Ӯро аксари мардум, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, Ленини тоҷик меномиданд. Чун аз муваффақтарин ҳунармандони кишвар буд, ки образи Владимир Ленинро бо маҳорати хоса бозид. Дар эҷодиёти вай ҳам лениннома нақши бузург дорад. Ҳунараш дар офариниши нақши доҳӣ ба ҳадде писанд омад, ки шоситаи унвони Артисти халқии СССР шуд.
Бурҳонов Аслиддин Бадриддинович актёри театр ва режиссёри тоҷик 8 январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Ў соли 1965 Артисти Халқии СССР, Актёри театрҳои Бухоро ва Ғиждувон (солҳои 1931-1933) буд.
Аз декабри соли 1933 актёри Театри давлатии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Солҳои 1971-1975 дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон аз маҳорати актёрӣ дарс додааст. Бурҳонов як силсила образҳои фаромўшнашавандаро офарид: Ризо («Мубориза»- и А. Усмонов, 1934), Ҳайдар («Водии бахт»-и Ғ. Абдулло, 1936), Хушвақт («Тўҳмати С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938»), Салим, Сафар («Калтакдорони сурх, 1941»), Қории Ишкамба («Қори Ишкамба»)- и М. Қосимов ва ғайраҳо.
Дар эҷодиёти Бурҳонов шахсияти наҷиб ва ҳисси худшиносии инсон мавқеи муайян дошта, дар кушодани олами маънавии ходимони бузурги адабиёт равшан зоҳир гаштааст: Навоӣ («Алишери Навоӣ»- и А. Уғун ва И. Султон, 1949), Рўдакӣ («Рўдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958). Ба эҷодиёти ў асоси фидокорӣ ва шавқу завқи беандоза хос буда, бештар рангу бори тоза ва эҳтиросоти амиқро меҷўяд, пайваста, характерҳои зинда ва мукаммал меофарад.
Фаъолияти режиссёрии Бурҳонов низ доманадор буда, бештар мазҳакаҳоро таҳия намудааст: «Тўй» - и С. Ғанӣ, «Гавҳари шабчароғ»- и С. Улуғзода, «Мурдаҳо»-и Ҷ. Муҳаммадқулзода. Вай дар санъати режиссёрӣ саҳнаҳои серамалиёт ва ҳалли тезу тунди воқеаро меписандад.
Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ (1970). Бо орденҳои Ленин, Дўстии Халқҳо, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ў 29 декабри соли 1997 дар синни 82-солагӣ вафот кардаст.
Аз Аслӣ Бурҳонов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Бурҳонов, А. Офарида шудани образ // Шарқи Сурх. – 1956. – № 1. – С. 80-81.
Бурҳонов, А. Хушбахтии Актёр: Бурҳонов дар роли Ленин // Тоҷикистон. – 1957. –№ 11. – С. 12.
Нурҷонов, Н. Аслӣ Бурҳонов: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Душанбе: Ирфон. – 1982. – 193 с.
Дар бораи ба Бурҳонов. Ба А.Бурҳонов додани номи фахрии Артисти Халқии СССР, Укази Президиуми Совети Олии СССР 15 майи соли 1965 // Тоҷикистони Советӣ. – 1965. – 16 май.
Нурҷонов, Н. Маҳорати бузург: 50-солагии Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов // Садои Шарқ. – 1965. – № 7. – С. 53-61.
Сабоҳӣ, Ҳ. Ленинномаи санъат: Дар бораи иҷрокунандаи нақши Ленин, Артисти Халқии СССР Аслӣ Бурҳонов // Маориф ва маданият. – 1977. – 7 ноябр.
Табарӣ, М. Марди ҳунар: Ба 100-солагии Ҳунарпешаи Халқии СССР Аслӣ Бурҳонов // Адабиёт ва санъат. – 2015 . – 22 январ.
Ризо, А. Ў дар саргоҳи театри миллӣ буд: Оиди фаъолияти Артисти Халқии СССР, шодравон Аслӣ Бурҳонов // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 10 ноябр.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ