўст ба дўст,

Ҳайф бошад ба тарҷумон гуфтан.

Ҳатто Шайх Саъдӣ ибораи меҳри сар ба муҳрро истифода кардааст, ки ба маънии муҳаббат ва иродати пинҳонӣ ба кор рафта:

Доғи пинҳонам намебинанду меҳри сарбамуҳр,

Он чӣ бар аҷзои зоҳир гуфтаанд, он гуфтаанд.

Дар ашъори Соиб ибораҳои рози сарбамуҳри адабӣ, “забони сарбамуҳри хомўшӣ”, “рози сарбамуҳр” корбаст шудааст:

Розе, ки сарбамуҳри адаб буд солҳо,

Охир зи косаи сари Мансур шуд баланд.

Забоне сарбамуҳри хомўшӣ чун ғунчаи пайкон,

Саре фориғ зи фикри будаву нобуда мехоҳам.

Синаи равшандилронро нест рози сарбамуҳр,

Номаи печида дар ҳангомаи машҳар куҷост?

Бар ин асос, нигоҳ аз ашк сарбамуҳр аст, яъне пинҳону пўшида аст. Бо такя бар ин ҳосили маънӣ он аст, ки нигоҳ бо пинҳон шудан дар зери ашк мисл шабнам изҳори масаррат ва шодмонӣ мекунад, яъне пинҳонӣ ё ба таъбири мардумӣ «даруни дил» хурсандӣ менамояд, ки ба адабгоҳи ишқ шараф ёфт ва ин ранҷу риёзат ўро насиб гардид. Шабнам ҳам дар асл зоҳиран ба як қатра ашк монанд аст, вале бо ҳамин қатрагӣ ва ҳаҷми андаки хеш дар пешорўи ҳузури офтоб меболад, аммо ин роз ва ин боландагии вай аз чашмҳо ниҳон мемонад.

Бедил ҷои дигар ба ин шакл истифода карда:

Мекушоям сарбармуҳри ашк тумори нигоҳ,

Нест беруни нигаҳ як ришта мавҷи гавҳарам. (ҷ.2. 470)

Ҳамин тавр, ин ҷо асли маънӣ баёнгари гиристан аст ва ба иртиботи маънии манзури шоир ранҷу машаққат ва дарди зиёд кашидани ошиқ дар адабгоҳи муҳаббат маҳсуб меёбад. Яъне адабгоҳи муҳаббат мақомест, ки он ҷо бояд дард кашид ва оғуштаи машаққату андӯҳ буд. Аз ин андӯҳ ва ашке, ки аз ранҷи ишқ нигоҳи ошиқ бурун меорад, он нигоҳ лаззат хоҳад бурд. Гиряи ошиқ дар роҳи висол барои нигоҳи ӯ мӯҷиби болидан аст. Болидани нигоҳ ба маънии ифтихор кардан, фахр намудан аст ва ин навъе корбурди парадокс ба мушоҳида мерасад, зеро нигоҳ ҳамон гоҳе “сарбамӯҳри ашк” меболад, ки аз ғами ишқ сӯзи дарунии ошиқро тавассути ашк бурун оваранд. Аммо вожаи болиданро шореҳи афғонистонии Бедил устод Муҳаммад Абдулҳамид Асир маъруф ба Қанди Оқо дар китоби худ “Калиди ирфон” ба маънии парвоз кардан, баланд рафтан шарҳ додааст ва албатта ин шояд ба он сабаб бошад, ки дар таркиби калимаи феълии мазкур вожаи «бол» мавҷуд аст ва дар форсии Афғонистон имкон дорад,ки ба ҳамин маънӣ роиҷ бошад. Чун ошиқонро аз ҳар ранҷу риёзати аз маъшуқи ҳақиқӣ расида, нишоти рӯҳӣ ва лаззате хос бошад, ба ин хотир дидаи ашкбори ошиқ мӯҷиби боландагиву тафохури вай аст, ки аз муҳаббати дӯст ин давлати безавол барояш насиб гардида. Ин матлабро Мирзо Бедил сареҳан ҷои дигар ишорат намуда, ки давлати ишқ ба ҳар кас насиб намешавад ва он илтифоте барои ошиқ аз сӯи  Офаридгор аст:

Ҳар дил набарад чошнӣ аз доғи муҳаббат

Ин оташи беранг насӯзад ҳама касро.

Ба як ҷумла ҳосили сухани шоир он аст, ки ҳузур дар мактаби ишқро набояд саҳлу содда гирифт ва ба қавли шоир ба ҳосили дарси он шухӣ кард, чун таҳсил дар ин адабгоҳе, ки роҳи инсон ба сӯи мақоми васл ва мартабаи инсони комил аст, риёзату ранҷ ва азиятро хостор аст. Ошиқи асил, ки дар ин мактаб таҷрибаву таҳсил дидааст, ҳамеша ин ранҷу риёзатро мояи шодмонӣ ва эҳтизози рӯҳи мешуморад ва аз он меболад, ки ин ифтихори ошиқ будан ва сабақ гирифтан дар мактаби ишқ бо ин ҳама ранҷу риёзат чун атияи илоҳӣ насибаш гардида.

Нуралӣ Нурзод

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук: ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ.

Бо матолиби ин саҳифа ин ҷо метавонед ошно шуд: ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ  

Ба ин матлаб ҳам таваҷҷуҳ кунед:

Шарҳи байти нахустини Девони Бедил

 

Барчаспҳо: