Субҳи рӯзи 19-уми майи соли равон дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои дохилаи кишвар генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард», курсантони Академияи Вазорати корҳои дохила ва ҷавонони фаъоли кишвар вохӯрӣ доир намуд. Маврид ба тазаккур аст, ки ин вохӯрӣ дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо
Банда дар бораи устод Лоиқ мақолаҳои алоҳидаи бисёр навиштаам, дар ҳамаи мақолаҳоям, ки дар бораи шеъри муосири тоҷик мебошанд, бештар аз ҳама дар бораи эҷодиёти ӯ сухан рондаам ва ҳамчунин дар тадқиқоти илмие, ки зери унвони “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ)” анҷом додаам ва нусхаи тоҷикии он дар ҷилди 3-уми ҳафтҷилдаи “Маҷмӯаи осор”-и банда ва русиаш бо номи “Видовые особенности лирической поэзии (на материале таджикской лирической поэзии второй половины ХХ века) ба чоп расидааст, дар ҳар панҷ боби он бештар аз ҳама ашъори ӯро мавриди таҳқиқ қарор додаам. Аммо ҳоло ба муносибати зодрӯзи устод Лоиқ муносиб донистам, ки як
Николай Заболотскийро барои он мехоҳем ёд кунем, ки шефтаи назми форсӣ-тоҷикӣ буд. Ва осори Масъуди Саъди Салмон, Аҳмади Дониш ва Сайидои Насафиро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонида буд.
Заболотский Николай Алексеевич 7 майи соли 1903 дар шаҳри Қазони Русия ба дунё омадааст. Соли 1925 Институти давлатии педагогии Ленинградро хатм кардааст. Заболотский Н. А. муаллифи маҷмўаҳои ашъори «Сутунҳо» 1929, Китоби дуюм «Шерҳо» 1948-1958 мебошад.
Заболотский на танҳо шоири тавоно, балки мутарҷими бомаҳорат низ мебошад. Вай беҳтарин намунаҳои адабиёти халқҳои СССР ва хориҷиро бағоят ҳунармандона ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Шоир, тарҷумон, нависанда, публистист...Оре, Бобо Ҳоҷӣ адиби ҳамакора буд. Очерку публистистика ҳам менавишту шеъру ғазалу тарона ҳам. Ва дӯст медошт барои бачаҳо зиёд нависад. Аз зумраи адибони муваффақи кӯдакнавис ҳам буд. Шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам гуфтааст, адибони машҳурро тарҷума ҳам кардааст.
Бобо Ҳоҷӣ шоири тоҷик 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рўзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор
Аз даргузашти олими маъруф, нависандаи шинохта ва пажуҳишгари пуркор Атахон Сайфуллоев бештар аз як сол гузашт. Ва агар зинда мебуд, ин шабу рӯз ба 85 қадам мегузошт. Атахон Сайфуллоев аз ҷумла олимони машҳури кишвар буд ва ҳарчан муддате сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд.
Атахон Сайфуллоев 1 – уми майи соли 1933 дар шаҳри
...Имрӯз 20 май, зодрӯзи хуҷастаи устод Лоиқ аст. Ҳамчунон рӯзи милоди устод Қаноат, ки 69-мин урдибиҳиштро дар меҳистони Лондон дуруд мегӯянд. Баъди субҳона ман огоҳ шудам, ки калиди утоқро гум кардаам, аммо, мутаассифона, забони инглисиро намедонистам, ки ба ҷустуҷӯ бароям. Пеши оқои Қазва рафтам:
- Алиризо, ба ман кумак кунед, калидам гум шуд.
Қазваи меҳрубон бо устод Қаноат чандин ошёнаро сар мезананд ва бебарор бо навбатдори ҳутал меоянд, ки дарамро боз кунад. Ҳикояте аз Аттор ба ёдам меояд, ки касе дар ҷустуҷӯи калид мегашт ва ориферо аз ин кори ӯ аҷаб омад, ки гуфт:
Ин бонуи донишманду кордон аз зумраи он китобдоронест, ки беш аз 38 соли ҳаёти бобаракати хешро баҳри рушду нумўи соҳаи китобдорӣ сарф намуда бо сипосномаву ифтихорномаҳои зиёд сарфароз гардидааст. Дорандаи нишони алочии фарҳанг мебошад. Соҳиби се фарзанд ва чор набера мебошад.
Соли 1987 шуъбаи ғоибонаи донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон бо номи Мирзо Турсунзодаро