Кам донишмандоне дорем, ки масоили равониву гендериро бо забони содаву фаҳмо ва равону мантиқӣ шарҳ диҳанд. Марям Давлатоваро шояд бисёриҳо дар оинаи нилгун мебинанд, чун дар аксари шабакаҳои телевизионии кишвар бо барномаҳои ҷолибу дидани ҳузур меёбад ва дар атрофи масоили равонӣ, мушкилоти оиладорӣ, розҳои хушбахтӣ ва ғайра баҳс мекунад. Ӯ журналист аст, таҳлилгар аст, равоншинос аст, шоир аст...