Аз Тошхўҷа Асирӣ чӣ метавон хонд?

“Асирӣ марди қаландармиҷозу озодтабъ буд. Хушомадгӯӣ ва мудоҳанаро намедонист. Аз риёву нифоқ мутанаффир ва аз тамаъ борӣ буд. Бо вуҷуди соҳиби илму камол будан, мансабҳои илмиро қабул накард, ба сангиосиёбтарошӣ таъмини маишат менамуд. Ба адабиёти ҷадида моил ва ба хубиҳои услуби ҷадида қоил буд. Дар бораи мактаби ҷадида ба илтимоси фақир шеъре гуфта буд...”

Садриддин Айнӣ

Тошхўҷа Асирӣ валади Эшонхўҷа шоири маорифпарвари тоҷик соли 1864 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи сангтарош ба дунё омада, дар синни 16 солагӣ аз падар ятим мондааст. Асирӣ маълумоти ибтидоиро дар Хуҷанд гирифта, соли 1882 барои такмили дониш ба Хӯқанд меравад ва дар мадрасаи он ҷо таҳсили илмро давом медиҳад. Соли 1890 ба зодгоҳи худ баргашта, пешаи падарро идома медиҳад ва аз сангиосиётарошӣ таъмини маишат мекунад. Асирӣ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Хуқанд забони русиро омўхта, аз матбуоти даврии русию туркизабони Осиёи Миёна ва Қафқоз баҳравар шудааст. Ошноӣ бо матбуоти русӣ ҷаҳонбинии Асириро хеле васеъ намуд, ақидаҳои маорифпарварии ўро устувортар кард. Акнун вай ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ривоҷи илмҳои дунявӣ, тарақкиёти техникӣ, таълиму маориф ҷиддитар диққат медодагӣ шуд.

Асирӣ яке аз тарғибкунандагони илмҳои дунявӣ буд. Вай дар ин масъала илму техникаи русро мисол оварда, барои аз худ намудани илмҳои дунявӣ омўхтани забони русиро зарур шумурдааст. Бинобарон дар насиҳати фарзандаш гуфтааст:

Зи илму касби обо тўша андўз,
Дигар илму забони аср омўз.
Ҳамон илме, ки дунё созад обод,
Туро созад зи банди ҷаҳл озод.

Асирӣ як силсила ашъори ҳаҷвӣ дорад, ки муллоҳои ҷоҳил ва боёни ситампешаро беҳарос масхараю расвои олам кардааст. Асирӣ бо шоирони тоҷику узбек Айнӣ, Таҷаллӣ, Ҷавҳарӣ, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Хислат ва ғайраҳо алоқаи дустию эҷодӣ дошт. Шоир баъзе шеърҳои худро бевосита ба забони узбекӣ навиштааст. Ашъои Асирӣ ба тазкираю баёзҳои замонаш дохил шуда бошад ҳам, то Инқилоби Октябр ба таври алоҳида ба табъ нарсида буд. Ду маҷмўаи дастнависи шеърҳои Асирӣ дар китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст.

Асирӣ 3 марти соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашт.

Муаллиф: С. Амирқулов

Расм: Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд

Ин намуна аз эҷодиёти Асирӣ:

Одамият чист?  Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Аз сафо ойина бастан хонаи дилро мудом,
Аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.
Аз нитоқи ҳусни ҳиммат бар миён бастан камар,
Бар сар аз тарки ҳавоҷис зеби афсар доштан.
Хешро дар шоҳроҳи фақр афкандан ба хок,
Аз тариқи фоқа худро хор камтар доштан.
Қомати ҳастӣ ба дебои камол оростан,
Ҷомаи фазлу ҳунар пирояи бар доштан.

ХХХ   ХХХ   ХХХ

Бародарҳо, чу бар сар ҳуш доред,
Ба таърихи ниёгон баргуморед!
Ниёгони шумо машҳур буданд,
Ба касби ҳар ҳунар мақдур буданд.
Ба кори дунявӣ чолок буданд,
Ба роҳи азми худ бебок буданд.
Асарҳое, к-аз эшон ёдгор аст,
Биною буқъаи хайриштиҳор аст,
Ҳам бо тахту услуби худаш буд,
Ба ҳар аср ингуна бунёд мешуд,
Чу омад асри нав кӯшиш намоед,
Мутобиқ бар ҳамин ҳиммат намоед.
Кушода чашми худ бар илми дунё,
Бинокории нав созед эҳё.

Рубоиёт

Айёми бақо чу боди наврӯз гузашт,
Рӯзу шаби мо ба меҳнату сӯз гузашт.
То чашм ниҳодем, ба ҳам субҳ дамид,
То чашм кушодем зи ҳам, рӯз гузашт.

Дарсе, ки ҳақиқат аст, дар сина бувад,
Дарсина бувад ҳар он чӣ дар сина бувад.
Сад хона китоб хонӣ, судат накунад,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Тошхоҷа Асирӣ ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро барои мутолиа пайдо кунед:

Асирӣ, Т. Мунтахаби ашъор. – Сталинобод, 1960. – 88 с.
Асирӣ, Т. Саллаи панҷ карат бузург: Шеър / Тартибдиҳанда Т. Усмон // Ханда ва истеҳзо. – Душанбе, 1962. – С. 37-38.
Асирӣ, Т. Ба Тўрахоҷаи осиёдор; Эй бои соҳиби об; Ҳасуд ҷоҳил аст!: Шеърҳо / Тартибдиҳанда Т. Усмон // Ханда ва истеҳзо. – Душанбе, 1962. – С. 38-39.
Асирӣ, Т. Гулчин. – Ленинобод, 1964. – 50 с.
Асирӣ, Т. Ашъори мунтахаб. – Душанбе: Адиб, 1987. – 192 с.
Асирӣ, Т. Намак дар комҳо; Дар насиҳати фарзанд: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 53-54.
Асирӣ, Т. Аз чашми ман; Буд: Шеърҳо // Маориф ва маданият. –  1964. – 13 август.
Асирӣ, Т. Рубоиёт // Ҳақиқати Ленинобод. – 1964. – 15 август.
Асирӣ, Т. Одамият чист? // Ҳақиқати Ленинобод. – 1964. – 15 август.
Асирӣ, Т. Қасида дар бораи одам // Маориф ва маданият. – 1964. – 29 декабр.
Асирӣ, Т. Қасида // Ҳақиқати Ленинобод. – 1978. – 13 апрел.

Дар бораи Тошхўҷа Асирӣ

Асрорӣ, В. Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик: Дар бораи ҳаҷвиёти Т. Асирӣ «Саллаи панҷ карат бузург» // Халқ ва адабиёт. – Душанбе, 1968. – 145 с.
Хўҷаев, Ҷ. Асирӣ ва эҷодиёти ў. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2005. – 140 с.
Хоҷаев, Ҷ. Дар бораи шоир Тошхўҷаи Асирӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1957. – 29 сентябр.
Ҷалилов, Р. Шеъри навёфташудаи Т. Асирӣ: Мероси адабӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1963. – 16 ноябр.
Зафаров, М. Ёдбуди шоир Асирӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1964. – 26 январ.
Амонзода, С. Хотираҳо дар бораи Асирӣ // Маориф ва маданият. – 1964. – 13 август.
Болтабоев, М. Асирӣ ва Содирхон // Ҳақиқати Ленинобод. – 1964. – 15 август.
Умаров, О. Ба ёдбуди Тошхоҷа Асирӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1964. – 27 август.
Хоҷаев, А. Ду шеъри тозаёфти Тошхоҷа Асирӣ // Маориф ва маданият. – 1964. – 29 декабр.
Сабзаев, С. Суханвари Хуҷанд: Тошхоҷа Асирӣ, шоири охири асри XIX ва ибтидои асри XX // Роҳи ленинӣ. – 1986. – 18 октябр.
Асадуллоев, С. Хонаи ду карат таърихӣ: Ташкил шудани Хона-музеи шоир Т. Асирӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 5 декабр.

Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ