Пири шоирони муосири тоҷик ҳам даргузашт
Пири шоирони муосири тоҷик ҳам даргузашт
Ҳанӯз аз даргузашти Бозор Собир бист рӯз ҳам нагузашта устод Муъмин Қаноат-сартоҷи шоирони муосири кишвар дунёи фониро тарк гуфт. Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус, достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд.
Муъмин Қаноат 20 – уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ў баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1956 ба итмом мерасонад. Сипас фаъолияташро дар маҷаллаи «Садои Шарқ»оғоз мекунад.
Маҷмӯаи нахустини ашъори ў бо номи «Шарора» (соли 1960) ва дуюмаш «Ситораҳои замин» (соли 1963) ба табъ мерасанд ва сипас китобҳои дигари ў пайи ҳам рўйи чоп меоянд.
Минбаъд ў ба жанри достон рў меоварад ва достонҳои «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистонисми манн»,» Гаҳвари Сино», «Падар», «Ситораи Исмат» «Ҳамосаи дод» ва «Масъуднома» маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.
Соли 1977 Муъмин Қаноат барои достонҳои «Сурўши Сталинград» ва «Тоҷикистон исми ман»сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравӣ мегардад ва соли 1980 барои достони «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноил мегардад.
Достонҳои ў саршори андешаҳои фалсафӣ буда, дар онҳо рўҳи баланди ватандўстӣ, инсонпарварӣ дўстии байни миллатҳо ситоиш ёфтаанд. Намунаи осор ва китобҳои алоҳидаи ў борҳо ба забонҳои русӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ўзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ ва дигар забонҳои олам тарҷума ва чоп шудааст ва ў низ асарҳои суханварони бузурги дунё, аз ҷумла Пушкин, Шекспир, Митскевич, Маяковский, Марссинкяевичус ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардон кардаааст .
Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ў боз дар вазифаҳои масъул кор карда, барои рушди илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1968 ў муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Пажўҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонросарварӣ кард.
Тайи солҳои 1996-2000 ў муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абўабдулло Рўдакӣ буд.
Ў узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Барои рушди адабиёт ў бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо қадр карда шудааст ва соли 1991 вай ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ноил мегардад.
Ин шеър аз устод Муъмин Қаноат аст, ки меорем:
МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ
Ба ёди мӯи шабранги ту
Шабро то саҳар бурдам,
Нанолидам,
Агарчи умри булбулро ба сар бурдам.
Сарам дар бистари қу
Гӯӣ дар гирдоб меғӯтид,
Нигоҳам то саҳар дар шӯълаи маҳтоб меғӯтид,
Ки шояд дар лаби дарё
Туро ёбам тани танҳо,
Бигӯям бо лаби хомӯш дар гӯшат
Диламро - достонамро,
Супорам дар таҳи боли ту ҷонамро…
Чӣ лутф аст ин,
Ки ногаҳ омадӣ дар хоби ширинам,
Нишастӣ дар барам, болид болинам,
Сафедӣ ёфтӣ дар мӯи мушкинам.
Туро чун тифл бӯидам,
Туро чун тифл бӯсидам.
Ту хандидӣ,
Зи лабхандат саҳар омад,
Парӣ гаштӣ,
Паридӣ, аз сарам рафтӣ,
Ба мисли хоб аз чашми тарам рафтӣ.
Зи ҷо ҷастам,
Ки аз пуштат кунам парвоз,
Барорам бо фалак овоз,
Зи худ растам,
Вале дидам;
Маро дар пой занҷир аст,
Садо бархост аз занҷири тиллоӣ:
Магар овози занҷир аст,
Ё овози тақдир аст?..
Бирафтӣ, монд афсона,
Ҳамон болин, ҳамон хона;
Тую шабҳои маҳтобӣ,
Ману шабҳои бехобӣ…
Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз осори ин адиби маъруф ва дар бораи ӯ метавонанд ин асарҳо ва мақолаҳоро бихонанд:
Аз осори устод
Қаноат, М. Осори мунтахаб : Шеърҳо / Ду ҷилд. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 192 с.
Қаноат, М. Шарора: Маҷмўаи шеърҳо. – Сталинобод: Нашрдтавточик, 1960. – 130 с.
Қаноатов, М. Ситораи замин: Маҷмўаи шеърҳо . – Душанбе: Нашрдтавточик, 1963. – 94 с.
Қаноат, М. Мавҷҳои Днепр: Достон ва шеърҳо . – Душанбе: Ирфон, 1964. – 68 с.
Қаноат, М. Достони оташ: Достон / Муҳарир Л.Шералӣ. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 80 с.
Қаноат, М. Корвони нур: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 142 с.
Қаноат, М. Суриши Сталинград, Тоҷикистон исми ман: Достонҳо. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 80с.
Қаноат, М. Китоби захмин: Маҷмўаи достон ва шеърҳо / Барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1983. – 128 с.
Қаноат, М. Гаҳвораи Сино: Достон. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 230 с.
Қаноат,М. Оташи ишқ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 79 с.
Қаноат, М. Китоби захмин: Маҷмўаи достон ва шеърҳо / Барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1983. – 128 с.
Қаноат, М. Оташи ишқ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 79 с.
Қаноат, М. Модари шарқ: шеър // Занони тоҷикистон.– 1956. – №12. – С.1.
Қаноат, М. Хокбориш: Шеър // Шарқи сурх. – 1956. – №8. – С. 44-47.
Қаноат, М. Асри атом: Шеър // Шарқи сурх . –1957 . – №11. – С.10-11.
Қаноат, М. Ленин аз мост: Шеър // Шарқи сурх. – 1957. – №4. – С. 100-101.
Қаноат, М.Садди ногузар: Шеър // Шарқи сурх. – 1957. – №11. – С.11.
Қаноат, М. Оташи ғазаб: Шеър // Шарқи сурх. – 1958. – № 9. – С.144.
Қаноат, М. Тимсоли наҷотбахшӣ: Шеър // Шарқи сурх. –1958. – №2. – С.14-15.
Қаноат, М. Башорати субҳ: Шеър // Шарқи сурх. –1959. – №12. – С.4.
Қаноат, М. Обаки шўх: Шеър // Шарқи сурх. – 1959. – №12. – С.4.
Қаноат, М. Олиҳаи фатҳу наҷот: Очерк // Занони Тоҷикистон . – 1959. – №2. –С.1.
Қаноат, М. Дўстам: Шеър // Маориф ва маданият. – 1962. – 9 октябр.
Қаноат, М. Ҷавонии ҷаҳон: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 7 ноябр.
Қаноат,М. Ханда кун эй осмон !: Шеър // Маориф ва маданият. – 1964. – 17 ноябр.
Қаноат, М. Китоби инқилоби рус: Шеър // Тоҷикистони советӣ . – 1965. – 6 ноябр.
Қаноат, М. Гули бодом; Қатли Восеъ; Давоми нек роҳатро: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1966 . – № 7. – С. 3-8.
Қаноат, М. Достони оташ: Достон // Садои Шарқ. – 1966. – № 10. – С. 3-12, №11. – С.14-31.
Қаноат, М. Мактаби Пушкин: Ба муносибати 175 солагии А. С. Пушкин // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 6 июн.
Қаноат, М.Сарчашмаи ҳаёт: Нақл аз ҳаёти хушбахти занони тоҷик ба муносибати Соли байналхалқии занон // Тоҷикистони советӣ. – 1975. –19 октябр.
Қаноат, М. Сухан аз ў бақодор аст: Шеър ба Боқи Раҳимзода // Хорпуштак. – 1980. – №6. – С. 6.
Қаноат, М. Баҳори хуррам: Мақола бахшида ба иди Наврўз // Маориф ва маданият. – 1980. – 22 март.
Қаноат, М. Суханро вазну тамкини замин бояд: Андешаҳои шоир дар бораи устод М. Турсунзода // Тоҷикистони советӣ. - 1982. – 5 декабр
Қаноат, М. Шаҳри дилам: Шеър // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1983. – 29 сентябр.
Қаноат, М. Замин: Порча аз достони «Суруши Сталинград» // Агитатори тоҷикистон. – 1985. – №9. – С.8-9.
Қаноат, М. Сарвари даврони мо: Шеър // Шўҳрати Ашт. – 1987. – 25 июн.
Қаноат, М. Парандаҳои навбаҳор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 17 сентябр.
Қаноат, М. Сарвари шоир: Ба пешвози 100 солагии зодрўзи А. Лоҳутӣ // Агитатори Тоҷикистон. – 1987. – №8. – С.8-10.
Қаноат, М. Масъуднома: Асар дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд // Садои Шарқ . – 2007. – №3. – С.11.
Қаноат, М. Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ; Лафзи модар: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 16 июл.
Қаноат, М. Барои ҳурмати мўи сафедаш: Шеър ба устод М.Турсунзода // Тоҷикистон. – 2011. – 6 октябр.
Дар бораи Муъмин Қаноат
Табаров, С. Парвоз ба сўи назми олӣ: Дар бораи эҷодиёти М. Қаноат // Табаров,С. Ҳаёт, адабиёт, реализм. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 290-297.
Лоиқ. Шеъри нав: Шеър ба Мўъмин Қаноат // Шасти инқилоб. – Душанбе : Ирфон, 1977. – С.85 -86.
Мусулмонқулов, Р. Шоири навовар: Мўъмин Қаноат // Мусулмонқулов, Р. Фурўғи шеъри ҷонпарвар . – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 153 -157.
Акбаров, Ю. Шоири дилбин ва ҳолатнигор : М. Қаноат // Акбаров,Ю.
Назрӣ,Р. Меҳрнома: Шеър ба устод Мўъмин Қаноат // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 17 май.
Қувват, Ҷ. Парвози Мўъмин Қаноат ба сўи назми олӣ: Ба ифтихори 70 -солагии ҷашни шоир // Ҷумҳурият. – 2002. – 20 июн.
Қувват, Ҷ. Чобуксабори майдони сухан: Шоири халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат // Садои мардум. – 2002. – 20 июл.
Аюбӣ, С. Нест мўъминтар зи шоир мўъмине: Ба ифтихори 70 солагии устод Мўъмин Қаноат // Садои мардум. – 2002. – 15 август.
Акбарзода, Ю. Шеъри Мўъмин Қаноат аз дидгоҳи Лоиқ Шералӣ: Ба ифтихори 70 солагии устод Мўъмин Қаноат // Садои мардум . – 2002. – 15 август.
Таҳияи Парвина Қаюмова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ